16:53:18 09-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

ФАРХОР: «САРБОЗИ ХУДКУШТА НАМЕХОСТ БА МАҲАЛЛИ ХИДМАТ БАРГАРДАД»

Пайвандони сарбозе, ки пас аз ҳудуди се ҳафтаи хидмат дар шаҳристони Фархор худкушӣ карда, мегӯянд, ки ӯ намехост ба маҳалли хидмати худ бозгардад. Аҳлиддин Авазов, ки дар яке аз ягонҳои (қисми) низомии артиши Тоҷикистон дар шаҳристони Рӯдакӣ, дар ҳумаи ҷануби шаҳри Душанбе, ба хидмати сарбозӣ шурӯъ карда буд, се рӯз пеш, пас аз бозгашт ба манзил худро ба дор овехтааст.

/images/stories/2012/05/18_tajiksoldier_18-5-12.jpgБа гуфтаи иддае аз афроди наздик ба хонаводаи Авазов, масъулони кумисериёи низомии маҳаллӣ ӯро дар ҷараёни як доругир ё "облава" чанде пеш ба артиш бурда буданд ва ӯ танҳо ҳудуди 20 рӯз хидмати сарбозиро анҷом додааст. ҳлиддин Авазов рӯзи 12 майи соли ҷорӣ барои "мураххасӣ" ба назди хонаводааш дар шаҳристони Фархор баргашта, аммо бо гузашти се рӯз, яъне 15 май, худро ба дор овехтааст.

Падари Аҳлиддин ҳоло дар Русия муҳоҷири корӣ ва модараш гирифтори бемории қанд будааст. анобеъи Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса ҳануз ибрози назаре накардаанд. Аммо Маҳмудҷон Раҳматов, як сокини дигари шаҳристони Фархор, ки бо ин ҷавони навсарбоз ошноии наздик доштааст, мегӯяд: "Аҳлиддин дар сӯҳбатҳояш бо ман мегуфт, ки бемории фатқ (грижа) доштааст. Ҳамчунин, ӯ ба ман гуфт, ки вайро маҷбуран "облава" карда ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд. Ва ӯ дигар намехоҳад ба қисми (ягони) низомӣ баргардад."

Аммо оқои Раҳматов мегӯяд, ки дар бораи мавриди шиканҷа ё озор қарор гирифтани Аваз дар артиш иттилоъе надорад. Зимнан, як сарбози дигари Вазорати дифоъи Тоҷикистон низ пас аз шаш моҳи хидмати низомӣ ва гирифтани мураххасии даҳрӯза ҳамакнун ду моҳ аст, ки нопадид шудааст. Маҳалли будубоши кунунии Эраҷи Тешабой, сокини 20-солаи деҳистони Чагами ноҳияи Шӯрообод, ки аз моҳи октябри соли 2011 дар яке аз ягонҳои низомии шаҳри Душанбе адои хидмат мекард, ҳоло маълум нест.

Тешабой Мазарифов, падари Эраҷ, мегӯяд, ки писараш пас аз шаш моҳи хидмати низомӣ дар таърихи 17-18 марти соли 2012 ба хонааш ба ноҳияи Шӯрообод баргашта ва гуфтааст, ки ӯро барои даҳ рӯз мураххас кардаанд. Вай афзуд: "Баъди чанд рӯз ба Эраҷ аз қисми ҳарбиаш занг зада, гуфтанд, ки субҳи 26 март фавран дар қисми ҳарбӣ ҳозир шавад. Рӯзи 25 март Эраҷ озими шаҳри Душанбе гашта, дар маҳаллаи 46-уми пойтахт дар хонаи хоҳари бузургаш шабро мегузаронад."

"Субҳи 26 март соъати шаш барои ба қисми низомӣ рафтан аз хонаи хоҳараш мебарояд. Хоҳари бузургаш 5 сомонӣ ба ӯ роҳкиро медиҳад. Аз ҳамон соъат то имрӯз касе аз шиносон ва хешовандонамон ӯро надидаанд."

Оқои Мазарифов мегӯяд, ки барои пайдо кардани фарзандаш ба ягони низомие, ки дар он ҷо хидмат мекард, номае ирсол кардааст. Аммо ба гуфтаи вай, аз ягони низомӣ ба таври шифоҳӣ ба ӯ ҷавоб додаанд: "Дар қисми ҳарбӣ ба ман гуфтанд, ки чун ҳодисаи гум шудани писаратон дар замони рухсатиаш рух додааст, қисми (ягони) низомӣ дар ин ҳодиса масъул нест."

Баҳодур Алиев, фармондеҳи ин ягони низомӣ, мегӯяд: "Мувофиқи қонун, чун сарбоз то нимрӯзии 26 март ба қисми низомӣ ҳозир нашуд, мо тамоми мақомоти зидахли бозрасиро огоҳ кардем."

Оқои Алиев эҳтимоли аз хидмати низомӣ фирор кардани Эраҷро баъид медонад. Вай мегӯяд: "Сарбоз Эраҷи Тешабой аз шароити хидмат розӣ будю Ҳатто борҳо изҳор дошта буд, ки орзуи таҳсил дар донишкадаҳои низомиро дорад. Ҳангоми дар рухсатӣ буданаш, шоми 25 март занг зада гуфта буд, ки пагоҳ дар қисми (ягони) низомӣ ҳозир мешавад. Агар вай нияти гурехтану пинҳон шудан медошт, занг зада чунин намегуфт."

Ҳангоме ки Эраҷи Тешабойро ба хидмати низомӣ фаро хонда буданд, падараш дар Русия машғули корҳои мавсимӣ будааст. Падараш мегӯяд: "Эраҷ аз рӯзи таваллуд гирифтори бемории қалб буд. Ман ҳеҷ фаҳмида наметавонам, ки чи гуна писарамро дар муъоянаи тиббии пеш аз бурдан ба артиш солим дарёфтаанд. Ҳол он ки ин беморӣ солҳост, ки писарамро азият медод."

Гузашта аз ин, ба гуфтаи оқои Мазарифов, қонуни даъват ба хидмати низомӣ дар қиболи фарзанди ӯ нақз шудааст: "Ба ҷойи он ки ба хона даъватнома фиристанд, писари маро аз шаҳри Душанбе аз тариқи облава (доругир) иҷборан ба артиш бурдаанд."

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз волидон мегӯянд, ки дар артиши Тоҷикистон танҳо ҷавонон аз хонаводаҳои камбизоъат ва нодор хидмати сарбозиро анҷом медиҳанд. Бархе аз падарони сарбозон мепурсанд дар ҳоле ки қонун барои ҳамагон баробар ст, чаро фарзандони вазирон ва ҳатто раисҳои маҳаллии шаҳристонҳо (навоҳӣ) дар ба хидмати сарбозӣ ҷалб намешаванд?
Орзуи Ҳамид, Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi