16:14:13 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

ПАРВАНДАИ ПИСАРИ РАИСИ ҲНИТ БА ДОДСИТОНӢ РАФТ

Пулис тафтиши парвандаи Муҳаммади Тиллозода, писари раиси ҲНИТ-ро анҷом дода ва онро ба додситонии Ваҳдат фиристодааст.

/images/stories/2012/06/02_pisari-m.kabiri-2612.jpgБузургмеҳри Равшан, вакили мудофеи писари Муҳиддин Кабирӣ ба мо гуфт, ки бо хулосаи таҳқиқи муфаттишон ошно шудааст, ки тибқи он сабаби рух додани ин садама - бепарвоӣ ва саҳлангории ронанда Муҳаммади Тиллозода буда, ҷурми ӯ дар ҳадди миёна арзёбӣ шудааст. Ба қавли вакили мудофеъ, ҷиноятҳо тибқи Кодекси кайфарии Тоҷикистон ба се бахш -- ҷинояти вазнин, миёна ва аз ҳама вазнин тақсимбандӣ мешаванд, ки амали Муҳаммади Тиллозода дар ҳади миёна мансуб мешавад.

Муҳаммади Тиллозода ҳангоми ҳаракат вақте писарбачаи 12- соларо мебинад, ки қасди аз роҳ гузаштанро дорад, сигнали мошинро баланд мекунад, вале вай ба ин аҳамият намедиҳад. Вакили мудофеи Бузургмеҳри Равшан мегӯяд, тафтишот нишон додааст, ки ҳангоми вуқӯи ҳодиса суръати мошини Муҳаммади Тилозода 42 километр дар соат, яъне  камтар аз нишондоди суръате мебошад, ки дар ин ҷода таъйин шудааст. Суръати ҳаракат дар ин ҷода 60 километр дар соат аст иҷоза дода шудааст.

Ба ҳар сурат, барои ин амал қонуни ҷиноии Тоҷикистон то се соли маҳрумият аз озодӣ нишон додааст, вале ба қавли Бузургмеҳри Равшан, азбаски волидони Муҳиддин Ортиқов аз додситонӣ дархост кардаанд, ки даъвое дар нисбати Муҳаммади Тиллозода надоранд ва аризаи худро ба ин мазмун пешниҳод кардаанд, аз ин рӯ парвандаи мазкур бояд қатъ карда шавад. Аммо додситонии ноҳияи Ваҳдат ҳанӯз мавқеи худро дар мавриди парвандаи мазкур шарҳ надодааст.

Хотиррасон мекунем, ки писари 21-солаи раиси ҲНИТ, рӯзи 3-юми май бо мошини тамғаи "Тайота Кемрӣ" дар канори деҳаи Андигони ноҳияи Ваҳдат Муҳиддин Ортиқов, сокини 12-солаи деҳаи мазкурро сахт маҷрӯҳ кард, ки ахирӣ дертар дар бемористон фавтидааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi