16:21:58 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КУМИТАИ ДИН: "ҶАРИМАБАНДӢ БАРОИ ТАРТИБУ НИЗОМ АСТ"

Ҷаримаҳое, ки барои таблиғ, омӯзиш ва робита бо созмонҳои динии хориҷӣ ҷорӣ шуд, иддаеро ба ташвиш овардааст.

/images/stories/2012/06/10_kumitai-din989889.jpgАхиран порлумони Тоҷикистон ба қонуни "Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ" ислоҳот ворид ва барои риоя накардани қоидаи гирифтани маълумоти олии динӣ дар хориҷ аз кишвар то 4 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар намуд. Шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо дар сурати хатми Донишгоҳи исломии кишвар ва бо дарёфти иҷозаи хаттии вазорати маориф ва Кумитаи дин ҳаққи омӯзиш дар мадрасаҳои динии хориҷиро ба даст хоҳанд овард.

Бар пояи ин ислоҳот, ҳамчунин созмонҳои динӣ бидуни иҷозаи мақомоти давлатӣ наметавонанд бо созмонҳои динии хориҷӣ робита барқарор кунанд. Дар ғайри сурат, онҳо ба пардохти аз 1 200 то 1 600 сомонӣ муваззаф хоҳанд шуд. Барои чорабиниҳои таблиғотӣ ва маърифатӣ, ки аз ҷониби созмонҳои динӣ дар ҳудуд (территория)-и мактабҳои таҳсилоти умумӣ ё манзили сокинон гузаронида мешавад, то 2 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар шудааст.

​​Ҷумъахон Ғиёсов, муовини аввали раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, ки пешнависи ин санади ҳуқуқиро дар иҷлоси порлумон муаррифӣ кардааст, ба Радиои Оздӣ гуфт, ин чораҳои маъмурӣ барои ба тартибу низом даровардани фаъолиятҳои мазҳабӣ дар кишвар мебошад, на чизи дигар. Ӯ афзуд, "онҳое, ки худсарона ба хориҷи кишвар мераванд ва ниҳодҳои  масъулро дар ҷараён намегузоранд, бидуни онҳо робита мекунанд, ҷарима баста мешаванд. Ин танҳо барои тартибу низом аст."

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва намояндаи ин ҳизб дар порлумон, гуфт, ин ҷаримабандиҳо як навъ фишор ба диндорон ва афроде мебошад, ки мехоҳанд таълимоти динӣ бигиранд. Вай гуфт, дар иҷлоси порлумон ҳатто пешниҳоди онҳо дар хусуси 50 дарсад кам кардани ҷаримаҳо пазируфта нашудааст.

"Хуб, барои фаъолияти таблиғоти динӣ ҷарима баста шуд. Ин бошад, вале барои маърифат ва арзишҳои маърифатӣ, аз ҷумла маърифати динӣ ҳам чаро муҷозот шавад? Пешниҳод карда шуд, ки ақаллан бахши маърифатро аз қонун ҳазф кунанд, мутассифона, пешниҳод нагузашт",-мегӯяд ӯ.

​​Фаррух Умаров, коршиноси масоили динӣ, мегӯяд, ҷаримабандӣ як навъ роҳи ғайриидеологии ҳалли масъала аст: "Агар Тоҷикистон ба унвони кишвари дунявӣ тибқи Конститутсияи ҷумҳурӣ, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандонро танзим кардааст, барои фаъолияти бидуни иҷозаи ниҳодҳои зидахли кишвар дар мактабҳои мазҳабии хориҷӣ ба ҷазо кашад, ё ба ҳабс гирад, ин як хусусияти идеологӣ пайдо мекунад ва ба маънои хатчадор шудани ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад. Аз ин рӯ, ҷарима бастан ин ба маънои пайравӣ аз кишварҳои ғарбист ва ё мувофиқи қонунҳои иқтисоди бозаргонӣ  амал кардан аст."

Дар моҳи марти соли 2009-ум дар порлумони Тоҷикистон қонун дар бораи “озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” тасвиб шуда буд ва фаъолиятҳои мазкурро ба танзим медаровард. Коршиносон мегӯянд, ҳоло бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни  "Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ" роҳи иҷрои ин қонун мушаххас карда шудааст.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
+1 #5 Guest 12.06.2012 00:55
ва дар мавриди баргардондани донишҷуён ва толиб илмони дар хориҷ оё дар Тоҷикистон имконот барояшон тайин ВА фароҳам намудаанд??!!! накарданд
бар акс батар карданд дар масҷидҳо ҳам инро манъ карданд
ваоё барои ҷигуна ва читавр ба хориҷ рафтан ва ё фаолият мазҳаби қонуне тайин нмудаанд??
ЧАРО ҲАР ФАОЛИЯТ ОЗОДАСТ ВА ИҶОЗА ЛОЗИМ НАДОРАД ВАЛЕ ФАОЛИЯТИ МАЗҲАБИ ИҶОЗА ЛОЗИМ ДОРАД!!!!
 
 
+1 #4 Guest 11.06.2012 18:18
Амо дар ҷомеаи Тоҷикистон афрод ва шаҳрвандон қариб ҳама (%93) мусалмон ва мазҳаби ҳастанд ва ин шаҳрвандон дар ҷомеаи худ хостаҳо ва ниёзҳо доранд,ки азҷумлаи он хостаҳо озодиӣ мазҳаб ва амал ба он аст масалан дар омузҳои дини онҳо касби илм фарз аст ва дар қурон ва суннат фармон омада аст ,ки аз кошонаи худ барои касби илму марифат сафар кунед
амо ҳокимон ва қонун гузорону давлат мандони Тоҷикис зиди ақидау мазҳаби бисёри шаҳр вандони худ қон гузори карда ва мекунад ва бо нн рафтораш ба аксариати афроде ҷомеазулм карда аст.
 
 
+1 #3 Guest 11.06.2012 18:17
ассалом
ҷомеа ва раҳбари ва идора кардани он ҷомеа ташкил ёфта аст за фардҳо ва нафарҳо ва бе фард ва нафар ҷомеа дуруст намешавад. агар инсонҳо ва нафарҳо ва афрод буданд ҷомеа ташкил мешавад ва инсонҳои ҳар ҷомеае ниёзҳо ва хостаҳо дорад ки бояд тамин гардад ва дар тамин он набояд зулм ва беадолатӣ шавад чун агар ба афроди ҳамин ҷомеа зулм шавад ин зулм аксуламал ва реаксия нишон медаҳад ва ҳарчиқадар зиёд бошад реаксиаш ҳам зиёд мегардад. ва ин аксул амал дар ҳолти заф даруни аст ва базе вақт онро ошкор мекунад вале вақте қувват вақудрат гирифт он аксуламал беруни ва амалиӣ мегардад. идом дорaд
 
 
0 #2 Guest 11.06.2012 16:52
az nazari man in yak firebi ast ki mekhohand mardum ro az islomi asli dur kunand islomero mekhohand ki dar on sharobkhuri naboshad fisqu fujur boshad
 
 
+4 #1 Guest 11.06.2012 12:34
Салом.
ман мехоҳам ки суханамро ба як қоидаи мантиқи оғоз кунам: (Ончизеро ки илат ва сабаб нест, илат ва сабаб медонад). яъне ин давлатдорҳои мо наметонанд давалат ва кишаварро идора кунанд ва сатҳи илмии кишаварро ки сабаби пешрафти кишвар ва мардум аст, як чизҳоиро ки сабаб нест монанди масалаҳои дини ва исломи сабаб метарошанд ва ба ин роҳ мехоҳанд ки мардумро идора кунанд. Охир ин роҳ то кай идома меёбад ШУРАВИ бо ин қудрат ва азаматош аз байн рафт аммо натонист ягон кори кунад ба ғайри аз байн рафтани худаш, аммо дин ва диндори мардум монда аст, ХУЛОСА ШУМО МЕХОҲЕД БО ЛАБИ ДОМАНАТОН ПЕШИ РАҲИ РУШАНОИ ОФТОБРО БИГИРЕД АММО ҒОФИЛ АЗ ИН КИ ИН КОР ШУДАНИ НЕСТ ЧУН ОФТОБ БУЗУРГ АСТ АММО ЛАБИ ДОМАНИ ШУМО КУЧАК АСТ
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi