03:16:41 03-уми Июни 2025 сол

ДОНИСТАНИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ БАРОИ ДЕПУТАТҲО ҲАТМӢ ШУД

Порлумони Тоҷикистон донистани забони давлатӣ, яъне тоҷикиро барои вакилони мардумӣ ҳатмӣ шумурдааст. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионии кишвар "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон" донистани забони давлатӣ ба вакилонро ҳатмӣ эълон кардааст.

/images/stories/2012/06/13_parllumon-13062012.jpgДодихудо Саймиддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон, ки тағйирот ба қонуни мазкурро шарҳ медод, гуфтааст, ҳамакнун бар асоси ин тағйирот номзадҳо ба мақоми вакили Маҷлиси намояндагон, узви Маҷлиси Миллӣ ва шӯроҳои вилоятиву шаҳрӣ ва ҷамоатҳо бояд забони давлатиро ба таври ҳатмӣ бидонанд. Минбаъд ҳамаи аснод ва ҳуҷҷатҳое, ки афроди довталаб ба мақомоти намояндагӣ  пешниҳод мекунанд, низ бояд бо забони давлатӣ  омода  шавад.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ин тағйирот ба дунболи қабули Қонуни нави Забони давлатӣ, ки дар соли 2009-ум иттифоқ афтод, сурат мегирад. Зеро бар пояи Қонуни нави Забони давлатӣ ходими давлатӣ муваззаф аст, онро ба таври лозим бидонад. Зимнан, тарҳи якуми Қонуни забон дар рӯзи 22-юми июли соли 1989-ум, дар пайи талошҳои як идда аз рӯшанфикрони тоҷик, тазоҳуроту гидиҳамоии ҷавонон ва баҳсҳои шадид дар матбуоти кишвар аз тарафи Шӯрои олӣ ё порлумони вақти кишвар қабул шуда буд.

Вале шурӯъ аз се сол боз рӯзи 5-уми октябр дар Тоҷикистон  "Рӯзи забони тоҷикӣ" эълон шудааст. Дар ин рӯз Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон  қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул карда буд, дар рӯзе, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба дунё омадааст.

Баҳсбарангезтарин нуктаи Қонуни нави забони давлатӣ, ки лоиҳааш аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, ҳазфи забони русӣ аз мақоми забони муоширати байни миллатҳо буд. Ҳазфи мақоми забони русӣ як силсила вокунишҳо дар расонаҳои Русияро ба бор оварда буд ва расонаҳои русӣ аз ин қонун интиқод карда буданд. Вале, дар ҳамин ҳол, мақоми забони русӣ ба ҳайси забони муоширати байни миллатҳо дар Қонуни асосии Тоҷикистон ҳифз шудааст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854