12:17:38 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ФРОНТИ ХАЛҚӢ ХОСТОРИ АФВ ВА ОЗОДИИ АЪЗОИ СОБИҚАШ ШУД

Намояндагони пешини Фронти Халқӣ мехоҳанд, дар остонаи ҷашни Ваҳдати Миллӣ аъзои зиндонии он афв карда шавад. Бархе аз роҳбарони пешини Фронти Халқӣ мехоҳанд, раисиҷумҳури Тоҷикистон аъзои зиндонии ин созмонро афв кунад. Иброҳим Исмоилов, аз фармондеҳони пешини ин созмон, ки дар замони фаъолияти Фронти Халқӣ ситоди марказии онро роҳбарӣ мекардааст, аз Шӯҳрат Қудратов, як нафар вакили дифои тоҷик хостааст, то масъулияти таҳияи аснод ва омодасозии феҳристи аъзои зиндонии ин созмонро бар дӯш гирад.

/images/stories/2012/06/13_sangag-safarov-13062012.jpgШӯҳрат Қудратов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, миёни ӯ ва сардори собиқи Фронти Халқӣ мувофиқа ҳосил шудааст, ки ному насаби бандиёни ин созмонро маълум ва дар як рӯйхат ворид ва сипас ба раисиҷумҳур ҷиҳати афв пешниҳод намояд. Вай дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, бинобар ҳисобҳои тахминии онҳо ҳоло дар маҳбасҳои Тоҷикистон бештар аз 150 аъзо ва ҷангиёни собиқи Фронти Халқӣ ба сар мебаранд, ки дар шумори онҳо генералҳое чун Ёқуб Салимов, вазири пешини умури дохилӣ ва Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди миллии Тоҷикистон, низ ҳастанд.

Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, аз он ки ӯ дар ин авохир ҳуқуқҳои Ёқуб Салимовро ҳимоят мекунад, яъне адвокати ӯ мебошад, Иброҳим Исмоилов ба ӯ таваҷҷӯҳ карда ва аз ӯ хостааст, ки дар ин кор кӯмак кунад. Ҷаноби Қудратов аз қавли сардори собиқи Ситоди Фронти Халқии Тоҷикистон гуфт, тӯли ин ҳама солҳои зиндон аъзои собиқи Фронти Халқӣ ранҷ кашида ва подоши гуноҳи худро гирифтаанд ва бо ба озодӣ баромадан дигар онҳо даст ба кирдорҳои бад намезанад.

Ин вакили дифоъ афзуд, ҳоло ӯ вазифадор шудааст, ки ин феҳристро то рӯзи 27-уми июн, яъне рӯзи Ваҳдати Миллӣ омода ва ба унвони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бифристад. Фронти Халқии Тоҷикистон як созмони сиёсиву низомӣ дар замони ҷанги дохилӣ буд, ки алайҳи Ҳукумати Мусолиҳаи миллӣ ташкил шуда ва баъд аз Иҷлосияи 16-уми Хуҷанд, ки намояндаи худро сари кор овард, дар моҳи феврали соли 1993-юм аз тарафи роҳбари он Сангак Сафаров пароканда эълон гардид.

Артиши миллии Тоҷикистон дар заминаи ҳамин Фронти Халқӣ ташкил ёфтааст. Ахиран бархе намояндагони ин созмон эълон доштанд, ки дар талоши "эҳё"-и Фронти Халқиянд, аммо бидуни силоҳ.

«Озодӣ»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi