02:39:34 03-уми Июни 2025 сол

ДАР ИСФАРА ҚАЗИЯИ СИМОБ ВА ГАРАВГОНГИРИИ ҚИРҒИЗҲО ТАҲҚИҚ МЕШАВАД

Ҳанӯз шахсияти боздоштшудаҳо ва миқдори симоби мусодирашуда маълум нест. Мақомоти интизомии Суғд мегӯянд, дар Исфара ба таҳқиқи ҳодисаи боздошти 3 шаҳрванди қирғиз вақти интиқоли симоб ва гаравгонгирии гурӯҳи тоҷикон аз ҷониби қирғизҳои Бодканд машғуланд.

/images/stories/2012/06/22_khujand-simob-220612.jpgМирзонаим Муртазоев, сардори ситоди идораи корҳои дохилии Суғд дар сӯҳбати телефонӣ бо мо гуфт, дар ҳоле ки қазия мавриди бозомӯзӣ ва маводи мусодира дар ташхис қарор дорад, дар бораи шахсияти боздоштшудаҳо ва миқдори симоби мусодирашуда чизе гуфта наметавонад.

Аммо вай таъкид кард, ки ҳодисаҳои боздошти се сокини Бодканд зимни интиқоли симоб ва гаравгонгирии гурӯҳи сокинони Исфара ба думболи боздошти онҳо аз ҷониби пайвандони қирғизҳои боздоштшуда дар бозори наздимарзии деҳаи Қарабоғ, ҳаммарз бо деҳаи Лаққон ба ҳам рабте  надоранд.

Вале ба гуфтаи  мақомоти вилояти Бодканд, 3 шаҳрванди Қирғизистон аз ин минтақаро  кормандони интизомии тоҷик шоми 20-уми июн бо 30 кило симоби сурх дастгир карданд. Дар ҳамин ҳол, бино ба хабарҳои расида аз Исфара, мақомоти корҳои дохилии Исфара баъди нимрӯзи 22-юми июн ҳама нафарони дар «асорат»-и қирғизҳо раҳошударо ҷиҳати бозпурсӣ даъват кардааст.

Як милисаи Исфара бе зикри номаш гуфт, гаравгонҳо аз он пурсида хоҳанд шуд, ки ҳодиса чӣ тавр сурат гирифта, гаравгонгирифтаҳо бо онҳо чӣ тавр муомала кардаанд. Зиёда Маллаева, як сокини деҳаи Лаққони Исфара ба Озодӣ гуфт, шавҳараш  Акбаралӣ соатҳои 11–и шаби гузаштаи 21 июн аз Бодканд баргашта буд ва акнун ӯро барои бозпурсӣ ва таҳқиқи ҳодиса ба идораи корҳои дохилии рақами 1 – и Исфара бурдаанд.

Бахши қирғизии  Радиои  Озодӣ хабар медиҳад, ки тақрибан 200 сокини шаҳри Боткан ба нишони эътироз аз боздошт шудани шаҳрвандони Қирғизистон эътироз карданд. Онҳо талаби озод ва ба Қирғизистон баргардонида шудани ҳамватанони худро пеш гузоштаанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854