17:42:12 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДУХТАРОНИ "БЕРОҲА"-РО КӢ БА РОҲИ РОСТ БАРМЕГАРДОНАД?

Вақте волидон дар тарбияи духтари худ оҷиз мемонанд, бисёриҳо аз заъфи меъёрҳои ахлоқӣ дар ҷомеа ҳушдор медиҳанд. Модарон вақте мебинанд, ки духтарашон бероҳа шуда, шабҳо ба хона намеояд ва дӯстони шубҳаноке ёфтааст, оҷиз мемонанд ва ба мактаби махсус, ки бештар бо номи "спетсшкола" маъруф аст, занг мезананд.

/images/stories/2012/06/29_dukhtaron-290612.jpgМудири ин мактаб, Намоз Бобоев, мегӯяд, баъд аз қабули Қонуни масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд, зангҳои телефонии модарон ва падарон ба ӯ ба маротиб зиёд шудааст.

"Ҳар рӯз аз шаҳру ноҳияҳои кишвар модарони зиёде занг мезананд ва мегӯянд, духтарашон чандин шабро берун аз хона мегузаронад ва ё ин ки агар каме бо фарзандашон дурушттар муомила кунанд, аз хона баромада мераванд ва дигар барнамегарданд. Дар ин вазъият мо ҳайрон мешавем, ки ба ин волидайн чӣ машварат бидиҳем. Ба ҳар ҳол тавсия медиҳам, ки ба раиси кумитаҳои занҳои шаҳру ноҳияҳо муроҷиат кунанд, то ин ки ба онҳо маслиҳат бидиҳанд",-мегӯяд ӯ.

Аммо, ба гуфтаи Намоз Бобоев, аксаран ин волидайн мехоҳанд, тарбияи духтарони душвортарбияро мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ бар дӯш гирад. Ин ҳам дар ҳолест, ки мактаби мазкур аз соли 2009-ум ба ин сӯ танҳо писаронро қабул мекунад ва барои духтарон чунин муассиса вуҷуд надорад.

Ӯ гуфт, "дар кишвар феълан танҳо як марказ фаъолият мекунад бо номи "Чароғи ҳидоят", ки танҳо чанд нафар духтарони хушунатдидаро таҳти ҳимоят қарор додааст. Лекин гурӯҳи бузурги духтароне, ки бо сабабҳои мухталиф тарки хона мекунанд ва даст ба корҳои ғайриахлоқӣ мезананд, дар ҳеҷ куҷо қабул карда намешаванд. Бе ташкили мактаби махсус мо қисмати чунин духтаронро ҳал кардан наметавонем."

Намоз Бобоев борҳо барои таъсиси чунин мактаб ба Вазорати маорифи Тоҷикистон муроҷиат кардааст, аммо, зоҳиран, то ҳоло касе ба ҷиддияти ин масъала пай набурдааст. Ин дар ҳолест, ки солона садҳо духтари ноболиғ аз оилаҳои нокомил ва камбизоат дар зиндагӣ роҳгум мезананд ва ҳаёти худро барбод медиҳанд.

Нигора, як модари танҳо, мегӯяд, зери фишори зиндагии мушкили худ натавонистааст, ҷилави идораи духтари ноболиғашро дар даст дошта бошад: "Духтарам аз хона мегурехт. Маро гӯш намекард. Барои ман ӯро тарбия кардан хеле душвор буд. Бо як духтари ҳамсоя дугона  ва бероҳагард шуд. Рӯзи дароз дар китобхона дар кор будам ва дар куҷо будани духтарамро назорат карда наметавонистам. Гоҳо шабҳо ғайб мезад мо бо аҳли оилаамон ба кофтукобаш мебаромадем."

Бону Нигора иқрор мекунад, ки бо ҳадафи ба роҳи рост даровардани духтараш ӯро чандин бор лату кӯб ҳам кардааст. Ҳатто барои ислоҳ шуданаш вайро барои як сол ба ятимхона ё мактаб - парваришгоҳ супоридааст, аммо ин ҳама талошҳояш бенатиҷа анҷомидаанд. Вай афзуд, "барои кӯмак ба бародаронам муроҷиат кардам. Онҳо гуфтанд, духтарат номи авлоди моро паст кард. Онҳо низ вайро чанд бор заданд, вале ислоҳ нашуд. Баръакс, бо суханони он ки Шумо маро мезанед, духтарам аз хона мегурехт ва то 4 ва 5 моҳ бедарак мешуд."

Ин дар ҳолест, ки Фирӯзаи 17-сола, низ ба гурӯҳи духтарони душвортарбия шомил аст. Ӯ ҳам соатҳои зиёди худро бо дӯстон ва шиносҳои тасодуфӣ дар хиёбонҳо ва тафреҳгоҳҳо мегузаронад. Сабаби аз хона фирор карданҳоро Фирӯза ба  нофаҳмии волидайн ва эҳсоси танҳоӣ кардан дар хона рабт медиҳад.

Фирӯза аз ҷумла гуфт, "шиносҳое, ки ман пайдо карда будам, бо онҳо барои ман осонтар буд. Чун онҳо дарди дили маро гӯш мекарданд, вақте бо онҳоям, дар ҳеҷ бора фикр намекунам. Аммо дар хона фақат як гап - инаш  мумкин, инаш мумкин не. Аммо бо ҳамсолони худам ҳама кор мумкин."

Ҳарчанд бештари духтарони саркаш аз хонаводаҳои мушкилдор берун омадаанд, дар байни онҳо фарзандони оилаҳои миёнаҳол ё пулдор ҳам кам нестанд. Мудири мактаби махсуси наврасони душвортарбия, Намоз Бобоев, бетаваҷҷӯҳии волидайн ва муҳити носолимро сабаби ин ҳол медонад ва мегӯяд, "мо худ шоҳидем, ки ин шабу рӯз духтарҳо дар куҷо мегарданд ва баъзе писарон аз ин ҳолатҳо истифода мекунанд. Дар баъзе нишастҳо, вақте духтарон нӯшокӣ истеъмол мекунанд, писарон ба ин нӯшокиҳо машруботи спиртӣ илова менамоянд ва ин ба "вайрон" шудани духтарон оварда мерасонад."

Вақте падару модар дар тарбияи духтари худ оҷиз мемонанд ва ҳам ҳеҷ марказу мактаби махсусе барои ислоҳи духтарони душвортарбия мавҷуд несту бисёриҳо аз заъфи меъёрҳои ахлоқӣ дар ҷомеа ҳушдор медиҳанд, духтарони бероҳашуда ба афзоиши фаҳшо ва ҷинояткорӣ сабаб мегарданд.

Ба маълумоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ахиран дар кишвар 61 духтари то 18-сола ва наздики 900 нафари то 30-сола ба қайд гирифта шудаанд, ки бо танфурӯшӣ рӯз мегузаронанд. Бештар аз 150 нафари онҳо алакай гирифтори амрози зӯҳравӣ ё бемориҳои вогир буда, дар қайди Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои пӯст ва узвҳои таносул қарор доранд.

Шаҳлои Гулхоҷа, «Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 30.06.2012 04:20
Танхо дини Ислом метона рост дарора факат бо хукми Аллох бояад тозиёна зада шава агар хохед дар рохи рост дароян.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi