06:22:46 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЧАРО ФУРУДГОҲИ ҚӮРҒОНТЕППА АЗ КОР БОЗМОНД?

Парвози ҳама гуна ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа аз 1-уми июли соли ҷорӣ қатъ карда шуд. Соҳибҷон Абдурасулов, сармуҳосиби фурудгоҳи мазкур, дар шарҳи ин ҳол гуфт, ки хатсайрҳои мавҷуда барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ зиёновар буда, ҳамчунин таъмирталаб будани майдони ҳавоӣ боиси тавқифи фаъолияти фурудгоҳ шудааст.

/images/stories/2012/07/11_air-qurghan-110712.jpg«Барои реконструксия ё таҷдиди комили фурудгоҳ беш аз 55 миллион доллари ИМА лозим аст, аммо мо чунин маблағро дар ихтиёр надорем. Зимнан ба Ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кардем, аммо татбиқи пурраи лоиҳаи таҷдиди фурудгоҳи Қӯрғонтеппаро барои солҳои 2015-2020 дар назар гирифтанд», - изҳор дошт С. Абдурасулов, сармуҳосиби фурудгоҳ.

Ширкати «ТоҷикЭйр» гуфтааст, барои таъмири хати парвози фурудгоҳи мазкур, ки қариб 2,5 километр дарозӣ ва 45 метр паҳно дошта, 40 сол муқаддам бунёд шудааст, ҳудудан 10 милллион сомонӣ ихтисос хоҳад дод. «Аммо ҳамагӣ 1,5 миллион сомонӣ маблағ аз «ТоҷикЭйр» дар соли ҷорӣ ба мо расидааст ва 2,5 ​​миллиони дигар қарз дарёфтаем. Дигар маблағе надорем, ки корҳои таъмиру тармимро ба сомон расонем ва аз ин рӯ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо фурудгоҳи мо ҳамкорӣ кардан намехоҳанд», - афзуд намояндаи фурудгоҳ.

То ин замон фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа дар 6 самт хатсайр дошт, ки бештараш ба шаҳрҳои бузурги Русия, аз ҷумла Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург рост меомад. Аммо ҳоло майдони ҳавоии ин фурудгоҳ ба сабаби таъмин набудани бехатарӣ ҳавопаймоҳои азими мусофиркашониро қабул карда наметавонад.

Ширкате бо номи «Ҳаёт» ба навсозии хатти парвози фурудгоҳи мазкур машғул буд, аммо дар натиҷаи тафтишу санҷиши ожонсии зиддикоррупсионии Хатлон, изофанавии масъулони ин ширкат ошкор гардид. Ба иддаои тафтишот, масъулони ширкати «Ҳаёт» беш аз 100 ҳазор сомонӣ маблағи ихтисосёфта барои таъмири хатти парвози фурудгоҳи Қӯрғонтеппаро ғайриқонунӣ тасарруф кардаанд. Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.

Масъулони фурудгоҳ мегӯянд, ҳанӯз мушаххас нест, ки парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа кай аз сар гирифта мешавад. Ба сабаби мутаваққиф гардидани фаъолият, ҳудудан 60 корманди фурудгоҳи мазкур ба рухсатии иҷбории бемузд гусел карда шудаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi