05:37:12 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ТАҲҚИҚИ САБАБҲО ВА ХИСОРОТИ ОТАШСӮЗИИ БОЗОРИ "КОРВОН"

Комиссияи махсуси иборат аз кормандони ВКД ва Додситонии кул иллатҳои сӯхтор дар бозори "Корвон"-ро мушаххас мекунад.

/images/stories/2012/09/07_sukhtor-070912.jpgМаҳмадюсуф Ҳусайнов, муовини сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД рӯзи ҷумъа, 7-уми сентябр ба мо гуфт, ҳамроҳи як ҳайати Раёсати тафтишотии Додситони кул барои бозрасии  маҳалли сӯхтор ба бозори "Корвон" мераванд.

Ҷаноби Ҳусайнов афзуд, ҳадафи аслии ин тафтишот дақиқ сохтани шумори зарардидагон ва маҷрӯҳшудагон бар асари сӯхтор мебошад. Ҳамчунин, ин гурӯҳи корӣ ҳаҷми умумии зарари ворида бар асари оташсӯзиро мушаххас хоҳад кард.

Маҳмадюсуф Ҳусайнов овозаҳо дар бораи зиёд будани теъдоди қурбониёни ин оташсӯзиро рад намуд. Ӯ гуфт, кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ тамоми растаҳои бозорро тафтиш карда, дохили дӯконҳо ва контейнерҳоро хабар гирифтанд ва танҳо як ҷасадро пайдо карданд. "Агар нафаре ҳатто тамоман сӯхта мебуд, устухонҳояш пайдо мешуданд",-илова кард ӯ.

​​Аз ин пеш, пас аз зӯҳри рӯзи панҷшанбе, 6-уми сентябр, Нуршед Машрабов, соҳиби бозори "Корвон", бузургтарин бозори Душанбе, бо хабарнигорон сӯҳбат кард. Вай гуфт, тамоми 2 ҳазор дӯконе, ки шоми 5-уми сентябри соли ҷорӣ ба коми оташ рафтааст, дубора аз ҳисоби худ ба шакли беҳтар барқарор ва ба соҳибонашон хоҳад дод. Ҳамчунин ӯ илова кард, соҳибкороне, ки дар сӯхтори шаби 5-уми сентябр зиён дидаанд, тӯли панҷ сол аз пардохти кирояи бозор озод мешаванд.

Нуршед Машрабов хабарҳо дар бораи фирораш аз Тоҷикистонро рад кард ва гуфт, тӯли шаб дар ҷои воқеа буд ва танҳо субҳ аз он ҷо ба манзилаш рафтааст. Панҷ соат қабл аз ин сӯҳбати молик ё соҳиби бозори "Корвон", раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни суханрониаш дар назди издиҳоми тоҷирони башӯромадаи ин бозор гуфт, "Нуршед Машрабов ба куҷое гурехтааст". Ӯ ҳамчунин ба тоҷирон ваъда дод, “ки ҳаққи онҳоро аз соҳиби бозор ситонда медиҳад”.

Ҷаноби Машрабов дар ин сӯҳбати худ барқасдона будани ҳодисаи сӯхтор дар бозори "Корвон"-ро аз эҳтимол дур надонист. Ба қавли ӯ, оташсӯзии бозори "Корвон" аз чаҳор нуқта сар зада, кори оташнишонҳоро душвор кардааст. Дар ҳамин ҳол, вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар бораи оташсӯзии бозори "Корвон" ба онҳо дер хабар додаанд, ки ин таъхир оташнишонҳоро ба мушкил мувоҷеҳ сохтааст.

Бо ин вуҷуд, то кунун сабаби аслии сар задани сӯхтор дар бозори "Корвон" расман аз сӯи мақомот баён нашудааст. Вале иддае ҳам тахмин мезананд, ки ин сӯхтор дар пайи истифодаи балони газ сурат гирифтааст. Иддаи дигар ҳам ноқили барқро "гунаҳкор" медонанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи шашуми сентябр бо пахши баёнияи расмии худ гуфт, "дар натиҷаи сӯхтор бозори савдои яклухтфурӯшӣ (оптовый)-и "Корвон" дар масоҳати зиёда аз 5000 метри мураббаъ нобуд гардид."

Илова бар ин, як нафар ба далели ба болои сараш фурӯ омадани боми дӯконе ҷон бохта, чаҳор нафар ҳам ҷароҳат бардоштаанд.

"Бо мақсади ҳифзи молу ашё ва амволи шаҳрвандон аз сӯхтор, роҳ надодан ба дуздиву ғоратгарӣ ва талаву тороҷ беш аз 2 000 корманди мақомоти корҳои дохилӣ сафарбар карда шуда, ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуданд",-омадааст дар баёнияи ВКД.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 07.09.2012 20:02
salom. boyad diram ba dirami puli tojiron ba onho bargardonda shavad . hamai mardumi kambaghal az bonkho pul karz girifta va har ruz bar pracenti onho afzuda meshavad . hukumat na tanho boyad karzi onhoro tamdid va tuloni kunad boyad xasorati mardumi jabrdidaro pardoxt kunad . mardum az kujo puli banku pracenti onro jubron mekunand. hamai sarmoyai mardumro ba otash kashondand. har chi zudtar xasorati voridaro hukumat ba mardum jubron kunad.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi