12:11:19 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҶАВОБГАРИ ЗАҲРОЛУДШАВИИ ДУШАНБЕ КИСТ?

Масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе мегўянд, корхонаҳои арматурабарории пойтахти Тоҷикистон бо технологияи кӯҳнаи ибтидои асри 20 –и давлати Чин фаъолият доранд, ки айни ҳол умуман аз саноати Чин хориҷ шудаанд ва татбиқашон дар ягон нуқтаи ин кишвар иҷозат нест.

/images/stories/2012/09/08_ekologiya-080912.jpgАммо ба қавли бархе аз кормандони ин раёсат соҳибкорони чинӣ ва бархе аз соҳибкорони ватаниамон чунин технологияро ба Тоҷикистон ворид намуда, дар пойтахт бемалол истифода карда истодаанд, ки ба муҳити зист ва саломатии мардум зарар доранд.

Намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти пойтахт иброз медоранд, ки пеш аз додани иҷозатнома ба корхонаҳои металгудозию истеҳсоли арматура Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист бояд омилҳои технологияи нави коркард, истифодаи навъи сӯзишворӣ, ҷойгиркунии он дар нуқтаҳои аз аҳолӣ  дур ва дигар меъёрҳоро ба назар мегирифтанд.

Дар ҳамин ҳол масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон қайд намуданд, ки ин корхонаҳо бо иҷозати Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон фаъолияташонро оғоз кардаанд ва аслан бояд, ки он замон ин лоиҳаҳо аз экспертизаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегузаштанд, ки нагузаштаанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон гуфт, якуми ин ки барои технологияи нав овардан зурашон намерасад ва дуюм то солҳои 80 –уми асри гузашта Чин давлати камбағал буд ва ҳамин хел технологияро истифода мекард: « Баъд соҳиби маблағ, ки шуданд техникаҳои нав ворид карданд, ё худашон таҷҳизот ихтироъ намуданд».

Гул Шералӣ: масъулини экология аз дур истода гапи бисёр назананду…

Гузашта аз ин Гул Шералӣ илова намуд, ки масъулини экология аз дур истода гапи бисёр назананду рафта вазифаашонро иҷро кунанд.

Масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист, делели манъ накардани фаъолияти корхонаҳои арматурбарориро, ки ба муҳити зисти пойтахт пайомадҳои манфиеро ба бор оварда истодаанд, ба таъмини ҷойҳои корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар онҳо унвон намуданд

Талбак Салимов, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист иброз медорад, ки ки пеши роҳбарияти шаҳри Душанбе масъалагузорӣ кардаанд, то  ин корхонаҳо аз пойтахт берун карда шаванд. Номбурда мегӯяд, шаҳр ҳам манфиатҳои худро дорад, албатта дуду чанг ганда аст, аммо бе нон, ҷои кор ҳам намешавад.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, вазифаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист  табиат ва ба ҳамин восита саломатии одамонро ҳифз намудан аст, на ҷойҳои корӣ муҳайё кардан ва истеҳсолоти дохилиро рушд додан. Гуфта мешавад дар Тоҷикистон барои рушди саноат, муҳайё кардани ҷойҳои корӣ ва гирифтани манфиати иқтисодӣ меъёрҳои экологиро аксаран сарфи назар мекунанд.

Феълан дар корхонаҳои маркази пойтахт тавре худи масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист тасдиқ мекунанд, гудозиши оҳан дар печҳои индуксионӣ, ки манбаи дигари заҳролудшавии ҳавои шаҳр арзёбӣ мегарданд, идома дошта, дуд, ки краскаю равғанҳои дар оҳанпораҳо часпида, ғализнокиашро дучанд мекунад, аз дару тиреза ва шифтҳои шикастаи корхонаҳо баромада сокинонро заҳролуд карда истодаанд.

Мутахассиони соҳаи экологӣ мегӯянд, мувофиқи технологияи муосири оҳанпораобкунӣ, пеш аз гудозиш бояд оҳанпораҳо дар ванна ё ҳавзҳои махсус бо воситаи ҳалкунандаҳои органикӣ аз равған ва краскаҳо тоза карда шаванд, ки ин омил дар ягон корхонаи пойтахт роҳандозӣ нашудаст.

Чаро Тоҷикистон дар зинаи 121-ум қарор гирифт?

Масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист сабаби насб нашудани дастгоҳи ҳавокашӣ ва сохта нашудани ҳавзҳои оҳантозкуниро дар корхонаҳои истеҳсоли арматура ба гарон будани хароҷоти онҳо рабт медиҳанд. Ин ҳама боиси он шудаст, ки иқтисодиёти ночизи кишвар аз нигоҳи тозагии экологӣ дар гузориши нави байналмилалӣ миёни 132 кишвари ҷаҳон дар зинаи 121 –ум қарор гирифтааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, агар аз ҳозир, ки иқтисоди Тоҷикистон нав рӯй ба рушд ниҳодаст, барои даромади иловагӣ шуда, меъёрҳои экологӣ сарфи назар шавад, ояндаи наздик зарари мамлакат аз пешравиҳою истеҳсолот дар шакли саломатии бади мардум ва обу ҳавои ифлос ба маротиб зиёд хоҳад шуд.

Темур Раҷабализода «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi