14:19:02 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

ТАҶҲИЗОТИ ТОЗА ДАР "НОРАК": ГОМЕ БАРОИ САРФАИ НЕРӮИ БАРҚ

Масъулони нерӯгоҳи обии "Норак" мегӯянд, ки дар авохири соли ҷорӣ яке аз дастгоҳҳои танзими интиқоли барқи 250-вултӣ аз ин нерӯгоҳро мавриди истифода қарор хоҳанд дод. Ба гуфтаи онҳо, истифода аз ин дастгоҳ имкони интиқоли бекаму кости нерӯи барқро ба мардум бидуни талафот таъмин хоҳад кард.

/images/stories/2012/09/21_new-equipments-210912.jpgАз сӯйи дигар, ба гуфтаи муҳандисони олмонӣ, ки дар бозсозии ин дастгоҳҳо саҳим ҳастанд, бозсозии дастгоҳи дигари ин нерӯгоҳ, ки 500 вулт зарфият дорад, идома дорад. Коршиносони олмонӣ мушаххас кардаанд, ки ин дастгоҳ дар маҳалле ноамн эҳдос шуда ва бо мурури вақт хатари харобии он вуҷуд дорад.

Асел Чингишева, кафили раёсати намояндагии Бонки Осиёии Тавсеъа дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки ба манзури идомаи таъмири васоили фаннии ин нерӯгоҳ, ин бонк маблағи беш аз 54 милюн дулор кумаки билоъивазро дар ихтиёри Тоҷикистон гузоштааст. Хонуми Чингишева мегӯяд, ки тавофуқ дар ин маврид миёни бонк ва мақомоти тоҷик дар соли 2008 ба даст омада буд ва фаъъолиятҳо дар ин замина дар нерӯгоҳ ҷараён доранд.

Рӯзи ҷумъаи 21 сентябр намояндагони ин бонк ба манзури ошноӣ бо ҷараёни бозсозии таҷҳизоти фаннии нерӯгоҳи "Норак" иддае аз хабарнигоронро ба макони нерӯгоҳ бурданд. Иҷрои барномаҳои ин бонк дар нерӯгоҳи "Норак" аз моҳи феврали соли 2009 шурӯъ шуда ва ду соли дигар идома хоҳад дошт. Давлати Тоҷикистон барои иҷрои ин тарҳ беш аз 12 милюн дулор ихтисос додааст.

Нерӯгоҳи беназир дар кӯҳистон

Бинои дастгоҳҳои танзими интиқоли барқи 250-вултӣ дар назди дастгоҳҳои фарсудаи даврони Шӯравӣ қарор дошта ва мутахассисон мегӯянд, ки таҷҳизоти мудерн, ки дар ин ҷо насб шудааст, мутобиқ бо истондордҳои ҷаҳонии энержӣ хоҳад буд.

Ин таҷҳизот дорои гозҳои вижа будаанд, ки аз талаф ёфтани барқ ҷилавгирӣ карда ва замони истифода аз он низ тӯлонитар аз таҷҳизоти қаблӣ будааст.

То ҳол ду дастгоҳи чархаҳои ин нерӯгоҳ ба дастгоҳи ҷадид иваз шуда ва қарор аст, ки дар ояндаи наздик дастгоҳи дохили чархаи севум низ иваз шавад.

Бонки Осиёии Тавсеъа тасмими ироаи кумак ба Тоҷикистонро ба дунболи буҳрони энержӣ ва мушкилоти ношӣ аз он дар фасли сармои соли 2008 иттихоз кард. Нерӯгоҳи обии "Норак" бузургтарин нерӯгоҳ дар Тоҷикистон аст, ки нахустин чархаи он дар соли 1972 фаъъол шуда ва нуҳумин ва охирин чархаи ин нерӯгоҳ дар соли 1979 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Мутахассисони арсаи энержӣ мегӯянд, ки 70 дарсади нерӯи барқ дар Тоҷикистонро ин нерӯгоҳ тавлид мекунад.

Бобишо Хоҷаев, муҳандиси нерӯгоҳи обии "Норак", ки аз хабарнигорон пазироӣ мекард, ин нерӯгоҳро яке аз нерӯгоҳҳои беназир дар минтақаҳои кӯҳистонии ҷаҳон хонд.

Оқои Хоҷаев афзуд: "Аз нуҳ чархаи ин нерӯгоҳ дар ҳоли ҳозир шаш тои онҳо фаъъол ҳастанд. Зарфияти яксолаи ин нерӯгоҳ 11 милёрду 2 милюн килувот/соъат барқ аст ва аз аввали сол то имрӯз ин нерӯгоҳ беш аз 8 милёрд килувот/соъат барқ тавлид кардааст."

Вай мегӯяд, ки обанбори ин нерӯгоҳ низ барои тавлиди барқ тибқи маъмул кор мекунад. Ва ӯ мегӯяд, ки то ҳол мушкиле дар кори ин обанбор мушоҳида нашудааст.

Ба гуфтаи ин масъули нерӯгоҳ, кормандони ин нерӯгоҳ бамавқеъ маъоши худро дарёфт мекунанд ва дар муқоиса бо кормандони муассисоти дигар ҳуқуқи бештаре дарёфт мекунанд.

Давлатбек Салолов, раҳбари муҳандисии фаннии нерӯгоҳи "Норак" мегӯяд, барои бозсозии комили таҷҳизоти фаннии ин нерӯгоҳ ниёз ба маблағи ҳангуфте вуҷуд дорад.

Оқои Салолов афзуд: "Таҷҳизоти ҷадиде, ки мо ҳоло барои фаъъолияти нерӯгоҳ насб мекунем, комилан ҷадид ва урупоӣ аст. Зеро таҷҳизоти қаблӣ куҳан ва фарсуда шуда ва дар чиҳил сол дар ҷаҳон барои нерӯгоҳҳо таҳҷизоти навинеро ихтироъ кардаанд."

Ба гуфтаи ин масъули нерӯгоҳи "Норак" дар нерӯгоҳ дар ҳоли ҳозир беш аз 700 коргар ва мутахассис машғули фаъъолият ҳастанд.

Таҷҳизоти фаннии ҷадид барои таъмири ин нерӯгоҳ аз Олмон ва кишварҳои дигари урупоӣ, аз ҷумла Укройн ворид мешавад ва мутахассисони ширкати олмонии мавсум "ALSTOM Grid" дар насби ин таҷҳизот саҳм доранд.

Коршиносони олмонӣ, ки дар нишаст бо хабарнигорон ширкат доштанд, зимни арзёбӣ аз кайфияти кори ин нерӯгоҳ мегӯянд, ки обанбори ин нерӯгоҳ дар солҳои ахир ба иллати камбуди об ва тасфия нашудани он ҳамчунин ниёз ба беҳбудӣ доштааст.

Иҳаам Робеер, намояндаи ширкати "Fichtner" ва мушовири тарҳи бозсозии нерӯгоҳ, мегӯяд: "Садди ин обанбор баландтарин сад дар минтақаҳои кӯҳистонӣ буда ва таҷҳизоти ҷадид имкони кори ин нерӯгоҳро бо вуҷуди ҷамъ шудани гил дар обанбор беҳбуд мебахшад ва шароити кори онро таъмин мекунад."

Масъулони тарҳи бозсозии нерӯгоҳи "Норак" мегӯянд, ки дар авохири соли 2014 иҷрои ин тарҳ комилан ба охир хоҳад расид ва таҷҳизоти ҷадид мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Тарҳи бозсозии нерӯгоҳи "Норак" дар ҳоле идома дорад, ки мубоҳисот бар сари буёнди нерӯгоҳи "Роғун" дар Тоҷикистон ҳануз идома дорад.

Заринаи Хушвақт, Би-би-сӣ, Душанбе



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi