03:34:47 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

ЧАРО ДАР ТОҶИКИСТОН ИСТИФОДАИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ РУШД НАКАРДААСТ?

Масъулини Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон низоми мавҷудаи идора ва истифодабарии маъданҳои зеризаминиро дар кишвар бесамар хонда, изҳор медоранд, ки дар Тоҷикистон ҳам низоми созишномавии истифодаи қаъри замин, ки дар ҷаҳон роиҷ аст, ҷорӣ хоҳад шуд.

/images/stories/2012/09/23_generated_thumbnailjpg.jpgБа иттилои манбаъ, дар низоми нав барои коркардкунандаи маъодин додани салоҳияти худ ба шахси дигар, гаравмонии маъодин ва ғайра бояд таъмин гарданд. Айни ҳол дар Тоҷикистон барои истифодабарандагони қаъри замин ҳуқуқи моликият, ба дасти дигар кас додани иҷозатнома ё фурӯши бозёфтҳои геологиашон кафолат дода намешавад. Масъулини кумита дар ҳоли ҳозир ин бахшро барои сармоягузорӣ камманфиат арзёбӣ мекунанд.

Ба гуфтаи коршиносон дар Тоҷикистон асосан 5 омил аст, ки барои рушди истифодаи маъданҳои зеризаминӣ монеъ эҷод мекунад. Монеаи асосӣ пеш аз ҳама дар Тоҷикистон сохтори идораи давлатии истифодабарии боигариҳои зеризаминӣ хеле мураккаб буда, салоҳияти идораи соҳа миёни ниҳодҳои гуногуну зиёди давлатӣ тақсим гардидаст, ки дар натиҷа идораю назорати истифодабарии маъодин хеле коста мебошад.

Омили дуюмро коршиносон номукаммалии қонунгузорӣ ва мавҷуд набудани усулҳои аниқу шафофи дастрасӣ ба маъданҳо номиданд. Заифии ҳимояи сармоя ва қонунгузории андозии зуд – зудро ҳам ба қатори мушкилоти асосии ҷалби сармоя ва рушди соҳаи истифодабрии маъодини Тоҷикистон дохил карданд.

Дар баробари омилҳои номбаршуда, камёфт будани мутахассисон, инфрасохтори заиф ва мушкили таъминот бо барқ, боздорандаи истифодаи густурдаи қаҳри замин маҳсуб меёбанд.

Тибқи омӯзиши масъулини кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, сармоягузорони байналмилалӣ зимни маблағгузорӣ, чанд омилро ба назар мегиранд. Аз ҷумла ба пешкаши маълумоти геологӣ, кафолати ҳуқуқ ба моликият, миқдори ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, шумораи ниҳодҳои давлатии дар раванди иҷозатномадиҳӣ фаъолбуда, маҳдудияти коркард, содирот ва фурӯши металҳои қимматбаҳо ва ба маҳдудияти истифодаи коргарони маҳаллию хориҷӣ диққат медиҳанд.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #1 geolog 24.09.2012 12:47
biguzor boigarii zeri zaminii tjk dar zeri zamin monad. to yagon hukumati odil barpo nashavad hij kas dast ba boigarii zerizamini nazanad. shumo holo hamon boloi zaminihoro bisozed hamon gessi roghunro bisozed va digar korhoi rui zaminiro obod kuned bad ru ba sui zeri zamini biovared. hamon boigarii rui zamini inkadar ba sirkatu duzdii hukumat doron meravad bas ast. zeri zamini boshad baroi yak hukumati odilona .
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi