10:46:58 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

БАРҚИ ТОҶИК: ЛИМИТ НОБОВАРИҲОИ ЗИЁДЕРО БА МИЁН МЕОРАД…

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Суғд дар натиҷаи назарпурсӣ тавассути сомонаашон муайян кардаанд, ки аз се мақсади стратегии давлати Тоҷикистон аксарият истиқлолияти энергетикии кишварро заруртарин меҳисобанд.

/images/stories/2012/10/23_1327553127_barki-tochik.jpgАйни ҳол давлати Тоҷикистон се мақсад, - истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсиониро ҳадафи стратегии худ қарор додаст. Миёни истифодабарандагони сомонаи раёсати вилояти Суғд, 66,5 фоизашон истиқлолияти энергетикӣ, 20 фоизашон амнияти озуқаворӣ ва 12,9 фоизашон раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсиониро муҳимтарин гуфтаанд.

Масъалаи истиқлолияти энергетикӣ бо наздикшавии фасли сармо боз ба масъалаи мубрам табдил меёбад, чун барои навоҳӣ зимни интиқоли барқ маҳдудият ҷорӣ хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ахиран ба масъалаи энергетика дахл карда, дар ин робита мардуми вилояти Бадахшонро «хушбахттарин инсон»- ҳо гуфт: «Дар ҷумҳурӣ аз моҳи октябр сар карда 90 фоизи мардум ҳамагӣ 3 соат дар як шабонарӯз барқ мегиранд. Ин дар ҳолест, ки дар Бадахшон ба истиснои ноҳияи Мурғоб мардуми навоҳии дигар дар фасли сармо аз 20 то 24 соат барқ доранд».

Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон далели онро, ки имрӯз Бадахшон тавонистаст, то ҷое худро бо барқ таъмин намояд, дар он гуфт, ки истифода ва идораи нерӯи барқ дар ин минтақа дуруст ба роҳ монда шудаст.

Тибқи шартномаи консепсионӣ рушди соҳаи энергетикаи вилоят ба ПомирЭнерҷӣ вогузор шудаст. Дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон, ки бахши электроэнергетика кулан дар ихтиёри ширкати «Барқи тоҷик» қарор дорад, солҳост, мушкили таъмини мардум бо барқ ҳал нашуда истодааст. Идораи истифодаи нерӯи барқ ҳам хеле коста арзёбӣ мегардад.

Абдулло Ёров, раиси ширкати «Барқи тоҷик» эътироф дорад, ки таи нимсолаи аввали соли ҷорӣ 1 миллиарду 243 миллион кВт/соат талаф ёфт, ки 14,7 фоизи барқи интиқолшударо ташкил медиҳад. Номбурда инро талафоти технологӣ мегӯяд.

Миқдори талафёфтаи барқ метавонист дар фасли сармо, ки авҷи истеъмоли барқ аст, талаботи шаҳри Душанберо пурра таъмин кунад. Аз ҷумла фасли сармои гузашта шаҳри Душанбе дар як шабонарӯз ҳамагӣ 12 миллион кВт/cоат барқ мегирифт. 1 миллиарду 243 миллион кВт/соат барқи талафдодаи «Барқи тоҷик» барои таъмини шаҳри Душанбе дар 104 шабонарӯзи фасли сармо басанда мебуд. Умуман ин миқдори барқи дар нимсола талафёфта, метавонист тамоми ҷумҳуриро як моҳ пурра бо барқ таъмин намояд.

Ин дар ҳолест, ки дар баробари талафоти технологӣ ба гуфтаи худи Абдулло Ёров инчунин талафоти тиҷоратӣ мавҷуд аст, ки ҳудуди 10 фоизро ташкил медиҳад: «Талафоти тиҷоратӣ, он маблағҳое, ки мо ҷамъоварӣ карда наметавонем 10 фоизро ташкил медиҳад».

Талафоти тиҷоратӣ дар ҳаҷми 10 фоиз ба замми талафоти технологӣ дар ҳаҷми 15 фоиз якҷоя 25 фоиз ё чоряки энергияи барқ айни ҳол дар Тоҷикистон барабас рафта истодааст. Ин нишондодест, ки худи масъулини Барқи тоҷик эътироф мекунанд. Талафоти воқеӣ метавонад аз ин бештар бошад. Ин талафотро, ки раёсати ширкати «Барқи тоҷик» онро талафоти технологию тиҷоратӣ мегӯянд, коршиносони масоили энергетикӣ дуздии рӯйирост ва идораи ғайриҳирфавӣ меноманд.

Ғуломиддин Сайфуддинов, коршиноси бахши энергетикаи Тоҷикистон 15 фоизи талафотро бо вуҷуди нишондоди калон буданаш, ҳанӯз ҳам баёнгари талафоти воқеии энергияи барқ дар кишвар намедонад. Сайфиддинов мӯътақид аст, ки талафоти воқеии энергияи барқ дар Тоҷикистон аз ҳадди 20 фоиз ҳам боло буда, он на дар натиҷаи хароҷоти технологӣ, балки дар натиҷаи дуздӣ ва фаъолияти ғайриҳирфавии масъулини ширкати «Барқи тоҷик» сурат мегирад.

Ин коршинос мегӯяд, комилан бе хароҷоти энергетикӣ интиқоли барқ ғайриимкон аст: «Аммо шабакаҳои барқро тавре лоиҳакашӣ ва бунёд мекунанд, ки талафоти энергияи барқ дар онҳо аз 1 – 1,5 фоиз бештар нашавад. Дар замони шӯравӣ вақте соли 1987 –ум талафоти барқ ба 7 фоиз расид, боиси нигарониҳо ва баҳсҳо гардид, ки аз ҳад зиёд шудаст. Айни ҳол агар гӯям, ки 99 фоизи кормандони «Барқи тоҷик» ғайриҳирфавӣ фаъолият доранд, хато намекунам. Парвои корбарӣ ва истифодаи дурусти энергияи барқро надоранд».

Бояд зикр намуд, ҳудуди як моҳ қабл аз сипарӣ шудани фасли тирамоҳ, аллакай сокинони баъзе навоҳии тобеи марказ ва ноҳияҳои дурдасти кишварро хомӯшкуниҳои барқ нигарон сохтааст. Ҳарчанд ширкати «Барқи тоҷик» роҳандозии лимитро расман аз 8-уми октябри соли равон эълон намуд, вале шикоятҳо ҷиҳати пай дар пай қатъ намудани қувваи барқ пеш аз ин сана, яъне 8-уми октябр зиёд шунида мешуд.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сӯхангуи «Барқи тоҷик» иброз  намуд, ки ба лимит одат кардан душвор аст ва воқеан ҳам лимит  душвориву нобовариҳои зиёдеро ба миён меорад. Номбурда мегӯяд, дар шароити Тоҷикистон дар фаслҳои тирамву зимистон, махсусан дар зимистон ҷорӣ кардани лимит аз ноилоҷист:

«Чунки он захираҳои энергетикие, ки кишвари мо дорад, аз тамоми он захираҳо 5% камтар истифода мешавад. Дар фасли сармо, ки захираи асосии мо обанбори Норак аст, дар ҳаҷми 4,5 миллирад куба метр об дорад ва мо маҷбур мешваем ҳар як сантимери онро  самараноок, бо ҳисобу китоби дақиқ истифода мебарем, ки он дар зимистон 100-110 рӯз мерасад.  Дар зимистон ва тираҳмо, ки давраи камобии маҷрои дарёи Вахш аст,  зиёда аз 200 рӯз идома меёбад, бино бар ин,  Сиситемаи энергетикии Тоҷикистон маҷбур аст, ки лимитро ҷорӣ намояд».

Вале коршиносони умури иқтисодӣ мушкилоти нерӯи барқ ва ба таври комил истифода нашудани захираҳои энергетикиро ба бемасъулятӣ ва ғайриҳирфавӣ будани масъулини ниҳодҳои бахши энергетикаи Тоҷикистон рабт медиҳанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин Самандар Содиқов, устоди кафедраи иқтисоди миллии ДМТ мегӯяд, соҳаи энергетикаи кишвар ба як ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад ва ин ислоҳҳот бояд тавре сурат гирад, ки ба манфиати ҷомеа бошад.

Дар маҷмӯъ масъулини «Барқи тоҷик» ҷорӣ намудани маҳдудиятҳоро дар кишвар то замони ба истифода додани нерӯгоҳи «Роғун» ногузир меҳисобанд.

Дар ҳамин ҳол коршинос Самандар Содиқов иброз намуд, ки то агар низоми дурусти корӣ, ислоҳоти шаффоф ба миён наояд, бахши энергетикаи кишвар рушд нахоҳад кард.

НБО – и Роғун дар масофаи 110 киллометр дуртар аз Душанбе сохта шуда, дар он насби 6 агрегати иқтидори ҳар якашон 600 МВт ба нақша гирифта шудааст. Баландии сарбанди Роғун, ки мояи асосии норозегии Ӯзбекистон шудааст, тибқи лоиҳаи НБО бояд 335 метрро ташкил дода, ҳаҷми обанбори нерӯгоҳ ба 13,3 киллометри мукааб баробар хоҳад шуд. Бисёре аз коршиносони тоҷик, мӯътақиданд, водоркунандаи Ӯзбекистон ба пофишориҳо зидди «Роғун» он омил аст, ки дар паи сохтмони ин НБО, Тоҷикистон ба фурӯшандаи асосии нерӯи барқи минтақа табдил меёбад, аммо Ӯзбекистон намехоҳад мавқеи якатозиашро дар бозори энергетикии минтақа аз даст диҳад.

Масъулини «Барқи тоҷик» дар ҳоле рафъи мушкилоти барқро ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» нисбат медиҳанд, ки тибқи баъзе хабарҳо феълан ҷараёни кор дар ин иншоот суст идома дорад.

Охирон изҳороти зидди «Роғун» , ки ВАО –и Ӯзбекистон таи чанд моҳи охир, аз номи гӯё таҳлилгарони амрикоӣ, - Шоҳрух – Мирзо Ҷалилов, Томас М.Де Саттор ва Ҷей Лейч паҳн мешавад. Ба гуфтаи онҳо зарари асосии «Роғун» ба Ӯзбекистон баъди анҷоми пуррааш хоҳад расид: «Обанбори «Роғун» таи 12,4 сол пур хоҳад шуд, ки ҳамасола барои ин 2 фоизи ҷараёни оби дарёи Аму сарф мешавад.

Таъсири асосии «Роғун» ба Ӯзбекистон баъди пуроб шудани обанбор мерасад. Зимни фаъолияти нерӯгоҳ об дар фасли гармо дар обанбор ҷамъ мешаваду дар фасли сармо сарф мегардад». Ин гӯруҳи таҳлилгарон пешгӯӣ мекунанд, ки фаъолсозии пурраи «Роғун» дар фасли гармо, ки айёми кишту кор аст ҷараёни обро ба Ӯзбекистон 18 фоиз кам ва дар фасли сармо 54 фоиз зиёд мекунад.

Камбуди об ба гуфтаи муаллифони мақоллаи паҳннамудаи ВАО –и Ӯзбекистон, ки дар паи сохтмони НБО –и «Роғун» сурат мегирад, ҳамасола ба Ӯзбекистон ҳудуди 600 миллион доллар ҳисорот расонда, атрофи 300 ҳазор нафарро аз ҷои кор маҳрум мекунад. Дар маҷмӯъ муаллифони мақоллаи зидди «Роғун» эътироф мекунанд, ки ҳар кишвар ҳақ дорад сиёсатеро амалӣ кунад, ки ба фоидаи халқаш аст ва ба рушди иқтисодӣ равона шудаст:

«Сарфи назар аз мавқеи Ӯзбекистон, Тоҷикистон «Роғун» - ро хоҳад сохт ва дар ҳамин ҳол ҳукумати Ӯзбекистонро зарур аст, то дар соҳаи обёрикунии Ӯзбекистон ислоҳот гузаронад. Таҷрибаи об додани заминҳоро, ки исрофкорона аст, дигар карда, ба усулҳои муосири обёрии замин гузарад. Роҳи дигари кам кардани ҳисорот аз сохтмони «Роғун» он аст, ки Тоҷикистон ба Ӯзбекистон барои ҷуброни зарар нерӯ диҳад».

Таҳлилгарони тоҷик иддаоро дар бораи таъсири манфии «Роғун» ба хоҷагии қишлоқи Ӯзбекистон беасос хонда, пешниҳоди ислоҳот дар соҳаи обёрикунии Ӯзбекистонро саривақтӣ арзёбӣ карданд, зеро маҳз исрофкории кишвари ҳамсоя мушкилоти обро дар минтақа шиддат бахшидаст.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi