13:29:18 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

НИЗОМИЁНИ РУСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН МАСУНИЯТ НАХОҲАНД ДОШТ

Мақомот хабарҳо дар бораи ба сарбозу афсарони пойгоҳи 201 додани дахолатнопазирии дипломатиро рад карданд.

/images/stories/2012/11/10_afsari-rus-101112.jpgФаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон ба мо гуфт, ин гуна тавофуқ ва ҳамчунин банди махсус дар созишномаи низомии миёни Тоҷикистону Русия вуҷуд надорад. Вай афзуд, дар созишномаи имзошуда омадааст, ки агар сарбозону афсарони рус дар ҳудуди иншооти мутаалиқ ба худашон ҷиноят содир кунанд, бо қавонини Русия муҷозот мешаванд, аммо вақте онҳо дар дар ҳудудҳои марбут ба Тоҷикистон ва берун аз иншооти низомии худ ҷиноят содир мекунанд, бар пояи қонунгузории Тоҷикистон боздошт мешаванд ва ҷазо мегиранд.

Ибтидои моҳи октябри соли равон ҳангоми сафари Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон миёни вазоратҳои дифоъи ду кишвар Созишномаи шароит ва мӯҳлати будубоши пойгоҳи низомии 201 – и Русия дар Тоҷикистон ба имзо расида буд. Ин созишнома то соли 2042 будубоши ройгони ин пойгоҳро то 30 соли дигар тамдид кард.

Он замон расонаҳо аз қавли Дмитрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури ҳамчунин навиштанд, ки бино ба ин созишнома «тибқи Конвенсияи Вена дар бораи муносибатҳои дипломатӣ аз соли 1961 мақоми ҳайати шахсӣ ва аъзои оилаи онҳо баробар ба мақоми ҳайати маъмурӣ ва фаннии намояндагиҳои дипломатӣ хоҳад буд». Дмитрий Ушаков гуфта буд, ки «сарбозону афсарон аз тафтишот, боздошти худу амволашон дахлнопазирии дипломатӣ хоҳанд дошт».

Аммо манбаъи мо мегӯяд, ин ҳамаро ҷониби Русия замони музокирот пешниҳод карда буд, ки ба сарбозу афсарони рус дахлнопазирӣ ё иммунитети дипломатӣ дода шавад, аммо ҷониби Тоҷикистон ин пешниҳодро қабул накард.

Пойгоҳи низомии 201 бузургтарин пойгоҳи хушкигарди рус аст, ки соли 2004 дар пояи фирқаи 201 – и ин кишвар ташкил шуд. Он 7 ҳазор сарбозу афсари русро дарбар гирифта, дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақар аст.

Музокирот сари ин пойгоҳ миёни ду кишвар аз соли 2008 ба сахтӣ идома дошт ва моҳи октябри соли равон ҳангоми сафари Владимир Путин, президенти Русия ба Тоҷикистон ба охир расид.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #1 salim. 10.11.2012 15:04
hamin guna karordod sivu chand soli pesh dar jumhurii islomii eron az tarafi amrikoiho ba vugu payvasta bud . ammo emomi inkilob yane xumaynii kabir bo etiroz ba shohi eron muboriza burd va saranjom ba piruzii emom xumayni munjar shud. in konun dar eron ba kapitalisiun maruf ast. yane hij kadom az sarbozoni amrikoi haggi javob dodanro dar mukobili jinoyati xud dar eronro nadoshtand. emom xumayni badi tasvibi in konun tavassuti shoh hamaro ba kumaki islom xond va bilaxira piruz shudu shoh bedarak murd. in konun ayni zamon dar tjk jori ast .mardumi mo boyad hushyor boshand va dar fikri vatani azizamon boshand.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi