09:43:57 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ВИЛОЯТИ ХАТЛОН: ХОМӮШИИ МАҚОМОТ ВА НОРИЗОЯТИИ ВОЛИДОН АЗ "ОБЛАВА"

Орзуи Карим, хабарнигори маҳаллӣ

Масъулони ҳукумати вилояти Хатлон ҷалби иҷбории ҷавонон ба сафи артиши миллии Тоҷикистонро дар ин вилоят такзиб карданд. Ҳамчунин онҳо хабарҳои мавҷудияти ба истилоҳ “облава” аз сӯйи кормандони кумисериёҳои низомиро низ дар мавсими даъвати тирамоҳӣ дар ин вилоятро бепоя хонд.

/images/stories/2012/11/15_parentsofsoldie-151112.jpgЯк масъули ҳукумати маҳаллӣ, ки аз гирифтани номаш худдорӣ кард, гуфт дар вилоят ҷавонон баъди гирифтани даъватнома довталабона ба кумисериёҳои низомии шаҳру навоҳии вилоят ҳозир мешаванд. Ба гуфти ин манбаъи ҳукумати вилоят, ҷавонони хатлонӣ дигар мисли солҳои пеш аз хидмати низомӣ дар артиш сарпечӣ намекунанд.

“Облава” дар бистари хоб

Ин дар ҳолест, ки гурӯҳе аз волидоне, ки фарзандонашон ахиран барои хидмати низомӣ аз хиёбонҳо гирифта шудаанд, мегӯянд, ки ҷалби иҷбории ҷавонон дар Хатлон ҷой дошта ва писарони онҳоро аз кӯчаҳо бо дастҳои баста ва “облава” карда ва ба артиш бурдаанд.

Бештари ин падару модарон, ки дар назди бинои кумисериёи низомӣ таҷаммӯъ карда буданд, аз рабуда шудани фарзандони худ аз сӯйи кормандони ин ниҳодҳо шикоят мекарданд.

Иддае аз модарон гуфтаанд, ки фарзандони онҳо ҳатто бидуни ташхиси пизишкӣ ва бе гирифтани даъватнома ба сарбозӣ бурда шудаанд. Бисёре аз онҳо мегӯянд, ки фурсате барои худоҳофизӣ бо фарзандони худро надошта ва то ҳол намедонанд, ки писаронашон дар кадом қисми низомӣ сарбоз шудаанд.

Соро, номи мустаъори як зани 47 сола аз вилояти Хатлон аст, ки гуфт фарзандашро намояндагони кумисериёи низомӣ шабона аз паҳлӯи хонумаш ба сарбозӣ бурдаанд.

Соро мегӯяд: “Ман ифтихор мекунам, ки синни фарзанди ман ба сарбозӣ расидааст, аммо ӯро мисли ҷинояткоре шабона чанд нафар аз хона бурданд. Ман даъватномаи фарзандамро надидам. Писарамро бурдаанд ва ман як ҳафта дар назди кумисериё интизори дидани фарзандам будам. Намедонам фарзанди мо дар кадом қисми низоми сарбоз шудааст.”

Ҳамсуҳбати дигарам, ки низ аз гирифтани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, фарзандаш мушкили равонӣ дошта ва пизишк ӯро ташхис накардааст.

Вай афзуд: “Ҳамсояҳо медонад, ки саломати писарам хуб нест. Агар писари ман сиҳат бошад ман розӣ ҳастам, ки вай хидмат кунад. Агар ба вай дар сарбозӣ ягон ҳодисае шавад аз ҳамон одамҳое, ки ӯро бе ташхис ба сарбозӣ бурданд, домангир мешавам.”

Даъватномаи сарбозӣ ба фарзандони мақомот

Дар ҳамин ҳол коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ки масъулони кумисериёҳои низоми дар шаҳру навоҳӣ ба хотири иҷро кардани нақшаи ҷалби ҷавонон ба артиш, ҷавононро бе ташхисӣ тиббӣ ва аз хиёбонҳо ба сарбозӣ равон мекунанд.

Дар мавриди шикояти волидон аз масъулони кумисериёи низомии вилояти Хатлон суол кардам, аммо онҳо аз суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ карданд.

Ҳато масъулони ин кумисериё иҷозаи аёдати Маҳмудҷон, дӯсти ман ва хабарнигори ҳафтаномаи “Фараж” аз шаҳри Кӯлобро, ки довталабона барои хидмати низомӣ ба артиши Тоҷикистон шомил шуд, ба ман надодаанд.

Ҳоло аз сарнавишти Маҳмудҷон, ки дар кадом қисми низомӣ сарбоз шудааст, иттилоъе дар даст нест. Чун Маҳмудҷон даҳҳо ҷавони дигаре дар вилояти Хатлон ҳастанд, ки ба хидмати низомӣ ҷалб шуда ва пайвандонашон дар ҷустуҷӯйи онҳо будаанд.

Коршиносони умури иҷтимоъӣ мегӯянд, ки бештар ҷавононе, ки ба кувваҳои мусалаҳ барои хидмат даъват мешаванд, аз хонаводаҳои афроди камбизоъат будаанд ва ҳамин ҷавонон ҳастанд, ки кормандони кумисериёҳои низомӣ онҳоро дар шарҳо ва навоҳии мухталифи Тоҷикистон “облава” мекунанд.

Майрамбӣ Ғафурова, як масъул аз шаҳри Сарбанд гуфт, ки дар рӯзҳои аввали даъвати тирамоҳӣ ба фарзандони мақомоти ҳукумати маҳаллӣ барои хидмати низомӣ низ даъватномаҳо фиристода шудааст. Аммо вай афзуд: “Баъди он ки мо даъватномаҳои сарбозиро нахуст ба фарзандони кормандони ҳукуматӣ фиристодем, дидем, ки ҷавонони дигар бо ихтиёри худ барои гирифтани даъватномаи сарбозӣ омаданд.”

Саидҷон Сорбонхӯҷа, муъовини муфтии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз вуҷуди “облава” ё ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиши Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.

Оқои Сорбонхӯҷа гуфт, ки “облава” ҷавононро аз хидмат дар суфуфи артиш дилсард мекунад ва ин шеваи гирифтан ба хидмати низомӣ авоқиби нохубе доштааст. Ӯ мегӯяд: “Хоҳиш мекунам, ки даъвати маро ба инобат гиред ва ба масъулони кумисериёҳои низомӣ фаҳмонед, ки ҷавононро бидуни огоҳӣ аз хиёбонҳо набаранд. Мо дар кадом кишвар зиндагӣ мекунем? Кишвари мо давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ном гирифтааст.”

Гуфта мешавад, ки кумисериёҳои низомӣ дар вилояти Хатлон, то ҳол 60 дарсади даъвати ҷавонон ба артиши Тоҷикистон иҷро карда ва аз ин рӯ водор мешаванд, ки аз хиёбонҳо ҷавононро иҷборан барои сарбозӣ баранд.

Вале бар асоси итилоъи кумисериёҳои низомӣ ва додситони низомӣ дар ин вилоят ин ниҳодҳо шикоётеро дар мавриди вуҷуди “облава” ё ҷалби иҷбории ҷавонон ба хидмат дар артиши Тоҷикистон дарёфт накардаанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi