09:30:22 06-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

МУТТАҲАМ ШУДАНИ ТОҶИКИСТОНИЁН ДАР УЗВИЯТ БА ҲИЗБИ ТАҲРИР ДАР РУСИЯ

Вазорати умури дохилаи Русия нӯҳ тан аз шаҳрвандони Русия ва Тоҷикистонро дар узвият ба Ҳизби Таҳрир, ки фаъолияташ дар он кишвар мамнӯъ аст, муттаҳам кардааст. Бино ба иттилоъи сойти расмии Вазорати умури дохилаи Русия, ки рӯзи ҷумъаи 16 ноябр ин иттилоъро пахш кардааст, ҳамчунин, афрод дар нигаҳ доштани маводди мунфаҷира ва аслиҳа даст доштаанд.

/images/stories/2012/11/16_hizbuttahrir16112012.jpgКормандони пулиси Русия гуфтаанд, ки аз манзили афроди боздоштшуда миқдори зиёди маводди мунфаҷира ва аслиҳа кашф ва муссодира кардаанд. Ҳамчунин дар ин манзил шабномаҳои ин ҳизб ва китоби мазҳабӣ пайдо шуда ва аз ин афрод миқдори зиёди пулҳои тақаллубии юру ва дулор мусодира шудааст.

Пулиси рус гуфтааст, ки таҳқиқоти муқаддамотӣ мушаххас кардааст, ки ин афрод қасди мунфаҷир кардани бархе аз амокин дар Маскав, пойтахти Русияро доштаанд. Гуфта мешавад, ки аз нӯҳ фарди боздоштшуда, шаш нафар шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар мавриди ин қазия ва вуҷуди шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни ин афрод изҳори беиттилоъӣ карданд.

Вале пулиси рус гуфтааст, ки яке аз шаҳрвандони тоҷикистонӣ, ки дирӯз дар амалиёти вижаи онҳо боздошт шудааст, қаблан дар ватанаш барои узвият дар Ҳизби Таҳрир зиндонӣ шудааст. Ин нахустин мавориди боздошти афрод дар занни узвият дар Ҳизби Таҳрир дар як ҳафтаи ахир дар Русия набудааст. Се рӯзи қабл низ ниҳодҳои интизомии Русия дар шаҳри Маскав аз боздошти шаш узви Ҳизби таҳрир, хабар додаанд.

Ҳизб-ут-Таҳрир ал-Исломӣ дар соли 1953 дар шаҳри Иерусалим ё Байтулмуқаддас таъсис шуда ва ҳадафи аслии ин ҳизб бунёди хилофати исломӣ дар сартосари ҷаҳон унвон шудааст. Дар соли 2003 Додгоҳи олии Русия Ҳизби Таҳрирро ҳизби ифротӣ эълом карда ва фаъолияти онро дар ин кишвар мамнӯъ карда буд.

Ҳамчунин, дар соли 2001фаъъолияти ин ҳизб дар Тоҷикистон низ мамнӯъ шуда ва дар даҳсолаи ахир шумори зиёде аз аъзои ин ҳизб, ки гуфта мешавад, бахши аъзаме аз онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд, дар додгоҳҳо муҳокима ва барои муддати тӯлонӣ равонаи зиндон шудаад.

Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ки дар Тоҷикистон нахустин гурӯҳҳои ҷонибдорони ин ҳизб дар авохири даҳаи 1990 ва 2000 зиндонӣ шуданд. Сипас, дар солҳои 2004 ва 2005 гурӯҳи дувуми аъзои Ҳизби Таҳрир равонаи зиндон шуда ва аз соли 2010 ба ин сӯ “мавҷи севуми” ҷонибдорони Ҳизби Таҳрир дар додгоҳҳои ин кишвар муҳокима мешаванд.

Ҳарчанд мақомоти интизомӣ дар мавриди шумори дақиқи ҷонибдорони ин ҳизб, ки ҳоло дар маҳбасҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд, иттилоъе пахш накардаанд, вале коршиносон ҳадс мезананд, ки беш аз 300 нафар аз аъзои ин ҳизб ҳоли ҳозир пушти панҷараҳои зиндон ба сар мебаранд.

Бо вуҷуди маҳкум шудани аъзои ин ҳизб, шиддати густариши фаъъолиятҳои ин созмони мазҳабии мамнӯъ дар Тоҷикистон коҳиш намеёбад. Афзун бар ин афроде, ки дар Ҳизби Таҳрир узвият доранд, эҷоди хилофати исломиро ҳадафи аслии худ медонанд ва ба гуфтаи бархе аз зиндониёне, ки ахиран аз маҳбасҳо озод шудаанд, аъзои зиндонии Ҳизби Таҳрир дар Тоҷикистон аз миёни маҳбусони дигар низ ҷонибдорони ҷадиди худро пайдо мекунанд.

Аз сӯйи дигар, ҷомеъашиносон далели афзоиши гароиши ҷавонон ба созмонҳои мазҳабии ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон дар солҳои ахирро ба бекорӣ, бетаваҷҷӯҳии давлат ба сарнавишти ҷавонон ва сатҳи пасти тадрис дар макотиби ҳамагонӣ ва донишгоҳҳои олӣ дар ин кишвар марбут хондаанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi