ДУШАНБЕ ҚОНУН «ДАР БОРАИ АГЕНТИҲОИ ХУСУСИИ ШУҒЛ»-РО БОЗ БАРРАСӢ МЕКУНАД
Дар назар аст, 27-уми ноябри соли равон муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентиҳои хусусии шуғл» дар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон баргузор гардад.
Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират ба сомонаи «Рӯзгор» иттилоъ дод, ки дар ҷараёни баррасии ин лоиҳа тамоми паҳлӯҳои қонуни мазкур мавриди муҳокима ва арзёбӣ қарор хоҳанд гирифт. Гуфта мешавад, дар ин нишаст масъулини вазорату идораҳои дахлдори кишвар, Созмони Байналмилалӣ Муҳоҷират, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайри давлатӣ, ичунин ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок мекунанд.
Бояд зикр намуд, ин бори аввал нест, ки лоиҳаи қонун «Дар бораи Агентиҳои хусусии шуғл» дар Душанбе ба баррасиву муҳокимаи коршиносон кашида мешавад. Бо таваҷҷӯҳ ба баррасии ин лоҳаи чанде қабл Абдулхайр Ғафуриён, корманди Дастгоҳи иҷроияи президент иброз дошт, ки тибқи муқарароте, ки дар тарҳи қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, дар Тоҷикистон дар баробари агентиҳои шуғли аҳолии давлатӣ минбаъд ҳамчунин агентиҳои хусусиии шуғли аҳолӣ ҳам бояд фаъолият намоянд:
«Вале мутаассифона, дар ҷумҳурии мо ин гуна агентиҳо ташкил нашудаанд. Зеро то ҳанӯз дар Тоҷикистон фазои меъёрию ҳуқуқии зарурӣ вобаста ба таъсиси ин агентиҳо вуҷуд надорад». Номбурда таъкид намуд, ки теъдоди субъектҳои хоҷагидоре, ки оид ба содироти нерӯи корӣ ба хориҷа иҷозатнома доранд ба 70 мерасад, вале аз ин шумора ҳамагӣ 23-24 тоаш фаъол аст, ки бевосита ба содироти нерӯи корӣ машғуланд.
Ба қавли Абдулхайр Ғафуриён, мувофиқи пешниҳодҳои ироашуда ба ин лоиҳа агентиҳои хусусии шуғли аҳолӣ мисли марказҳои шуғли аҳолии давлатӣ барои ба кор таъмин намудани мардум, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар машғул хоҳанд шуд: «Гузашта аз ин дар лоиҳаи мазкур як қатор муқарарот пешниҳод гардидаанд, ки дар он ҷо тартиби ташкил, номнависӣ, инчунин намудҳои фаъолияти онҳо пешбинӣ шудааст».
Бархе аз коршиносони масоили иҷтимоӣ қабули қонун «Дар бораи Агентиҳои хусусии шуғл»-ро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид мекунанд, ки таъсис ва фаъолияти муассири чунин агентиҳо то ҷое метавонанд дар таъмини аҳолӣ ба ҷои кор мусоидат намоянд.
Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»