18:52:37 02-уми Июни 2025 сол

БЕХАБАРИИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТИИ ТОҶИКИСТОН АЗ МУҲОҶИРОНИ БЕМОР

Масъалаи ҷорӣ намудани шакли ягонаи ташхиси тиббӣ оид ба саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ ва имзои созишномаи миёни Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Русия аз мавзӯҳое буданд, ки зимни мулоқоти Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо Анатоли Кузнецов, чойнишини сардори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Душанбе баррасӣ шуданд.

/images/stories/2012/11/28_vazorati-tandurusti-281112.jpgАз Хадамоти муҳоҷират ба сомонаи «Рӯзгор» иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо дар ин нишаст ба хулосае омададнд, ки то 31-уми январи соли 2013 нақшаи чорабиниҳоро дар самти ҳамкориҳои вазоратҳои тандурустии Тоҷикистону Русия вобаста ба коркард ва қабули қарори ягона оиди амалигардонии ташхиси тиббии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия ва Тоҷикистон хотима гузоранд.

Оғози ҳамкориҳои ин ду ҷониб дар хусуси вазъи саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳоле ба миён омадааст, ки ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар надорад, ки шумораи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки ба бемориҳои мухталиф гирифтор шудаанду ба Ватан бармегарданд, ба чанд расидааст.

Фотима Ғоибова, сухангӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон зимни сӯҳбат ба «Рӯзгор» сабаби набудани омори муҳоҷирони меҳнатии ба беморӣ гирифторшуда ва ба пуррагӣ аз ташхиси тиббӣ нагузаштани онҳоро дар мавҷуд набудани қонун дар бораи ташхиси ягонаи тиббии муҳоҷирони меҳнатӣ рабт дод ва таъкид намуд, ки то агар чунин қонун ҷорӣ нагардад дар ин самт оморӣ дақиқ вуҷуд дошта наметавонад: «Аз сабаби он ки ин чиз хоҳишмандӣ аст ва на ҳамаи муҳоҷирон хоҳиш мекунанд, бино бар ин оморӣ аниқ дар ягон ҷо вуҷуд надорад».

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854