ҲУКМИ ҲАБСИ 4 УЗВИ ҲИЗБИ ТАҲРИР ДАР РУСИЯ
4 шаҳрванди Тоҷикистон дар Нижний Новгород ба узвият дар созмони манъшудаи Ҳизб-ут-Таҳрир айбдор мешаванд. Додгоҳи ноҳияи Маскави шаҳри Нижний Новгороди Русия рӯзи 9 январ ҳукми ҳабси 4 нафари гумонбар ба узвият дар созмони мамнӯъи мазҳабии Ҳизб-ут-Таҳрирро содир кард.
Раҳбар ва 3 узви шӯъбаи маҳаллии Ҳизби Таҳрир, ки бино ба хабарҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, ҳанӯз рӯзи 29 ноябр боздошт шуданд. Додситонӣ алакай рӯзи 30 ноябр аз додгоҳи ноҳияи Маскав судури ҳукми ҳабси ин чоргонаро дархост кард, вале додгоҳ ин дархостро радд кард ва ҳатто нафари муттаҳам ба раҳбарии шӯъбаи маҳаллии Ҳизби Таҳрир то кунун дар ҳабси хонагӣ ба сар мебурд. Додситонӣ ба ин ҳукми қаблӣ эътироз овард ва додгоҳи ноҳияи Маскав рӯзи чоршанбе бо лағви ҳукми қаблиаш барои ҳабси аъзои ин гурӯҳ иҷозат дод.
Наталя Нарина, ёвари аршади додситони ноҳияи Маскав ба “Российская газета” гуфтааст, “Натоиҷи муҳокимаи нави додгоҳӣ вазъро тағйир дод ва додгоҳ ин бор аз мавқеъи додситонӣ дар мавриди ба ҳабс гирифтани айбдоршавандагон ҳимоят кард. Ҳамаи ин 4 мард то 27 январи соли 2013 ба ҳабс гирифта шуданд. Агар тафтиши парванда то он замон ба поӣн нарасад, замони ҳабси онҳоро боз тамдид хоҳанд кард.”
Мақомоти додситонии вилояти Нижний Новгород гуфтаанд, ки дар ҷараёни амалиёти боздошт аз манзилҳое, ки ин 4 нафар иҷора менишастанд, васоили таркандаи худсохт, норинҷак, детонаторҳо ва тиру борут кашф ва мусодира шуда буд. Ба гуфтаи мақомот, ҳангоми кофтукоб дар хонаҳои ин афроди гумонбар ба ҳамкорӣ бо Ҳизби Таҳрир ҳамчунин теъдоди бузурги адабиёт ба забонҳои арабиву русӣ, аз ҷумла китобҳое, ки Русия ба “рӯйхати сиёҳ”-и федеролии адабиёти ифротӣ шомил кардааст, наворҳои садоиву видеоӣ, шабномаҳо, чандин компутар ва ҳатто дастгоҳҳои мухобира ёфт шудааст.
Хабаргузории Интерфакс аз қавли тафтишот хабар дод, ки ин зодагони Осиёи Марказӣ намояндагони шӯъбаи маҳаллии Ҳизби Таҳрир буда, нафақат ба таблиғи ақидаҳои тундравона, балки ба таҳрики мардум ба фаъолиятҳои ғайриқонунӣ бо ҳадафи таъсиси хилофати исломӣ низ даст доштанд.
Мақомот исми боздоштшудагонро ифшо намекунад, вале дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Русия дар минтақаи Поволже хабар дод, ки раҳбари ин гурӯҳ зодаи Тоҷикистон аст ва ҳанӯз дар поёни соли 2011 бо як “маъмурияти идеологӣ”, яъне ба хотири афзоиши шумори аъзои ҳизб ба Нижний Новгород омадааст. Дар иттилоияи ин ниҳод, ки Интерфакс нашр кардааст, гуфта мешавад, ки ин нафар “ҳамчун раҳбари ин шӯъба ҷаласоти аъзо ва онҳоеро, ки бояд ба кори ин созмони мамнӯъи террористӣ ҷалб мешуданд, ташкил ва доир мекард, дарсҳое барпо мекард, ки дар он адабиёти ақидатии ин созмони мамнӯъи террористӣ ва китобҳои дигари мазҳабие, ки ба рӯйхати федеролии адабиёти ифротӣ шомил шудаанд, омӯхта мешуд.”
Як иттиҳоми асосӣ алайҳи аъзои ин гурӯҳ, аз ҷумла раҳбараш, ташкили ҳамин ҳалқаҳои дарсӣ ва талоши ҷалби сокинони мусалмони вилояти Нижний Новгород ба Ҳизби Таҳрир аст. Ҳизб-ут-Таҳрир гурӯҳи пинҳонкори мазҳабиест, ки барои сохтани хилофати воҳиди исломӣ мубориза мебарад. Фаъолияти ин гурӯҳ дар аксари кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистону Русия, расман манъ шудааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар соли гузашта дар ин кишвар 144 нафар бо гумони ҳамкорӣ бо созмонҳои тундрав боздошт шудаанд, ки 36 тани онҳо ба ҳамкорӣ бо Ҳизби Таҳрир айбдор мешаванд.
«Озодӣ»