13:24:57 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 29
30 31          

РАСУЛЗОДА: ДАХОЛАТИ СОКИНОН БАҲСҲОИ МАРЗИРО ПЕЧИДАТАР МЕКУНАД

Раиси вилояти Суғд аз муноқишаи наздимарзии Узбакистону Қирғизистон дар минтақаи Сӯх нигаронӣ намуда, аз такрори чунин даргириҳо ҳушдор дод.

/images/stories/2013/01/14_rasulzoda-14012013.jpgҚоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Хуҷанд изҳор дошт, ки эҳтимоли рух додани ҳодисаҳое монанди даргирӣ дар Сӯх, миёни Тоҷикистону Қирғизистон низ мавҷуд аст, чун дар минтақаҳои наздимарзии Суғду Бодканд баҳсҳои ҳалнашуда боқӣ мондаанд. Ҷаноби Расулзода гуфт, дар сурати пеш омадани чунин сӯи тафоҳумҳо, зарур аст, ки ҷонибҳо аз музокирот ва таҳаммул кор бигиранд.

Раҳбари вилояти Суғд афзуд, ҳаллу фасли масоили марзӣ вазифаи аслии давлат ва ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон аст ва дар ин самт фаъолияти худсаронаи сокинон ба манфиати кор нест.

Расулзода ёдовар аз он шуд, ки дар як вохӯрӣ бо сокинони наздимарзии ноҳияи Исфара, нафаре пешниҳод кардааст, ки ба хотири таъмини амният дар ин минтақаи ​​наздимарзӣ, аз ҳисоби сокинон гурӯҳҳои худмудофиа ташкил шавад, ки комилан рад шудааст: «Баҳсҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистонро, барои ҳар 1 метр замин ҳам давлатҳои ин ду кишвар, ки муносибати хеле хуб доранд, баррасӣ мекунанд.»

Анклав ё ҷазирақаламрави Сӯх вилоятҳои Ӯш ва Бодканди Қирғизистонро ба ҳам мепайвандад. Дар ин маҳали  Узбакистон ҳудуди 55 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, ки беш аз 90 дар сади онҳо тоҷиконанд. Муноқиша миёни сокинони узбактабори Сӯх ва сарҳадбонони қирғиз аз норозигии сокинони Сӯх аз насби хатҳои барқгузар (ЛЭП) дар ин минтақаи баҳсноки марзӣ сар зада буд, ки бо гаравгонгириҳои сокинони наздимарзӣ анҷом ёфт. Бо дахолати мақомоти ҳар ду ҷониб гаравгонҳо раҳо гардида, ҳамакнун ҷонибҳо ба таҳқиқи ин моҷаро машғуланд.

Дар гузашта муноқишаҳои ба ин монанд, вале сабуктар байни сокинони анклавҳову мавзеъҳои наздимарзии Исфараву Бодканд, аз ҷумла миёни гуруҳи сокинони анклави Ворух ва деҳаи Оқсой рух дода буданд. Аммо ҳар бор бо талоши мақомот ва сокинони фаъол оташи муноқишаҳо хомӯш мегардид.

Неъматуллоҳи Мирсаид, таҳлилгари масоили марзии водии Фарғона, заминаи низоъбарангезро дар минтақаҳои наздимарзӣ аз идора ва назорати нодурусти марзӣ медонад, ки аз замони шӯравӣ то рӯзҳои мо ҳалношуда боқӣ мондааст: “Асоси мушкил муайян нашудани хати марз байни кишварҳо дар водии Фарғона аст. Анклавҳо ва мавзеъҳои баҳснок хеле зиёданд. Солҳои сол халқҳои тоҷику қирғиз ва узбак дар ин минтақа озодона рафтуомад доштанд. Аммо имрӯз ба ин монеъ мешаванд. Албатта, ин норозигии сокинонро ба вуҷуд меорад.”

Ба назари ҷаноби Мирсаидов, давлатҳои минтақа бояд дар маҳалҳое, ки вазъ муноқишаангез аст, бо таъсиси минтақаҳои бози иқтисодӣ шиддатро коҳиш диҳанд. Ба назари ин таҳлилгар, фароҳам кардани фазои озоди рафтуомад, тиҷорат ва дӯстиву ҳамкории сокинони Суғду Бодкандро мустаҳкамтар хоҳад кард.

Ҷулдош Сотиболдиев, сокини ҷамоати Оқсойи вилояти Бодканд, бовар дорад, ​​муноқишаҳо дар минтақаҳои наздимарзии водии Фарғона, аз ҷумла байни Суғду Бодканд, бо анҷоми марзбандӣ байни Тоҷикистону Қирғистон ва Узбакистон хотима хоҳанд ёфт.

Дар ҳамин ҳол Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд мегӯяд, замоне, ки баҳси марзбандӣ аз ҷониби  комиссияҳои байнидавлатӣ идома дорад, сокинони минтақаҳои наздимарзӣ ҳам бояд аз таҳаммул кор бигиранд ва даст ба амалҳои худсарона назананд.

Вай афзуд, ки мақомоти Суғду Бодканд барои таҳкими муносибатҳои сиёсиву иқтисодии байни минтақаҳо, мунтазам мулоқотҳо баргузор мекунанд. Аз ҷумла, дар соли 2013 низ баргузории як идда барномаву чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки сокинон тарҳрезӣ шудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi