21:11:36 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Никоҳи хешутаборӣ танҳо мушкили Тоҷикистон аст?

Аминҷон Гулмуродзода, махсус барои "Рӯзгор"

Пешниҳоди вакили парлумони Тоҷикистон Саодат Амиршоева дар мавриди ворид кардани тағиру иловаҳо ба Кодекси оила ва аз роҳи қонун манъ кардани никоҳи хешутаборӣ таи чанд муддати ахир мавзӯи доғе барои расонаҳо гардиду дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам мавриди баҳс қарор гирифт. Аслан, ин пешниҳоди депутат Амиршоева сухани наве ҳам нест, зеро 2 соли пеш ба ҳамин мазмун Вазорати тандурустӣ аз парлумон дархост карда буд, ки тавассути қонун никоҳи хешутаборӣ дар кишвар ба танзим дароварда шавад.

saodat-amirshoeva 062013Аммо он замон бо чӣ сабабе вакилони ҳокимияти қонунгузор ин дархости вазоратро рад карда буданду ҳамакнун бо гузашти муддате худи парлумон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намудаву пешниҳоди вакил Саодат Амиршоеваро дар мавриди ворид кардани тағиру иловаҳо ба Кодекси оила дар як ҷаласаи шӯрои Маҷлиси намояндагон қобили қабул дониста, ба ин хотир гурӯҳи корие ҳам аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон созмон додааст. Ба таъкиди депутат Амиршоева, ташаббуси манъи издивоҷи хешутаборӣ аз интихобкунандагонаш дар минтақаи Қӯрғонтеппа маншаъ мегирад, ки онҳо дар суҳбатҳо бо вакил ташвишу нигарониашонро дар ин замина баён кардаанд. Паёмади мушкили никоҳи хешутаборӣ, ки дар пайи он фарзандони маъюбу носолим ба дунё меоянд, депутатро водор кардааст, то ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ кунад ва тавонад аз роҳи қонунӣ пеши роҳи ин падидаро бигирад.

Масъалаи никоҳи хешутаборӣ, фоидаву зиён ва оқибатҳои ногувори он имрӯз қариб дар аксари кишварҳои ҷаҳон мавриди баҳс аст ва танҳо хоси Тоҷикистон нест. Масалан, дар 31 иёлати Амрико чунин никоҳ бо роҳи қонунӣ манъ гардидаву дар дигар иёлатҳо низ монеагузориҳо ба назар мерасад. Дар кишварҳое чун Фаронса, Олмон, Англия, Шветсария, Япония, Хитой, Кореяи Ҷанубию Кореяи Шимолӣ низ маҳдудиятҳо вуҷуд доранд, вале қонуни махсусе, ки никоҳи хешутаборӣ танзим кунад, таҳия ва қабул нагардидааст. 

Аммо Тоҷикистон, ки як кишвари мусалмоннишин асту аксари сокинонаш пайрави дини исломанд, маҳз бо ин ҷиҳат аз мамолики дар боло номбаршуда фарқ мекунад. Аз ин рӯ, ба Тоҷикистон аз зовияи кишварҳои мусалмон нигоҳ кардан мебояд.

Ҳарчанд дар кишварҳои Шарқи исломӣ ҳам ба масъалаи никоҳи хешутаборӣ таваҷҷуҳ зиёд аст, аммо то кунун танзими ин раванд тавассути қонун роҳандозӣ нашудааст. Масалан, гуфта мешавад, ки шумораи аз ҳама бештари никоҳ байни хешу табор дар мамолики араб ба назар мерасад ва қариб 50 фисади издивоҷ дар ин кишварҳо бо хешон будааст. Дар Туркия низ солҳои охир ба никоҳи хешутаборӣ ва фоидаву зарари он таваҷҷуҳ афзудааст. Пешниҳоди манъи ин навъи никоҳ дар ин кишвар низ чандин бор садо додаву вале ҳукуматдорон ҷуръат накардаанд, ки ба иқдоми ҷиддие даст зананд. Дар Озарбойҷон низ чунин вазъ дида мешавад.

Дар ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон низ нигарониҳо аз афзоиши никоҳи хешутаборӣ зиёд гардидааст, ки аксар маврид табибону олимони соҳаи тиб сари ин масъала андешаронӣ мекунанд.

Масалан, ба иттилои рӯзномаи "Вечерний Бишкек", пешниҳоди Саодат Амиршоева, депутати парлумони Тоҷикистон, дар Қирғизистон аз ҷониби генетики машҳури ин кишвар Анора Киштобаева, директори ширкати "ДНК-технологии-Манас", мавриди истиқбол қарор гирифтаву номбурда таклиф кардааст, ки ҳамакнун Қирғизистонро мебояд бо пайравӣ аз ин иқдоми вакили парлумони Тоҷикистон ташаббус нишон диҳад.

Бо вуҷуди он ки нигарониҳо зиёд асту пешниҳодҳо фаровон, аммо то ба ҳол оқибатҳои манфии издивоҷи байниҳамдигарии хешовандон аз ҷониби олимони соҳаи тиб пурра исбот нашудааст. Он мисолҳоеро, ки пизишкон чун далел меоранд, дар никоҳҳои маъмулӣ низ дидан мумкин аст.

Олимони англис Хэмиш Спенсер и Дайан Пол, ки солиёни зиёде ба омӯзиши омори имрӯза ва гузаштаи никоҳи хешутаборӣ машғул буданд, ахиран ба хулосае омаданд, ки хатари беморшавию гирифтори иллатҳо гаштани кӯдакони аз никоҳи хешовандон ба дунё омада баробар бо дигар кӯдакон аст. Ин нуқтаи назарро олими амрикоӣ Мартин Оттенхеймер, устоди донишгоҳи Канзас, низ тасдиқ кардааст. Ин олим дар китоби "Афсонаҳои амрикоӣ дар бораи никоҳи хешутаборӣ" назарияи дар асри 19 дар Амрико шаклгирифтаи оқибатҳои ногувор доштани никоҳи хешовандонро беасос хондааст. Олимони дигар низ дар мамолики АвруОсиё сари ин масъала зиёд гуфтаанду дар оянда боз хоҳанд гуфт.

Баргардем ба Тоҷикистон. Хонум Амиршоева "тоза кардани хуни миллати тоҷик ва генафонди миллӣ"-ро ҳадафи дигари ин пешниҳоди худ унвон кардааст. Бегуфтугӯ, амалӣ сохтани як чунин ҳадаф кори савоб аст, аммо нашавад, ки мабодо дар паи афзоиши таваҷҷуҳ ба поксозии генофонди миллӣ фардо издивоҷи занону духтарони тоҷик бо мардони хитоӣ соҳиби имтиёз гардад. Оё дар паи никоҳи хешовандон бо ҳамдигар "чиркиншавии хуни миллат ва генофонди миллӣ" аз ҷиҳати илмӣ исбот шуда бошад?

Ба таъкиди депутат Амиршоева, "тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, дар ҷумҳурӣ беш аз 25 ҳазор кӯдакони маъюб аст, ки 60-70 дар сади онҳо аз издивоҷҳои хешу таборӣ ва бемориҳои модарзодӣ мебошанд". Саволе ба миён меояд, ки Вазорати тандурустӣ ин маълумотро аз куҷо ва чӣ тавр ба даст овардааст? Дар ҳоле ки, ба таъкиди Олга Романова, мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи гинекологияи назди Вазорати тандурустӣ, айни замон ягон пажӯҳише дар мавриди манфиату зарари никоҳи хешутаборӣ дар Тоҷикистон анҷом нашудааст. Зеро барои гузаронидани ин гуна тадқиқот озмоишгоҳҳову таҷҳизоти ҳозиразамон ва мутахассисони варзида заруранд. Чӣ расад ба як чунин маркази муҷаҳҳази озмоишӣ, ки айни ҳол дар кишвар танҳо як нафар мутахассиси бахши генетика фаъолият дораду халос (номбурда ин суханонро зимни мусоҳиба бо "Азия Плюс" иброз доштааст). Магар як мутахассис тавони онро дорад, ки кори як озмоишгоҳи замонавиро анҷом диҳад? Амалеро, ки то имрӯз озмоишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон наметавонанд ба сомон расонанд.

Бо ин ҳама парлумони кишвар лоиҳаи пешниҳодии манъи никоҳи хешутабориро барои омӯзиш ва баррасӣ ба Академияи илмҳои тиб ва Пажӯҳишгоҳи модару кӯдак фиристодааст, ки ба эҳтимоли зиёд баъди гирифтани хулосаи ин ду муассисаи илмӣ дар муҳлатҳои наздик қонуни мазкур қабул хоҳад шуд. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки раванди татбиқи ин қонун чи гуна хоҳад буд?

Дар масъалаи таъини ҷазо Саодат Амиршоева мегӯяд, "дар кодекси маъмурӣ бояд ҷазо муқаррар карда шавад, ки вайронкунандаи қонун дар чорчӯби он муҷозот хоҳад шуд". Мабодо рафту қонун аз ҷониби оилае вайрон шуд, чӣҷазое нисбат ба онҳо татбиқ мегардад? Арӯсу домод бо роҳи қонунӣ аз ҳам ҷудо карда мешаванд? Бунёди як оилаи нав вайрон мегардад?

 Тавассути қонун метавон ҷашну маросими мардумро танзим карду масъулияти тарбияи фарзандро бар дӯши волидон гузошт, аммо бо истифода аз қонун ба зиндагии шахсии одамон дахолат кардану раванди хешутабории эшонро танзим намудану тақдири ду инсонро тағир доданро оё мардум иҷозат медода бошад? Ин аст ҷиҳати нозуки масъала. 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi