00:50:10 03-уми Июни 2025 сол

МАҲКУМИЯТИ ЯК РАҲБАРИ ҶИӮ БА ҲАБСИ АБАД

Додгоҳи вилояти Суғд як муттаҳам ба узвият дар Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон (ҶИӮ)-ро ба ҳабси абад маҳкум кард. Анвар Қаюмов, ки чанде пеш дар Афғонистон боздошт ва ба Тоҷикистон мустарад шуда буд, аз раҳбарони маҳаллии ин гурӯҳ дар шимоли Тоҷикистон шинохта шудааст. Додгоҳ панҷ тани дигар аз ҳаммаслакони ӯро низ ба иттиҳоми фаъолиятҳои теруристӣ барои 7 то 11-солӣ равонаи зиндон кард.

 

Ин гурӯҳ ба ҳамлаи мусаллаҳ ба посгоҳҳои пулис ва нерӯҳои марзбонӣ ва қатли чанд тан аз низомиён муттаҳам шудаанд. Муҳокимаи ин афрод, ки дар авосити моҳи август оғоз ёфта буд, шоми ҷумъаи 16 октябр ба поён расид. Додоҷон Гадойбоев, қозии ин парванда, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки Анвар Қаюмов, ки яке аз раҳбарони ҶИӮ дар шимоли Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ба таъсис ва шомил шудан ба гурӯҳи ғайриқонунии ҷиноӣ, амалиёти теруристӣ, авбошӣ ва қатл муттаҳам шуда буд.

 

Тибқи ҳукми додгоҳ, оқои Қаюмов бақияи умри худро дар зиндон ба сар хоҳад бурд. Панҷ узви дигари ин гурӯҳ бо таваҷҷуҳ ба сангин будани ҷароиме, ки муртакиб шудаанд, аз 7 то ба 11-солӣ ба зиндон маҳкум шудаанд. Ин гурӯҳ аз ҷумла ба ҳамлаи мусаллаҳона ба боздоштгоҳи пулис дар шаҳри Қайроққум ва раҳо сохтани як ҷонибдори ҶИӮ аз боздоштгоҳ, ҳамла ба посгоҳҳои марзӣ дар ноҳияҳои Конибодом ва Исфара дар соли 2006 муттаҳам шудаанд.

 

Гуфта мешавад, дар пайи ин ҳамлаҳо дастикам нӯҳ нафар аз сарбозон ва маъмурони пулис кушта шуда, чанд тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамчунин, ин афрод баъд аз фирор аз қаламрави Тоҷикистон бо марзбонони қирғиз низ даргир шудаанд. Вукалои мудофеъи ин шаш нафар муттаҳам ба узвияти ҶИӮ дар сададанд баъд аз дарёфт ва ошноӣ бо ҳукми додгоҳи вилояти Суғд аз додгоҳи истинофӣ тақозои бознигарӣ кунанд.

 

Анвар Қаюмов дар авоили соли ҷорӣ дар қаламрави Афғонистон боздошт ва сипас ба Тоҷикистон истирдод шуда буд. Манобеъи амниятии вилояти Суғд изҳор доштанд, ки оқои Қаюмов дар авохири даҳаи 1990 ба гурӯҳи Ҷумъаи Намангонӣ, раҳбари пешини ҶИӮ, шомил шуда, дар Афғонистон ба омӯзишҳои низомӣ ва теруристӣ фаро гирифта шудааст. Ин манобеъ мегӯянд, ки сипас оқои Қаюмов бо дастури Ҷумъаи Намангонӣ барои ҷалби аъзои ҷадид ба суфуфи ҶИӮ ба шимоли Тоҷикистон баргаштааст.

 

Дар ҳамин ҳол, манобеъи амниятии вилояти Суғд хабар доданд, ки таҳқиқи парвандаи боз як узви дигари ҶИӮ, ки низ шомили гурӯҳи Анвар Қаюмов будааст, анҷом ёфта ва барои муҳокима ба додгоҳ ироа шудааст. Зимнан, бештари аъзои ин гурӯҳ, ки ахир равонаи зиндон шуданд, сокинони ноҳияи Исфараи вилояти Суғд мебошанд. Чунин ба назар меарсад, ки бештари афроди муттаҳам ба узвият дар ҶИӮ ва гурӯҳи “Байъат”, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ эълом шудаанд, сокинони ин минтақа ҳастанд.

 

Гуфта мешавад, ки аз соли 1997 ба ин сӯ, танҳо дар ноҳияи Исфара 84 узви ҶИӮ шиносоӣ ва беш аз 40 нафари онҳо боздошт ва муҷозот шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар манотиқи дигари кишвар низ ҷонибдорони ҶИӮ ошкор ва боздошт шудаанд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854