22:02:15 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Таҷрибаи инқилобгароӣ дар сарҳадсозӣ кор наояд

Муноқишае, ки 31 майи соли ҷорӣ байни сокинони деҳаҳои наздисарҳадии Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон сар зад, бори дигар аз ноустувории вазъ дар ин минтақаи марзии ду кишвар гувоҳӣ дод. Ҳарчанд ин дафъа ҷанҷол бо каме занозаниву дашном ва бехунрезӣ поён ёфту тартиботу амният дар деҳаҳои Воруху Оқсой ва Хоҷаи Аъло аз ҷониби кормандони милиса ва марзбонон зери назорат гирифта шуд, аммо сокинон ҳамоно аз такрори муноқиша дар ташвишанд. Зеро то ба ҳол хатти марз байни ду кишвар дар минтақаи Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон пурра муайяну аломатгузорӣ нашудааст ва ба гуфти коршиносон, аз ин боис эҳтимоли сар задани ҷанҷоли дигаре зиёд нигаронкунанда боқӣ мемонад.

isfara-vorukh 17062013Ин бархӯрди сокинон муноқишаи дуюме аст, ки баъди пурра ором гардидани вазъ пас аз ҷанҷоли 27 апрели соли равон рухдода мебошад. Он ҳангом бархӯрди сокинони минтақаи наздисарҳадӣ бар сари истифода ва назорати роҳи мошингард ба миён омада буд. Мақомоти қирғиз дар қаламрави Тоҷикистон бунёди роҳеро пеш гирифтанд, ки ин боиси хашми сокинони деҳаи Ворух гардид ва ба дунбол бист нафар аз ҷавонони ин деҳа монеи бунёди роҳ шуда, таҷҳизоти роҳсозони қирғизро хароб кардаву онҳоро аз маҳал берун ронданд. Дар ҷавоб ба ин амал сокинони минтақаи наздисарҳадии Қирғизистон ягона роҳи анклави Ворухро баста, мардуми ин маҳалро дар бунбаст қарор додаанд. Вазъи ногувор танҳо баъди дахолати мақомоти баландпояи ҳукуматҳои ду кишвар бартараф гардид.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он танҳо 59 дарсад ё 567 километраш аломатгузорӣ шудааст. Пурра муайяну аломатгузорӣ кардани хатти марз кори саҳлу осон нест. Зеро баъди тасарруфи ҳудуди Осиёи Миёна аз ҷониби империяи рус дар нимаи дуюми асри 19 ва забти дуюмбора аз ҷониби болшевикони Ленин дар аввали садаи 20 тоҷикони Варорӯдро аз қисмати зиёди заминҳои аҷдодияшон маҳрум кард. Агар императории Россия як қисми ҳудуди Бадахшони Тоҷикистони имрӯзаро дар пайи созиш бо англисҳо ба Афғонистон бахшид, болшевикони Ленин бо табартақсими худ ба миллати тоҷик зарбаи сахте заданд, ки аз бузургтарин марказҳои илмиву соҳибтамаддуни худ маҳрум монданд ва то ба имрӯз ҷабру ситами ин амалкарди болшевиконро мекашанд. Ҳукумати Шӯравӣ дар ҳудуди Осиёи Миёнаи тасарруфкардаи худ панҷ давлат таъсис доду байни онҳо аз соли 1924 хатти марзро ҳам муайян намуд, ки ин сарҳадҳо таи 70 соли мавҷудияти ин империяи абарқудрат чандин бор тағир ҳам ёфт.

Фурӯпошии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ё СССР чун марги ногаҳонии падаре буд, ки бо даргузашти худ фарзандонро дар гирдоби ҳаёту мамот танҳо гузошт. Акнун он оилаи аҳле, ки замоне бо ҳам тифоқ буданду равобити дӯстонаву бародарона доштанд ва бемамониат бо ҳам додугирифт мекарданд, дар гузашта монд. Мағруриву нописандӣ ва канораҷӯии бародари калонӣ боиси афзоиши бархӯрду моҷароҳо миёни дигар бародарон гардид, ки ҳар яке дар ин гирудор дурустии амалу ростии қавли худро собит кардан мехоҳанд. Албатта, метавон вазъи кишварҳои пасошӯравии Осиёи Миёнаро бо чунин тарз обуранги бадеӣ дод, вале ҳолати кунунии давлатҳои ин минтақа фаротар аз доираи як оила аст.

Оқибатҳои табартақсиму марзбандиҳои печ дар печи ҳукумати Шӯравӣ имрӯз қариб дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна ба назар мерасад, ки бештар аз ҳама вазъу ҳолати ногувор домангири сарзаминҳои водии Фарғона аст. Чун ҳудуди ин водӣ миёни се кишвар - Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбакистон тақсим шудааст ва як нуктаи хеле нозуку осебпазир дар саросари Осиёи Миёна мебошад. Муноқишаву даргирии мардумони маскуни ин водии сернуфус таи чанд сол аст, ки сари ҳар чанд вақт рух медиҳад ва ҳар бор баъди дахолати мақомоти расмии кишварҳо роҳи ҳалли худро пайдо мекунад.

Ба таъкиди коршиносон, сабаби аслии ҷанҷолҳо номуайян будану то ба охир аломатгузорӣ нашудани хатти марз аст. Шояд ин нуқтаи назар то ҷое дуруст ҳам бошад, вале даргирие, ки аввали соли равон миёни сокинони ноҳияи тоҷикнишини Сӯхи Узбакистон ва деҳоти наздисарҳадии Қирғизистон сар зад, ин роҳи ҳалро зери суол бурд. Зеро ҳарчанд ин минтақаи сарҳадӣ байни Узбакистону Қирғизистон пурра муайяну аломатгузорӣ гардидааст, вале бо ин вуҷуд муноқиша сар заду боиси задухӯрд ва гаравгонгириву роҳбандиҳо шуд ва қариб буд, ки бар сари ин ҷанҷоли дар аввал кучак низои калоне сар занад; аз ҳарду ҷониб ба ин мавзеъ теъдоди зиёди низомиёну техникаи зиреҳпӯш сафарбар гардид ва хушбахтона, созиши тарафҳо вазъи ногуворро бартараф кард.

Аслан, агар ба сабабҳои сар задани бархӯрду муноқишаҳо дар мавзеъҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон назар афканем, ҳамагӣ атрофи масоиле чун тақсими замину об ва бунёди роҳу кашидани хатти нерӯи барқ, умуман, проблемаҳои алоҳида аст. Яъне, масъалаҳое, ки метавон онҳоро бе ҷанҷолу кашокаш ҳаллу фасл кард. Ва боз агар амиқтар ба моҳияи масъала фурӯ равему саркардагони ду муноқишаи имсол дар минтақаҳои марзии байни вилоятҳои Суғду Бодканд рух додаро ҷӯё шавем, маълум мегардад, ки дар ҳарду ҳолат ҳам ҷониби Қирғизистон пешгом будааст.

Дар мавриди аввал ҷанҷол баъди он сар зад, ки қирғизҳо дар мавзеи марзии мавриди баҳси ду кишвар ба роҳсозӣ шуруъ карданд ва шаҳрвандони тоҷик монеи ин кори эшон шуданду кор бо задухӯрду роҳбандӣ ва билохира бо созиши ҷонибҳо анҷом ёфт. Моҷарои дуюм дар пайи он ба миён омад, ки марзбонони қирғиз ду ҷавони тоҷики сокини деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфараро дар маҳали наздик ба деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд боздошт ва шадидан мавриди латукӯб қарор доданд. Аз ин амали марзбонони қирғиз ҳамдеҳагони ҷавонони зарардидаи тоҷик огаҳ шуданду ба қирғизҳо дарафтиданд. Ин бор ҳам задухӯрд шуду роҳбандӣ ва оқибат оштӣ.

Саволе ба миён меояд, ки ба чунин амалҳо даст задану муноқиша хезондани ҷониби Қирғизистонро сабаб чист ва эшон бо ин кору амалашон чӣ ҳадаферо мехоҳанд пайгирӣ кунанд? Сабабҳо метавонад гуногун бошад, вале сабаби аслӣ шояд дар он аст, ки мақомоти сатҳи болоии ин кишвар мехоҳанд бо ҷалби эътибори мардум ба мушкилоти мавзеъҳои наздисарҳадӣ таваҷҷуҳи эшонро аз проблемаҳои дохилии Қирғизистон дур созанд. Қирғизҳо таи чанд соли охир зимни барпо кардани чанд инқилоб ду роҳбари давлатро сарнагун карданд ва то ҷое дар инқилобсозиву сарнагункорӣ "усто" ҳам шуданд. Имрӯз шояд ҳукумати вақт аз он дар ҳарос аст, ки шаҳрвандони кишвар бо норизоӣ аз мушкилеву норасоие даст ба тазоҳуроти густурда назананд ва роҳбарияти кунуниро низ вожгун насозанд. Албатта, ин як фарзия аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ гунаҳгор кардани касеву ҷонибе нест.

Аз ҷониби дигар, афзоиши нуфузу эътибори тоҷикон дар Қирғизистон ва пурқувват гардидани ҷамъияти эшон низ то ҷое ҳукуматдорону миллатгароёни қирғизро нигарон карда, ки ахиран бо боздошту маҳкум ба зиндон кардани Равшан Собиров, вазири рушди иҷтимоӣ ва роҳбари Анҷумани тоҷикони Қирғизистон поён ёфт. Ҳарчанд ин вазири тоҷиктаборро дар амалҳое чун ришваситониву сӯистифода аз мансаби давлатӣ гунаҳгор медонанд, вале ба гуфтаи шоҳидони ҳол, вазъи имрӯзаи қазия печидатар аз асли он аст. Зеро додгоҳ дар моҳи ноябри соли 2012 Равшан Собировро бегуноҳ донисту муовини собиқи ӯ Тоҳир Мирзоаҳмадовро ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Вале дар паи эътирози додситонии кулли Қирғизистон ба ин ҳукми додгоҳ дар муҳокимаи дувуми парвандаи фасод алайҳи нахустин вазири тоҷик дар таърихи Қирғизистон моҳи марти соли равон Равшан Собиров барои 5 сол маҳкум ба зиндон шуд.

Равшан Собиров дар мусоҳибае бо радиои "Озодӣ" баъди раҳо шуданаш аз мурофиаи додгоҳии 21 ноябри соли 2012 гуфта буд, ки бегуноҳ аст ва зимнан илова ҳам кард: "Ин парвандаро барои ман сохта буданд. Ягон шоҳиде наёфтанд, ки шаҳодат диҳад. Гузашта аз ин, ёвари ман дар чор бозпурсӣ дар ҷараёни мурофиа гуфт, ки ба сари вай халта кашида, зери фишор аз вай эътироф ситонидаанд. Ба вай гуфтаанд, ки ба онҳо "моҳии бузург" даркор аст ва шояд ҳамин "моҳии бузург"-ро дар симои ман медиданд.  Ҳамаи шоҳидон ба фоидаи ман шаҳодат доданд ва додгоҳ маро сафед кард". Аммо бо вуҷуди ин, вазири тоҷиктабор зиндонӣ шуд ва ҳукумати Қирғизистон бо ин роҳ тавонист то ҷое тоҷикони муқими кишварашро саркӯб кардаву барои пешгирии афзоиши нуфузи эътибори эшон монеа гузорад.

Дар масъалаи мавзеъҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон шояд гурӯҳҳои алоҳидаи манфиатдоре дар Қирғизистон сари кор бошанд, ки мехоҳанд зимни ноором кардани вазъи минтақа фоидае ба даст биёранд. Вале беҳтар мебуд, агар пеш аз шуруъ кардани муноқишае аз оқибати он андеша кунанд. Зеро Тоҷикистону Қирғизистон ва на танҳо ин ду кишвар, балки дигар давлатҳои Осиёи Миёна низ имрӯз дар шароите қарор доранд, ки кишварҳои абарқудрат барои таҳкими эътибору манзалати хеш дар минтақа байни худ дар ҳоли муборизаанд ва метавонад сар задани камтарин моҷаро байни кишварҳои Осиёи Миёна ба фоидаи онҳо ҳал гардад. Ин ҷиҳатро, пеш аз ҳама, бояд миллатгароёну мардуми қирғиз мадди назар дошта бошанд. Зеро чун оташ дар ҷангал афтид, ҳама хушку тарро месӯзад. Беҳтар нест, ки чун кӯдакон бо оташбозӣ сарикор нагирем ва аз оқибати амаламон андеша кунем?

Баъдан, имрӯз мо дар асри 21 қарор дорем, на дар асрҳои миёна, ки бо тохтутозу ғорати ҳамсоягон ва тасарруфу азхудкунии ҳудуду манзилу макони дигарон хазинаамонро бой гардонему заминамро фарох. Тоҷикон баъди инқирози давлати Сомониён таи чанд садсола хеле ҷабру ситам кашиданд ва аз сарзаминҳои бобоии худ рондаву дар водиҳову кӯҳистон манзил ихтиёр карданд. Шукри Худо, ҳоло тоҷикон соҳиби сарзамини худ бо номи Тоҷикистонанд ва ҳарчанд дар охири садаи 20 бо хатари аз даст додани ин пораи заминашон низ мувоҷеҳ буданд, вале бо кордониву дурандешии хеш ин хатарро бартараф кардаву ҳоло аз паи таҳкиму ободонии Ватананд ва ҳаргиз намегузоранд, марзу бумашон аз нав мавриди табартақсим қарор гирад ва бегонае як пораи заминашро соҳиб шавад, ки мардонагиву далерӣ ва ҷасорату ғаюрии сокинони ноҳияи Исфараи Тоҷикистон худ далели возеҳи ин гуфтаҳост.

Мегӯянд, Қирғизистон ягона кишвари Осиёи Миёна аст, ки бо Тоҷикистон муносибати хеле хуб дорад ва низоми равуои шаҳрвандон ба кишварҳои ҳамдигар бевиза ва нисбатан озодона сурат мегирад. Аз ин рӯ, беҳтар нест, ки ин шеваи муносибатро нигоҳ дорему дар фазои сулҳу салоҳ аз паи таъмини рӯзгорамон бошем?

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi