11:42:30 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Олами қолинҳои "Валӣ"

Қолинҳои босифату арзон аз Туркияву Афғонистону Ирон

Рушди қолинбофӣ - омили пешрафт

Мардуми мо аз қадим ба қолин ё худ гилем ва истифодаи он чун як ҷузъи ороишии хона аҳамияти хоса медиҳад. Ин падида шояд аз он ҷо сарчашма бигирад, ки санъати қолинбофӣ барои тоҷикон яке аз суннатҳои аҷдодӣ маҳсуб меёбад. Ва ин риштаи саноат дар байни мардуми сарзамини мо тӯли таърих рушд кардаву ҳатто ба авҷи худ расида.

1 qolinhoi-valy 454545Ҳамчун далели рушди қолинбофӣ дар кишвари мо кофист, агар ки ба давраи на чандон дур, замони Иттиҳоди Шӯравӣ бингарем. Солиёни тӯлонӣ дар қаламрави ин кишвари бузург ва ҳатто берун аз он маҳсулоти истеҳсоли Иттиҳодияи истеҳсоли "Қолинҳои Қайроққум" шуҳрат дошт ва қолинҳои баландсифати ин коргоҳи азим саросари Шӯравӣ паҳн шуда буданд. Рушди қолинбофӣ ё дар маҷмуъ саноати сабук омили пешрафт ва боло рафтани сатҳи зиндагии мардуми ҳар кишвар шуда метавонад. Бо дарназардошти ин Ҳукумати кишвар барои рушду тавсеаи саноати қолинбофӣ дар кишвар тадбирҳои пайваста меандешад.

Тайи чанд соли охир корхонаи Қолинҳои Қайроққум, бо талабу пофишориҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё карда шуд. Дар ин давра тамоми таҷҳизот ва хатҳои технологӣ тармиму таҷдид гардида, ҳаҷми истеҳсол ҳам афзуд. Дар муқоиса бо ҳаҷми миёнаи истеҳсоли маҳсулоти солҳои 2000-2005 соли 2012 истеҳсоли маҳсулот дар ин корхона дуюним баробар зиёд шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни боздидаш аз ин коргоҳ супориш дода буд, ки " бояд то як соли оянда ин иқтидор ба 2 миллиону 600 ҳазор метри мураббаъ ва дар оянда ба 5-6 миллион расонда шавад".

Тиҷорати қолин - бахши рушдкарда дар Тоҷикистон

Ба ҳар сурат истеҳсоли қолин имрӯз дар Тоҷикистон ба таври лозима ба роҳ монда нашудааст. Дар ҳоле ки тайи чанд соли ахир талабот ба қолин дар бозорҳои кишвар ба маротиб боло рафтааст. Зеро солҳои охир дар байни мардуми мо анъана шуда, ки на танҳо қолинро барои ороиши хонаи худ мехаранд, балки қолин ҳадя бурдан ба ҷашну сурҳо ба ҳукми анъана даромада ва ин яке аз бақадртарин ҳадя ҳам шуморида мешавад.

Шояд ҳамин омил бошад, ки имрӯз қолинфурӯшӣ дар Тоҷикистон, яке аз бахшҳои рушдкардаи савдо маҳсуб меёбад. Табиист, ки чун ба моле дар бозор талабот пайдо мешаваду тоҷирони зиёд ба ворид кардани он даст мезананд, агар дар бозор монополия на, баръакс рақобати солими тиҷорӣ мавҷуд бошад, нархи маҳсулот поён мераваду сифати он боло. Зеро ҳар тоҷир мехоҳад бо ҳар васила муштарии бештарро ба худ ҷалб карда бошад. Ва воқеан имрӯз тиҷорати қолин яке аз бахшҳои рушдкардаи тиҷорат дар бозорҳои кишвари мост.

Олами қолинҳои "Валӣ" - қолини арзону босифат

Барои ошно шудан ба сифат ва нархи қолинҳое, ки дар дӯкону бозорҳои пойтахт ба фурӯш гузошта шудаанд, мо аз яке аз фурӯшгоҳҳои бузурги қолин дар Душанбе - Олами қолинҳои "Валӣ" дидан кардем. Сабаби маҳз ба Олами қолинҳои "Валӣ" омаданамон аз он буд, ки борҳо ба гӯшамон аз забони мардум расида буд, ки дар инҷо қолинҳои босифат бо нархи арзон ба фурӯш гузошта шуда.

Иттифоқан директори ин фурӯшгоҳ Бобовалӣ Шарифовро назди даромадгоҳ дарёфтему худро муаррифӣ кардем. Ӯ моро хуб пазироӣ намуд ва ба дохили фурушгоҳ раҳнамоӣ кард. Барои мо аз ҳама ҷолиб ин буд, ки беруни мағоза бисёр оддиву назарногир, аммо дохилаш дунёи комилан дигар! Қолинҳои рангобаранг чашми касро мерабоянд. Кас ҳайрон мешавад, ки ба кадомаш бингараду кадомашро харидорӣ намояд.

Бобовалӣ Шарифов мегӯяд, ки тамоми кӯшиши масъулини ин фурӯшгоҳ танҳо ба он равона карда шудааст, ки чӣ гунаву бо кадом роҳ ба муштариён маҳсулоти босифтау дастрасро пешниҳод намоянд. Ба андешаи Бобовалӣ "дар ин навъи тиҷорат муҳимтар аз ҳама бояд маҳсулоти хуб ворид ва ба харидор пешниҳод кард. Чӣ қадар молат хуб бошад, ҳамон қадар тезтар ва бештар ба фурӯш меравад. Бояд ба роҳи фанду фиреб наравӣ, ба харидор эҳтиром гузорӣ".

Муштариён: Сифати олӣ аз Олами қолинҳои "Валӣ"

Суханони Бобовалӣ дурустанд ва маҳз дар кори худ ҷорӣ кардани ҳамин меъёрҳо буда, ки имрӯз Олами қолинҳои "Валӣ" бовари муштариёнро сазовор гардида.

2 qolinhoi-valy 454545Воқеан, замоне, ки мо онҷо ҳузур доштем, муштариёни зиёде аз қолинҳои ин фурӯшгоҳ харидорӣ мекарданд. Як муштарӣ, ки худро Самад муаррифӣ кард, дар суҳбат бо мо гуфт, ки барои он ба мағозаи Олами қолинҳои "Валӣ" меояд, ки нархи қолинҳо инҷо назар ба дигар нуктаҳо арзонтар аст. Ба гуфтаи ӯ "дар бисёр мағозаҳо агар чизи арзон пурсон шавӣ, молеро ба ту пешниҳод мекунанд, ки умуман бесифат аст. Аммо дар Олами қолинҳои "Валӣ" ба ҳар сурат қолинҳои сифати хуб доштаро бо нархи дастрас ҳам пайдо кардан мумкин".

Холаи Малика бошад ба ин назар аст, ки "Ман чанд вақт пеш аз ҳамин ҷо барои хонаи худам ду қолин гирифта будам. Сифаташон хуб баромад. Имрӯз хостам ба нияти тӯи хонадоршавии духтарам боз ду қолини дигар харидорӣ намоям. Воқеан сифати қолинҳои ин мағоза ва нархи он маро ҳамчун харидор қаноатманд карда метавонад".

Бобовалӣ Шарифов, директори ин фурӯшгоҳ мегӯяд, онҳо аслан аз Ҷумҳурии Туркия қолин ворид мекунанд. Ӯ мегӯяд, зеро санъати қолинбофӣ дар ин кишвар хеле тараққӣ карда, қолинҳои босифатро бо нархи дастрас дарёфт кардан мумкин аст. Ба гуфтаи ӯ онҳо ҳамчунин бо дарназардошти завқу салиқаи гуногуни муштариён аз Ирону Афғонистон ҳам қолинҳои дастбоф ва дигар навъи қолинҳоро вориди бозор мекунанд ва ба таври яклухту чакана ба фурӯш мегузоранд. Дар баробари муштариёни одӣ мисли акаи Раҳим аз Қурғонтеппа ва Мирзошо аз бозори "Султони Кабир" зиёданд савдогароне, ки аз ин мағоза ба таври яклухт қолин харидорӣ карда, онро ба таври чакана дар бозорҳо мефурӯшанд.

Ҳадаф аз тиҷорат танҳо суд нест

Бояд ҳадафи тоҷирони ватанӣ аз тиҷорату савдо танҳо ба даст овардани фоида набуда, бояд манфиатҳои истеъмолкунанда ё худ истифодабарандаро ҳам ба инобат бигиранд. Танҳо дар ин сурат сармояи онҳо ҳалол ва корашон бобарор хоҳад шуд.

Ба андешаи Бобовалӣ Шарифов, директории фурӯшгоҳи "Олами қолинҳои Валӣ" - бояд дар савдо ҳама чизро санҷиду омӯхт. Ӯ мегӯяд, ки "ман на танҳо диққат медиҳам, ки моли босифатро ба муштариён пешниҳод намоям, балки ба ҳамаи фурӯшандагон ҳам ҳар рӯз борҳо таъкид мекунам, ки бо муштариён муносибати хуб намоянд, дағалӣ накунанд ва то ҳадде, ки метавонанд, хоҳиши онҳоро ба даст оваранд. То имрӯз нашуда,ки касе баъди харидан маҳсулоти мағозаи моро аз сабаби паст будани сифаташ бозпас оварда бошад. Касе нест, ки баъди харидорӣ аз қолинҳои мағозами "Олами қолинҳои Валӣ"-изҳори норозигӣ карда бошад. "

Воқеан Олами қолинҳои "Валӣ" аз зумраи он нуқтаҳоест, ки дар он ҳамешаву дархӯри ҳама гуна завқ қолинҳоро босифат ва бо нархи дастрас метавон дарёфт.

Шаҳриёр

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №24, 13 ноябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi