ДАРХОСТИ ПАРДОХТИ ҚАРЗИ КИШОВАРЗОН
Бонки миллӣ ва Анҷумани бонкҳои Тоҷикистон аз давлат хостаанд, ки замони бозпардохти бидеҳиҳои кишварзонро муҷаддадан тамдид кунад.
Гуфта мешавад дар ғайри ин сурат, бонкҳои Тоҷикистон бо мушкилоти молӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд. Ин бидеҳиҳо дар пайи сармоягузории арсаи панбакорӣ дар соли гузашта аз сӯйи давлати Тоҷикистон анбошта шудааст. Соле қабл давлати Тоҷикистон аз тариқи бонкҳо дар воҳидҳои кишоварзии панбакор ба маблағи 140 миллион сомонӣ ё муъодили беш аз 32 миллион доллар сармоягузорӣ карда буд. Интизор мерафт, ки ин маболиғ то 1 марти соли ҷорӣ бозгардонда шавад.
Вале дар пайи бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ва коҳиши қимати панба дар бозори ҷаҳонӣ, воҳидҳои кишоварзии Тоҷикистон натавонистаанд бидеҳиҳои худро бамавқеъ бозпас бидиҳанд. Дар моҳи марти имсол давлати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки замони бозпардохти ин бидеҳиҳоро нахуст барои як моҳ ва сипас то 1 ноябри соли ҷорӣ тамдид кунад.
Ҳамакнун, тибқи иттилоъи манобеъи Вазорати молияи Тоҷикистон, аз 140 миллион сомонӣ бидеҳиҳо, ки кишоварзон гирифта буданд, танҳо 64 дарсади маболиғ бозгардонда шудааст. Танҳо “Тоҷиксодиротбонк” ва “Бонки рушди Тоҷикистон” тавонистаанд маболиғи бидеҳиҳоро аз воҳидҳои кишоварзӣ бозпас гирифта ва ба хазинаи вазорати молия баргардонанд.
Вале “Ориёнбонк”, “Агроинвестбонк” ва “Тоҷпромбонк” то ҳол натавонистаанд ин маблағҳоро ба давлат бозпас диҳанд. Ин дар ҳолест ки дар соли ҷорӣ давлати Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети кишвар дар воҳидҳои кишоварзии панбакор ба муддати 18 моҳ ба маблағи 180 миллион сомонӣ сармоягузорӣ кардааст. Ва ҳамакнун рӯшан нест, ки кишоварзон баъд аз ҷамъоварии ҳосили имсолаи панба ва фурӯши он нахуст кадоме аз бидеҳиҳои худро боз хоҳанд пардохт.
Давлати Тоҷикистон дар соли 2008 тасмим гирифт, ки дар воҳидҳои панбакор сармоягузорӣ кунад. Ин тасмим дар пайи афзоиши бидеҳиҳои воҳидҳои кишоварзӣ аз ширкатҳои ба истилоҳ "фючерсӣ", ки болиғ ба понсад миллион доллар буд, гирифта шуд. Пардохти бидеҳиҳои кишоварзон аз ширкатҳои фючерсӣ ба таъвиқ дароварда шуд ва давлати Тоҷикистон изҳор дошт, ки наҳваи ҷадиди сармоягузорӣ дар арсаи панбакорӣ муассир хоҳад шуд.
Вале таҷрубаи истифода аз ин наҳва дар ду соли ахир ҳокист, ки аз тағйири сармоягузор дар арсаи панбакорӣ фаъолияти кишоварзон судовар нашудааст. Ҳарчанд коршиносон мегӯянд, ки дар ин замина наметавон аз коҳиши чашмраси баҳои нахи панба дар бозори ҷаҳонӣ сарфи назар кард. Иқтисоддонҳо мегӯянд, ки таҷрубаҳои давлат дар сиёсати кишоварзӣ дар 17 соли ахир собит месозад, ки танҳо хусусисозии замин метавонад омили аслии рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон бошад.
Аммо бисёриҳо бо такия ба қонуни асосии Тоҷикистон, ки заминро моликияти истисноии давлат медонад, ва ҳамчунин бо ишора ба ин ки Тоҷикистон кишваре камзамин аст ва дар сурати хусусисозӣ мумкин аст бахши аъзаме аз заминҳо дар дасти гурӯҳе кӯчак қарор бигирад, бо ин дидгоҳ мухолифат кардаанд.
Би-Би-Си