ТАСВИБИ ҚОНУНИ БУДҶАИ ЗИДДИБУҲРОНӢ
Рафъи авоқиби буҳрони ҷаҳонии молӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва рушди воқеъии иқтисодиёт, бахшҳои энержию иртиботот аз нукоти аслии Қонуни будҷаи ин кишвар барои соли 2010 маҳсуб мешавад.
Тибқи ин қонун, рӯзи чаҳоршанбеи 11 ноябр, дар порлумони Тоҷикистон тасвиб гардид, ҳаҷми умумии Маҳсулоти нохолиси миллӣ дар соли оянда то ба 24,5 милиёрд сомонӣ хоҳад расид, ки ин маблағ дар муқоиса ба арқоми соли ҷорӣ 4 милиёрд сомонӣ бештар будааст. Бахши даромади будҷаи соли оянда 6 милиёрду 537 милюн сомонӣ ва бахши махориҷ 6 милиёрду 782 милюн сомонӣ буда ва касри будҷа 1 дар сади мизони даромади нохолиси миллии ин кишварро ташкил медиҳад.
Рушди тавлидот дар соли оянда 5 дар сад, мизони таваррум 9 дар сад ва баҳои як дулор дар баробари сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон барои соли оянда 5 сомонӣ пешбинӣ шудаст. Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия ё дороии Тоҷикистон гуфт, ки бо вуҷуди буҳрони молӣ дар будҷаи соли 2010 мизони сармоя ба бахши иҷтимоъӣ коҳиш наёфта ва ҳудуди 50 дар сади маболиғи будҷа ба ин бахш тахсис хоҳад шуд.
Ҳамзамон, оқои Наҷмиддинов таъкид кард, ки барои аввалин бор будҷаи соли 2010-и Тоҷикистон ба бахшҳои иҷтимоъӣ ва рушд тақсим шуда ва барои бахши рушд тахсиси ҳудуди 3 милиёрд сомонӣ ё 43 дар сади маболиғи будҷа дар назар гирифта шудааст. Дар назар аст, ин пул барои барои ниёзҳои бахшҳои энержӣ, кишоварзӣ, истихроҷи маъодин ва бунёди роҳҳои иртиботӣ масраф шавад.
БАХШИ ДАРОМАД АЗ КУҶО ТАЪМИН МЕШАВАД?
Дар ҷараёни баррасии пешнависи Қонуни будҷаи соли 2010 дар иҷлоси имрӯзи порлумон мубоҳисот умдатан дар атрофи роҳҳои таъмини бахши даромади будҷа сурат гирифт. Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки дар соли оянда дар мавриди мизони андози аксиз ё молиёт барои спирти этилӣ, машрубот ё алкул ва сигор таҷдиди назар шавад.
Ҳамчунин, бархе аз намояндагон хостори коҳиши теъдоди корхонаву муассисоте шуданд, ки дар вуруди колоҳо аз имтиёзоти молиётӣ бархурдор ҳастанд. Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон ва намояндаи порлумони ин кишвар ин суолро матраҳ кард, ки “Чаро дар канори пружаҳои Қасри миллат ё Китобхонаи миллӣ сохтмони меҳмонхонаҳои панҷ ситорадор дар Тоҷикистон низ аз пардохти молиёт муоф бошанд?”
Аз сӯйи дигар, Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби коммунист ва намояндаи порлумони Тоҷикистон ба саркашии бархе аз масъулони сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорон аз пардохти молиёт ишора карда ва гуфт, ки дар Тоҷикистон низ чун дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон барои ин амал муҷозоти сангин пешбинӣ шавад.
Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ки дар Қонуни будҷаи феълӣ таҷдиди назар дар бораи имтиёзоти молиётӣ барои корхонаву муассисот дар назар гирифта шудааст. Афзун бар ин, ба гуфтаи оқои Наҷмиддинов дар ин санади ҳуқуқӣ ба коҳиши 24 дар садӣ барои нигаҳдории сохтори давлатӣ таъкид шудааст, ки ба ин ҳисоб ба миқдори 146 милюн сомонӣ маболиғи будҷа сарфаҷӯйӣ хоҳад шуд.
Бо пешниҳоди Саъдулло Хайруллоев, раиси Маҷлиси Намояндагон ё маҷлиси суфлои порлумони Тоҷикистон дар мусаваббаи Қонуни будҷаи соли 2010 банди “назорати ҷиддӣ ба раванди иҷрои будҷа” ворид карда шуд. Дар иҷлоси порлумон таъкид шуд, ки пас аз тасвиби Қонуни будҷа маболиғи он аз сӯйи вазоратхонаҳо ва идороти давлатӣ масраф шуда ва ҳеч ниҳоде аз ҷараёни ин кор назорат намекунад.
Бар асоси мусаваббаи порлумон, қарор аст дар соли оянда Кумитаи будҷаи порлумони Тоҷикистон раванди иҷрои Қонуни будҷаро назорат карда ва дар ҳар се моҳ аз натоиҷи фаъолияти худ ба иҷлоси порлумон гузориш диҳад. Ҳамчунин, дар иҷлоси имрӯзи Маҷлиси Намояндагон ё маҷлиси суфлои порлумони Тоҷикистон қонуни “Рӯзҳои ид” ислоҳ шуда ва рӯзи 24 ноябр Рӯзи Парчами Давлатӣ эълом шуд.
Гуфта мешавад, ин ислоҳ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуда ва дар ин рӯз бидуни таътили умумӣ аз Рӯзи Парчами Давлатӣ таҷлил мешавад.
Би-Би-Си