13:21:30 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

5 миллион сомонӣ даъвои Кумитаи андоз аз бонки "Эсхата"

Мақомоти андози вилояти Суғд аз бонки "Эсхата", яке аз нахустин бонкҳои мустақили Тоҷикистон, даъвои 5 миллион сомонӣ андоз кардаанд.

bonki-eskhata-98544521.jpgДодситонии Суғд ба таҳқиқи 5 миллион сомонӣ даъвои идораи андози ин вилоят алайҳи бонки "Эсхата" шурӯъ кардааст. Бино ба иддаои мақомоти андози Суғд, ин маблағи муодили қариб 1 миллион доллар бо қурби вақт бояд ба буҷа ворид мешуд, аммо дар дохили бонк "пинҳон" мондааст.

То ҳоло мақомоти бонки "Эсхата", аз нахустин бонкҳои хусусӣ дар Тоҷикистон, дар ин бора изҳори назар накарда, ҳақиқат ва нодурустии ин иттилоъро тасдиқ ё рад накардаанд. Дафтари матбуоти бонки "Эсхата" дар ин робита изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, ин қазияро танҳо Хуршед Носиров - раиси бонк метавонад шарҳ диҳад.

Аммо як манбаъ дар Оҷонсии зиддифасод гуфт, шикояти идораи андози вилояти Суғд аз бонки "Эсхата" аввал ба номи онҳо ва сипас ба додситонӣ ирсол шудааст. Манбаъ афзуд, тафтиши додситонӣ мушаххас хоҳад кард, ки воқеан баҳси 5 миллион сомонии бонки "Эсхата" аз куҷо об мехӯрад ва то куҷо ҳақиқат дорад? Ба гуфтаи ӯ, дар сурати собит шудани ин даъво тафтишот бояд инро ҳам маълум кунад, ки чаро ин маблағи бузург ба буҷа нарафта, дар дохили бонк "пинҳон" мондааст?

Ин баҳси тақрибан як миллиондолларии бонки "Эсхата" дар пайи тафтиши фаъолияти сесолаи ин ниҳоди молӣ аз тарафи мақомоти андози вилояти Суғд ошкор шудааст.

Бонки "Эсхата" аз нахустин бонкҳои хусусӣ дар Тоҷикистон аст, ки ҳанӯз 20 сол пеш, дар моҳи ноябри соли 1994 таъсис ёфтааст. Идораи марказии ин бонк дар шаҳри Хуҷанд воқеъ буда, тайи чор соли охир фаъолияташ дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ чашмрас шудаанд.

Ин бонк, бино ба омори нашршуда дар сомонаи расмиаш, солона зери 900 миллион сомонӣ гардиш ва 43 миллион сомонӣ даромади соф доштааст. Бино ба ин омори марбут ба соли 2013, бонки "Эсхата" ба муштариёнаш ба маблағи умумии 389 миллион сомонӣқарз додааст. "Эсхата" асосан ба ироаи қарзҳои хурд машғул аст.

Бонки "Эсхата" ҳамчунин бо ибтикорҳои зиёде ба хотири ҷалби муштарии бештар дар бозори бонкии Тоҷикистон машҳур аст. Аз ҷумла бо маъракаи "Интиқоли тилоӣ", ки ахиран Носир Қосимов, як сокини 75-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ бо шарофати пулҳое, ки се фарзанди муҳоҷираш тавассути "Эсхата" барояш фиристодаанд, 100 000 сомонӣҷоизаи аввали ин сабқатро ба даст овард.

Ин бори аввал нест, ки мақомоти андози Тоҷикистон барои напардохтани андоз ва ё пинҳон кардани даромадҳояшон бо ширкатҳои бузурги Тоҷикистон вориди баҳс мешавад. Қаблан Кумитаи андози Тоҷикистон бо ширкатҳои мухобиротии "Babilon-M" ва "Билайн"-у "Мегафон" вориди баҳси додгоҳӣ шуда буд. Ҳарчанд қазияҳои "Билайн" ва "Мегафон" ба нафъи соҳибонашон ҳал шуд, аммо баҳси Кумитаи андоз бо "Babilon-M" ҳанӯз ба поёни худ нарасида, дар додгоҳи олии иқтисодӣ идома дорад.

Кумитаи андози Тоҷикистон қарзу ҷаримаҳои "Babilon-M" аз андозро 337 миллион сомонӣҳисоб карда, аз додгоҳ хостааст, ин миқдор пулро ба нафъи онҳо биситонад. Аммо раҳбарияти "Babilon-M" ин даъворо беасос мешуморанд ва мегӯянд, ҳадаф “пачақ” кардани ширкати онҳост.

Дар гузашта додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ин баҳсро ба нафъи Кумитаи андоз ҳал карда буд, вале "Babilon-M" онро қабул накард ва аз болояш ба додгоҳи иқтисодӣ шикоят бурд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi