10:31:59 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ADB: Ҷойивазкунии кормандони калидӣ - заъфи ниҳодҳои давлатист

 Бонки Осиёии Рушд ё ADB зуд-зуд ҷойивазкунии раисон ё афроди калидӣ дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистонро яке аз монеаҳои аслии рушди кишвар номидааст. Ин нуктаро Бонки Осиёии Рушд дар гузориши тозаи худ оиди татбиқи стратегия ин бонк дар Тоҷикистон баён кардааст, ки аз соли 2016 то соли 2020-ро дар бар мегирад.

rajesh-vasudevan_45124554.jpgРаҷеш Васудеван, иқтисоддони аршади ин бонк ва яке аз муаллифони пажӯҳиш мегӯяд, якчанд омил боиси заъфи идораҳои блоки иқтисодии Тоҷикистон шудааст, ки масъулияти таҳия ва иҷрои сиёсати иқтисодии давлатро бар дӯш доранд. Ба гуфтаи масъулони Бонки Осиёи рушд, дар қатори дигар мушкилот, “зуд-зуд иваз шудани кормандони калидӣ дар ниҳодҳои давлатӣ” яке аз заъфҳои ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон мебошад, ки дар ниҳоят монеи рушди кишвар мешавад.

Сабаби аслии зуд-зуд иваз шудани кормандони давлатиро муаллифони ин пажӯҳиш ба кам будани маоши хизматчиёни давлатӣ рабт медиҳанд. Ин омил ба навбаи худ боиси ришвахорӣ ва рафтори коррупсионӣ дар ниҳодҳои давлатӣ мешавад, гуфта мешавад дар матни ин гузориш. Бар замми ин, ба навиштаи гузоришгарон “иродаи заиф барои гузаронидани ислоҳот, “қабули қарорҳои сиёсии таҳлилношуда” ва “донишҳои ночиз дар бораи иқтисоди бозорӣ ва нақши давлат дар он” аз зумраи заъфҳои идораҳои давлати Тоҷикистон, хусусан ниҳодҳои блоки иқтисодии кишвар аст.

Дар Тоҷикистон ҳарчанд зуд-зуд ивазшавии кадрҳои роҳбарикунанда ба чашм мерасад, аммо дар бештари маврид ротатсия ва ё ҷойивазкунии кадрҳо ба вуҷуд меояд. Кам иттифоқ меафтад, ки мақомдорони баландпоя баъди рафтан аз вазифа комилан аз идораи давлат дур карда шаванд. Ҳатто дар поёни соли 2013, ки аксарияти вазирону роҳбарони сатҳи аввал ба хотири расидани синнашон ба нафақа аз мақомҳояшон барканор карда шуданд,  яке паси дигар дубора вазифаҳои нав гирифтанд.

Аммо дар Оҷонсии хизмати давлатии назди расиҷумҳури Тоҷикистон дар сӯҳбат ба мо гуфтанд, ротатсия ва ҷойивазкунии кадрҳо дар Тоҷикистон тибқи як фармони раисҷумҳур - «Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ» сурат мегирад, ки соли 2011 содир шудааст. Бар пояи ин фармон ротатсияи кардрҳои роҳбарикунанда дар Тоҷикистон ҳар панҷ сол сурат мегирад.

Ҳамчунин,  тиқби қонуни Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, сину соли ниҳоии кор дар ниҳодҳои давлатӣ барои бонувони хизматчӣ то 58 ва барои мардон то 63-солагӣ муқаррар шудааст, ки пас аз он онҳо бояд ба нафақа гусел карда шаванд. Дар ғайри сурат, ба гуфтаи ин манбаъ, кормандони давлат бо хоҳиши худ ва ё дар ҳолати ҷиддан вайрон кардани талаботи кор аз мақомашон барканор карда мешаванд. Аммо Константин Бондаренко, раҳбари бунгоҳи таҳлилии “Маркази бозори озод” дар Тоҷикистон, ки таҷрибаи кор дар ниҳодҳои давлатиро дорад, мегӯяд кормандони идораҳо давлатӣ дар доираи як зумра чорчӯбу қоидаҳо кор мекунанд, ки имкон намедиҳад шахс ташаббускорӣ нишон бидиҳад.

Вай афзуд: “Муҳимтарин хислати коргари идораи давлат дар ҳоли ҳозир ин вафодорӣ ва ё садоқат ба роҳбар аст. Дигар рафторҳои муҳим мисли ташаббуси шахсӣ ва масъулиятнокӣқадр карда намешавад. Аз ин рӯ, ҷавонон махсусан баъди ду-се соли кор дар ниҳодҳои давлатӣ аз кор мераванд. Инчунин дар мо як одати маъмул аст, ки бо иваз шудани роҳбар, масалан вазир, дар вазоратхона командаи ӯ низ қариб ба пуррагӣ иваз мешавад. Дар натиҷа зуд-зуд ивазшавии кормандон ба вуҷуд меояд, ки бар зарари системаи идоракунандаи давлат аст”.

Ҷаноби Бондаренко мегӯяд, дар баъзе ҳолатҳо бо иваз шудани роҳбар дар ягон мақом мавҷи аз кор рафтани кормандон ба вуҷуд меояд ва дар бархе аз мавридҳо то 50 фисади коргарон аз кор мераванд. Чун, ба таъкиди ҳамсӯҳбати мо, ҳангоми таъин намудан ба ин ё он вазифа на ҳама вақт роҳбар касбият ва масъулиятнокиро ба инобат мегирад. Балки дар аксар маврид кадрҳо дар идораҳои давлатӣ аз рӯи принсипи шиносоӣ ва вафодорӣ ба шахси аввал дар корхона интихоб карда мешаванд.

Зимнан Бонки Осиёи рушд дар стратегияи нави хеш кӯмак барои беҳтар кардани идоракунии давлатиро низ ба инобат гирфтааст. Бонки Осиёии рушд мегӯяд, дар се соли оянда ба буҷаи давлатии Тоҷикистон 100 миллион доллар кумак мекунад ва ин миқдор пул барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, тиҷорат ва таҳсили касбии ҷавонон сарф хоҳад шуд. Аз соли 1998 то кунун Бонки Осиёии Рушд 13 тарҳро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст, ки ҳазинаи онҳо 905 миллион доллари амрикоӣ буда, 75 дарсадашон ба сифати грант ё кӯмаки бебозгашт ироа шудааст.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi