13:21:31 02-уми Июни 2025 сол

ТАЪСИСИ ДУ МИНТАҚАИ ДИГАРИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ

Порлумони Тоҷикистон Низомномаи манотиқи озоди иқтисодии “Данғара” ва “Ишкошим”-ро ба тасвиб расонд. Дар иҷлоси Маҷлиси Намояндагон ё маҷлиси суфлои порлумони Тоҷикистон дар рӯзи чаҳоршанбеи 20 январ ҳадафи аслӣ аз таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоъии минтақаҳо, ҳалли мушкили иштиғоли сокинон ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди ин кишвар унвон шуд.

 

Таъкид гардид, ки минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” дар 200 ҳектор дар ҳудуди ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон ва минтақаи “Данғара” дар 242 ҳектор замин дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таъсис шуда ва муддати амали минтақаҳо 25 сол пешбинӣ шудааст. Тибқи низомнома дар ҳудуди ин манотиқ сармоягузорони дохилию хориҷӣ ба истиснои молиёти иҷтимоъӣ ва молиёт аз даромад барои когарони кироя, аз пардохти куллияи молиёт муъоф ҳастанд.

 

Онҳо ҳамчунин дар воридоту содироти колоҳо аз имтиёзоти гумрукӣ бархурдоранд. Бар асоси муқаррароти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳаҷми сармоягузорӣ барои оғози фаъолияти тавлидӣ на камтар аз 500 ҳазор дулори омрикоӣ таъйин шудааст. Ҳамчунин, соҳибкорони ватанию хориҷӣ муваззафанд ба ин минтақа таҷҳизоту текнулужии мудерн ворид кунанд.

 

Тибқи Низомномаи манотиқи озоди иқтисодӣ теъдоди коргарони хориҷӣ набояд аз 20 дар сади маҷмӯъи умумии коргарони минтақаҳои озод зиёд бошад. Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносони умури иқтисодии Тоҷикистон дар муассир будани таъсиси минтақаҳои ҷадиди озоди иқтисодӣ дар навоҳии Данғара ва Ишкошим барои рушди иқтисоду тиҷорати кишвар ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба ин манотиқ ибрози тардид кардаанд.

 

Ба эътиқоди ин коршиносон, ин ду минтақа аз зербиноҳои зарурӣ барои рушди иқтисоду тиҷорат, назири ҷоддаҳои нав, меҳмонхонаҳо ва васоили иртибототии мудерн бархурдор нестанд. Аммо масъулони давлати Тоҷикистон мегӯянд, ки мушкили зербиноӣ дар ҷараёни фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва бо ҷалби сармояи хориҷӣ ҳал хоҳад шуд.

 

Аз сӯйи дигар, роҳандозии минтақаи озоди иқтисодӣ дар Ишкошим дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон воқеъ буда ва аз тариқи ҷоддаи утумубилрави Кулма-Қароқурум бо Чин ва тавассути пулҳои иртиботӣ бар фарози рӯди Панҷ ё Омӯ бо Афғонистон муттасил хоҳад шуд. Гуфта мешавад ин гуна шароити ҷуғрофӣ минтақаи озоди “Ишкошим”-ро барои шарикони хориҷӣ ва сармоягузорони дохилию хориҷӣ ҷаззоб хоҳад кард.

 

Зимнан, нахустин минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, дар шимол ва дар Панҷи Поёни ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон, дар ҷануби ин кишвар, дар моҳи майи соли 2008 таъсис ёфта буд. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, дар иҷрои ин амр аз таҷрубаи Чин, Туркия ва Эрон истифода шудааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/iqtisod/1576-2010-01-20-15-13-54.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854