16:11
бо вакти Душанбе
06-уми Феврали 2012 сол
 

Бозори арз

10 RUR — 0.1579 TJS
1 USD — 4.7581 TJS
1 EURO — 6.3024 TJS
2012-02-06

Обу ҳаво

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
272829       
ҲАФТОД МИЛЛИОН ДОЛЛАРИ АВРОСИЁ БАРОИ ТОҶИКИСТОН
Мақолаҳо - Иқтисод
06.07.2010 11:23

Сарони кишварҳои узви ҷомеаи ҳамкории иқтисодии АврОсиё зимни нишасти ахири худ дар шаҳри Остона, дар мавриди ихтисоси 70 миллион доллар қарзи боимтиёз барои Тоҷикистон мувофиқат кардаанд. Ин қарз аз Хазинаи зиддибӯҳронии ҷомеаи ҳамкориҳои иқтисодии АврОсиё барои рафъи паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ба Тоҷикистон ихтисос дода мешавад. Бино ба хабари дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, қарори мазкур дар нишасти сарони кишварҳои узви АврОсиё дар шаҳри Остона имзо шуд.

 

Дар мавриди соҳа ва тарҳҳои мушаххаси истифодаи қарзи боимтиёзи АврОсиё ба Тоҷикистон маълумоте бештар ироа нашудааст. Қаблан, дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Тошканд низ, миёни Чин ва Тоҷикистон дар мавриди додани кӯмаки 10 миллион долларии Чин, барои рафъи паёмади бӯҳрони молӣ дар Тоҷикистон, тавофуқ ҳосил шуда буд. Аммо усул ва самти мушаххаси истифодаи он воситаи пулӣ низ эълон нашуда буд.

 

Иҷлоси Шӯрои ҷомеаи ҳамкории иқтисодии АврОсиё рӯзи душанбе дар шаҳри остонаи Қазоқистон доир шуд. Сарони кишварҳои узви ин ҷомеаи ҳамкорӣ, ба шумулӣ Тоҷикистон, Узбакистон, Русия, Қирғизистон, Белорус ва Арманистон масоили ҳамгироии иқтисодӣ ва тиҷоратиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Зимни ин нишаст, ҳамчунин, созишномаи таъсиси Иттиҳоди гумрукӣ миёни Русия, Белорус ва Қазоқистон ниҳоӣ шуд. Тоҷикистон ва Қирғизистон низ талош доранд ба ин иттиҳод ворид шаванд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ҳукуматаш ба сурати ҷиддӣ ин масъаларо пайгирӣ мекунад.

 

Аммо Қирғизистон барои омодасозии муқадамоти узвият дар ин иттиҳод гурӯҳи вижаи корӣ таъсис намудааст. Вале маълум нест, ки пазируфтани ин ду кишвари бо иқтисоди ақибмонда ба Иттиҳоди гумрукӣ то чӣ муддате тӯл хоҳад кашид.  

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/2616-2010-07-06-06-24-59.html

 

Миқдори нигориши мавод: 366

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh