| КУМАКИ НАВИ БОНКИ ҶАҲОНӢ БА ТОҶИКИСТОН |
| Мақолаҳо - Иқтисод | |||
| 07.07.2010 13:39 | |||
|
Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, кумаки молии Бонки ҷаҳонӣ ба буҷаи кишвар рехта хоҳад шуд.Ин чорумин грант ва ё кумаки билоивази Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии барномаҳои ислоҳотиии Тоҷикистон ва коҳиши камбизоатӣ аст. Қаблан, моҳи маи соли ҷорӣ, Бонки ҷаҳонӣ стратегияи нави ҳамкориаш бо Тоҷикистон барои солҳои 2010-2013-ро баррасӣ кард, ки ироаи 140 миллион доллар тавассути Иттиҳодияи рушди байналмилалӣ ва 62 миллион доллари дигар аз тариқи сандуқҳои дигари молиро дар назар дорад.
Мудири минтақавии Бонки ҷаҳонӣ Мото Канишӣ гуфтааст, Тоҷикистон дар роҳи ҳимояти мардумаш аз пайомадҳои бӯҳрони ҷаҳонӣ ба мушкилоти бузурге рӯбарӯст ва Бонки ҷаҳонӣ ба соҳоти мухталифи рушди Тоҷикистон, аз ҷумла такмили низоми идорӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя кӯмак хоҳад расонд. Бонки ҷаҳонӣ аз соли 1993 ба Душанбе беш аз ним миллиард долар қарзу кӯмакҳои билоиваз ироа карда, аз кӯмакрасонҳои умдаи Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/2625-2010-07-07-08-41-54.html
|











