ОЛМОН ВА ТОҶИКИСТОН: ДУРНАМОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲО
Олмон дар зарфи ҳашт соли ахир аз тариқи сармоягузории тарҳҳои мухталиф дар иқтисоди Тоҷикистон 123 милюн юру сармоя ворид кардааст. Дар намоишгоҳи дастовардҳои ҳамкориҳои ин ду кишвар, ки рӯзи душанбеи 20 сентябр дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд, намунаҳо аз ҳамкориҳои Олмону Тоҷикистон дар бахшҳои энержӣ, кишоварзӣ, омӯзишу парвариш, беҳдошт ва ҷаҳонгардӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.
Таҳмина Ҳафизова, коршиноси бахши “Agroaction”, созмони кишоварзии Олмон дар вилояти Хатлони Тоҷикистон гуфт, ки бо мусоъидати молии ин ниҳод дар навоҳии Балҷувон, Ховалинг ва Темурмалик чоҳҳои обу лӯлаҳои обрасонӣ тармим ва ба кишоварзон тухмиҳои босифат тавзеъ шуд. Ба гуфтаи хонум Ҳафизова, дар ноҳияи Балҷувон ҳаштод ҳазор ҳектор чарогоҳ мавҷуд аст ва барои бо оби ошомиданӣ таъмин кардани чорво ва чӯпонҳо даҳҳо адад чоҳҳои бо умқи се метр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Акси ин чоҳҳо дар намоишгоҳ гузошта шудааст, ки дохилу атрофи чоҳ бо селефон пӯшонида шуда ва ба ин васила ба ҳангоми борон дар фасли баҳор об дар он ҷамъ мешаваду тобистон аз он истифода мегардад. Ҳамчунин, дар ин бахши намоишгоҳ мудел ё намунаҳои бозсозии рустоҳои вилояти Хатлон ба чашм мехӯранд, ки бо сармояи созмони кишоварзии “Agroaction” анҷом хоҳад шуд.
Дар намоишгоҳ аксҳо, муделҳо ва нақшаҳои ҳамкориҳои фаннии Тоҷикистон бо созмонҳои олмонии Ҳамкориҳои Фаннӣ, Хадамоти Рушд, Маркази Байналмилалии Муҳоҷирату Тавсеъа ва созмони кишоварзии “Agroaction” барои тамошо гузошта шудааст.
Дорис Ҳертрамф, сафири Олмон дар Тоҷикистон гуфт, ки пас аз истиқрори сулҳ ва субот дар Тоҷикистон кишвараш ба ивази кумакҳои башардӯстона ба ҳамкориҳои фаннӣ пардохтааст. Хонум Ҳертрамф гуфт, ки кумакҳои фаннии Олмон умдатан аз тариқи тавзеъи вомҳои кучак ба бахши хусусӣ, воҳидҳои кишоварзӣ ва тиҷоратии хурду мутавассит сурат гирифтаст.
Гуфта мешавад, тавассути тахсиси вомҳои 3 то 4 ҳазор юру ба ақшори фақири ҷомеъаи Тоҷикистон, бахусус занҳои бева созмонҳои хайрияи Олмон барои рушди чорвопарварӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мусоъидат кардааст. Дар ҳамин ҳол, сафири Олмон дар Тоҷикистон аз бурузи нооромиҳо дар манотиқи шарқи ин кишвар ибрози нигаронӣ карда, вале гуфт, ки бо ин вуҷуд кормандони созмонҳои хайрияи олмонӣ аз навоҳии Тоҷикистон фаро хонда намешаванд.
Зимнан, намоишгоҳи дастовардҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар ҳошияи Ҳафтаҳои Олмон дар ин кишвар баргузор шуд. Дар назар аст, дар ҷараёни ин тадбир, ки то моҳи декабри соли ҷорӣ идома хоҳад дошт, Рӯзҳои синамои бачагона, консарти гурӯҳи роки “Die Toten Hosen”, кунфаронси “Ислом ва ҷомеа”, намоишгоҳи аксҳои “Масоҷид дар Олмон” ва ҷашнвораи тиётрӣ доир гардад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/3164-2010-09-20-16-49-56.html