21:33:05 22-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/15_stabilnost2147'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/15_stabilnost2147'

МАНОТИҚИ ОЗОД ДАР НАВОҲИИ МАРЗӢ

Дар соли ҷорӣ ба минтақаи озоди иқтисодии “Хуҷанд” ҳудуди 20 милюн дулори омрикоӣ сармоя ворид шудааст. Гуфта мешавад аз замони оғози сабти корхонаю ширкатҳо дар ин минтақа дар моҳи августи соли ҷорӣ то ба ҳол дар ин ҷо 5 муассисаи тавлидотӣ расман сабт шуда ва корхонаи муштараки Тоҷикистону Қибрис барои тавлиди лӯлаҳои плостикӣ, мавсум ба “СтарПласт”, ба фаъолият шурӯъ кардааст.

 

stabilnostАнвар Яъқубов, раҳбари минтақаи озоди иқтисодии “Хуҷанд”, рӯзи ҷумъаи 15 октябр дар Ҷаласаи дуюми Шӯрои Манотиқи Озоди Иқтисодии Тоҷикистон гуфт то ҳол 50 ширкату муассисот аз кишварҳои Эрон, Қазоқистон, Чин, Молезӣ, Сангопур, Туркия, Русия ва иддае аз мамолики урупоӣ омодагии худро барои сармоягузорӣ дар ин минтақа эълом кардаанд. Ин дар ҳолест ки бархе аз тоҷирону соҳибкорони ватанӣ ба мушкилоту мавонеъи маснӯъӣ дар роҳи сабти ном ва фаъолияти корхонаҳои хусусӣ дар манотиқи озоди иқтисодии кишвар ишора карданд.

 

Матлуба Ӯлҷабоева, раиси Анҷумани миллии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон, ба унвони мисол аз мавонеъи идорӣ дар заминаи сабти номи корхонаҳои хусусӣ ёдовар шуд. Масалан, ба гуфтаи хонуми Ӯлҷабоева, як ширкати хусусӣ барои дарёфти муҷаввизи фаъолият дар минтақаи озоди иқтисодӣ асноди худро ба шаҳри Душанбе оварда ва иҷозаи беш аз даҳ ниҳоди давлатиро дарёфт кунад.

 

Ин дар ҳолест ки дар Тоҷикистон санади ҳуқуқие дар мавриди сабти номи ширкатҳо дар як ниҳоди молиётӣ ё ба истилоҳ "даричаи ягона" ба тасвиб расидааст. Матлуба Ӯлҷабоева пешниҳод кард, ки дар манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон як маркази ягонаи хидматрасонӣ таъсис шавад ва куллияи масоили марбут ба сабти ному фаъолияти ширкатҳои дохилию хориҷӣ ба ӯҳдаи ин ниҳод вогузор шавад.

 

Аз сӯйи дигар, ширкаткунандагони ҳамоиш мушкилоти зербиноӣ, шабакаҳои иртибототӣ ва камбуди барқро аз мавонеъи аслӣ дар роҳи рушди манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон унвон карданд. Ҳамчунин, дар ин манотиқ лӯлаҳои обрасонӣ, гози табиъӣ ва хутути барқу телефун насбу бунёд нашудааст.

 

Масоили марбут ба ҳамлу нақли коло ва рафту омад аз тариқи кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон аз мушкилоти дигари манотиқи озоди иқтисодӣ талаққӣ шуд ва ширкаткунандагон гуфтанд, ки ин вазъ метавонад сармоягузорони хориҷиро дилсард кунад. Дар ҳамин ҳол, Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, гуфт, ки тибқи барнома барои рушди зербиноҳо ва фаъолияти комили манотиқи озоди иқтисодӣ 7 сол пешбинӣ шудааст.

 

Оқои Ҳамралиев ибрози умедворӣ кард, ки бо мусоъидати Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ва созмонҳои дигари байналмилалӣ мушкилоти зербиноию иртибототӣ дар манотиқи озоди иқтисодӣ ҳал шуда ва ин ниҳодҳо ба таври комил фаъолият хоҳанд кард.

 

Дар ҳамин ҳол, манотиқи озоди иқтисодии “Панҷ” ва “Ишкошим” дар навоҳии марзии Тоҷикистон бо Афғонистон таъсис шудаанд. Раҳбарони ин ду минтақа гуфтанд, ки тронзит ва рушди тиҷорат бо Афғонистон ва аз тариқи ин кишвар бо Покистону Ҳинд ва Эрон аз аҳдофи ниҳоии онҳо маҳсуб мешавад.

 

Файзулло Расулов, раҳбари минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ”, гуфт, ки бунёди роҳи оҳан ба шимоли Афғонистон ва беҳбуди вазъи роҳҳои утумубилрав ба ин кишвар имкони тронзити коло аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Урупо аз тариқи Тоҷикистон ба Афғонистону Осиёи Ҷанубиро фароҳам хоҳад кард.

 

Айдибек Бекмуродӣ, раҳбари минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим”, ба навбаи худ гуфт, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ арсаҳои истихроҷи маъодин, бахусус, коркарди лаъли Бадахшонро, тавсеъа додан ва ин маҳсулотро ба кишварҳои хориҷӣ содир кардан мумкин аст.

 

Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки то ҳол дар манотиқи марзӣ бо Афғонистон тиҷорати марзӣ рушд карда ва хуб мебуд, агар тиҷорати марзӣ дар доираи манотиқи озоди иқтисодӣ сурат бигирад. Масъулони Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфтанд, ки тарҳи ислоҳи қонун дар бораи "Манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон" таҳия ва барои баррасӣ ба давлати Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

 

Мумкин аст ба ҳангоми баррасӣ ва тасвиби ин қонун масоили марбут ба тиҷорати марзӣ ва сармоягузорӣ дар манотиқи озоди иқтисодӣ аз буҷети давлати Тоҷикистон матраҳ шавад. Бино ба иттилоъи манобеъи Вазорати молия ё дороии Тоҷикистон, дар буҷети соли ояндаи ин кишвар барои рушди манотиқи озоди иқтисодӣ танҳо 600 ҳазор сомонӣ ё беш аз 120 ҳазор дулор ҳазина пешбинӣ шудааст.

 

Аммо ширкаткунандагони ҳамоиш ин маблағро барои бунёди зербиноҳо ва шабакаҳои иртибототӣ дар манотиқи озоди иқтисодӣ нокофӣ хонданд. Таъкид гардид, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба ин манотиқ дар канори имтиёзҳои молиётию гумрукӣ ва сода сохтани дарёфти визо бунёди зербиноҳои зарурӣ, бо шумули роҳҳо, лӯлаҳои обрасонӣ, хутути барқ, гоз ва иртибототи телефунию интернетии муъосир низ лозим аст.

 

Зимнан, дар Тоҷикистон то кунун чаҳор минтақаи озоди иқтисодии “Хуҷанд”, “Панҷ”, “Ишкошим” ва “Данғара” таъсис шудаанд ва дар назар аст аз авоили соли оянда минтақаи озоди иқтисодии “Хуҷанд” бо зарфияти комил фаъолият кунад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/3357-2010-10-15-16-27-41.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ