АФЗОИШИ БАҲОИ МАВОДДИ СӮХТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар ин авохир дар нуқтҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе болоравии қимати маводди сӯхтӣ ба мушоҳида мерасад. Ҳафтаи гузашта дар бархе аз нуқтаҳои фурӯши маводди сӯхтӣ қимати бензини навъи 92 маблағи 4,30 сомонӣ ва бензини навъи 95 маблағи 4,50 сомониро ташкил медод. Аммо рӯзи ҷумъа дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ болоравии нархи бензин аз 20 то 30 дирам мушоҳида мешавад.
Дар ҳоли ҳозир қимати як литри бензин дар Тоҷикистон болотар аз як дулори омрикоӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, Идораи зидиинҳисории ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки бузургтарин воридкунандаи маводди сӯхтӣ ба Тоҷикистон, ширкати "Газпром нафти-Тоҷикистон", ба ин ниҳод итилоъ додааст, ки болоравии қимати сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯши вобаста ба ин ширкат ба далели он сурат гирифтааст, ки корхонаи коркарди нафти шаҳри Омск қимати бензинро 24 дулор боло бурдааст.
Ҳамчунин, манобеъи Идораи зиддиинҳисорӣ афзуданд, ки қимати маводди сӯхтӣ ба далели боло рафтани нархи ҳамлу нақли тронзитӣ низ сурат гирифтааст. Дар ҳоли ҳозир қимати ин мавод дар истгоҳи Қудуқли 8 дулор афзоиш ёфтааст. Дар ҳамин ҳол, қимати сӯзишворӣ барои Тоҷикистон 32 дулори омрикоӣ афзудааст. Ин дар ҳолест, ки моҳи июни соли ҷорӣ Русия дар содироти маводди сӯхтӣ ба Тоҷикистон боҷи давлатӣ ҷорӣ кард, ки қимати як литр бензин дар Тоҷикистон 30-40 дарсад боло рафт. Далели ин тасмими Русия ин буд, ки Тоҷикистон узви иттиҳодияи гумрукӣ нест.
Вале ба эътиқоди бархе аз таҳлилгарон, ин иқдоми Русия ангезаи сиёсӣ дошт ва иҷозаи аз сар гирифтани содироти сӯхт бидуни боҷи давлатӣ аз сӯйи Русия маънои онро дорад, ки Тоҷикистон то ҷое дар масоили сиёсӣ ба нафъи Русия гузашт кардааст. Дар ҳоли ҳозир 70 дарсади маводди сӯхтӣ ба Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад. Ва ширкати русии "Газпромнефт" 38 дарсади бозори маводди сӯхтии Тоҷикистонро кунтрул мекунад.
Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, роҳандозии боҷи давлатӣ дар содироти сӯхт аз сӯйи Русия дар шаш моҳи ахир ба боло рафтани қимати колоҳо дар бозорҳои дохилӣ ва ҳамчунин дар бахши хидматрасонӣ ба мардум асароте барҷо гузоштааст. Ба гуфтаи масъулони ин вазорат, роҳандозии боҷи давлатӣ дар воридоти сӯхт аз сӯйи Русия дар 6 моҳи ахир ҳатто бар тавозуни тиҷорати хориҷии Тоҷикистон низ таъсир кардааст. Зеро маблағи зиёде, ба андозаи ҳудуди 30 дарсад, нисбат ба соли гузашта дар хариди сӯхт бештар масраф шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран вазири энержии Русия Сергей Шматко дар суҳбат бо хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки мақомоти Русия тасмим доранд аз 1 январи соли ҷоори боҷи гумрукии изофӣ барои маводди сӯхтеро, ки аз Русия ба Тоҷикистон содир мешавад, лағв кунанд. Максим Пешков, як масъули Вазорати хориҷаи Русия ва сафири собиқи Русия дар Тоҷикистон, ахиран хабар дод, ки дар мулоқоти Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе мавзӯъи лағви боҷи гумрукии изофӣ барои маводди сӯхтӣ баррасӣ шуда буд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/3755-2010-12-04-05-43-37.html