16:02:20 06-уми Июни 2025 сол

ТАВОФУҚИ БОНКИ ОСИЁӢ БО "ТОҶИКСОДИРОТБОНК"

Бонки Осиёии Тавсеъа (БОТ) ва "Тоҷиксодиротбонк" тавофуқномае дар бораи ҳамкориҳо барои ҳимоят аз тиҷорат дар Тоҷикистонро ба имзо расонданд. Ин тавофуқномаро рӯзи чаҳоршанбеи 15 ноябр Ҷодҷӣ Токешӣ, намояндаи БОТ дар Тоҷикистон ва Наталя Назаршоева, раиси шӯрои раёсати "Тоҷиксодиротбонк", имзо карданд.

 

adbsadiratagreemДар маросими имзои ин тавофуқнома гуфта шуд, ки он бар асоси як барномаи БОТ дар мавриди сармоягузориҳо дар бахши тиҷорат, ки ҳадафи аслӣ аз он ироаи замонат ва эътибор тавассути бонкҳо барои ҳимоят аз тиҷорат дар кишварҳои дар ҳоли тавсеъа аст, имзо шудааст. Стивен Бек, раҳбари бахши ин бонк дар умури сармоягузории тиҷоратӣ, қабл аз маросими имзои созишнома дар ҷамъи хабарнигорон бар зарурати иҷрои ин барнома дар Тоҷикистон ва соири кишварҳои минтақа таъкид кард.

 

Оқои Бек афзуд: "Бонки мо иҷрои ин барномаро дар кишварҳои дар ҳоли тавсеъа дар назар гирифтааст. Зеро ҳадафи аслӣ аз тарҳрезии барнома кумак ба тавсеъаи тиҷорат дар ин кишварҳо ва эҷоди ҷойҳои кории доимӣ барои сокинон аст."

 

Мушкилоти тоҷирон ва имтиёзи бонк

Шеваи аслии роҳандҳозии барнома дар Тоҷикистон аз он иборат хоҳад буд, ки БОТ бо дархости "Тоҷиксодиротбонк", яке аз ниҳодҳои пулии умдаи кишвар, сармояи заруриро ироа хоҳад кард ва масъулони бонки Тоҷикистон онро бо дархости ширкатҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорону тоҷирони алоҳида ба онҳо ба унвони эътибороти молӣ хоҳанд дод.

 

Аммо дар ҳоле, ки бисёре аз тоҷирон ва соҳибкорон дар Тоҷикистон аз наҳваи гирифтани эътибороти молӣ аз бонкҳои ин кишвар ва гарон будани баҳраи он ба ин бонкҳо шикоят мекунанд, оё ин барнома метавонад барои соҳибкорон ва тоҷирон суде оварад?

 

Наталя Назаршоева, раиси шӯрои раёсати "Тоҷиксодиротбонк", мегӯяд, ки шеваи омода кардани мадорик барои дарёфти эътибори молӣ аз ин бонк ҳатто тибқи барномаи ҷадиди БОТ иваз нахоҳад шуд.

 

Вай афзуд: "Барои дарёфти эътибори молӣ аз бонкҳо наҳваи омода кардани мадорики зарурӣ тақрибан ҳамгун аст. Ва имтиёзи вижае барои дарёфти он, баъд аз оғози иҷрои барномаи БОТ ба тоҷирон ироа нахоҳад шуд. Вале ҳадафи мо аз ин барнома беҳбуди вазъи тиҷорат дар бозорҳои кишвар аст."

 

Ин дар ҳолест, ки Зулфия Сайидова, як тоҷир аз бозори "Корвон"-и шаҳри Душанбе, ки ҳудуди даҳ сол боз аз бонкҳои Тоҷикистон вом мегирад ва аз хориҷ ба ин кишвар коло ворид мекунад, мегӯяд, ки мушкилоти ҳамаи тоҷирони ин кишвар барои дарёфти сармоя аз бонкҳо ҳамсон аст.

 

Вай дар бораи бархе аз ин мушкилот мегӯяд: "Яке аз душвориое, ки мо тоҷирон дар роҳи дарёфти эътибороти молӣ бо он рӯбарӯ мешавем, муддати кӯтоҳ ва баҳраи зиёд барои бозгардондани эътиборот аст."

 

"Мо ба он боварем, ки ҳадди ақал агар муддати бозгардондани эътибороти молӣ ба бонкҳо бештар шавад, то шояд тоҷирон аз фаъолияташон бештар суд баранд. Вале ҳоло мо танҳо ба суди бонкҳо кор мекунем."

 

Ҳамчунин, гуфта мешавад тоҷирони бисёре дар Тоҷикистон дар ду соли ахир, яъне дар ҷараёни бӯҳрони ҷаҳонии молӣ муфлис шуда ва аз бонкҳо бадеҳкор шудаанд. Дар маросими имзои созишномаи БОТ ва "Тоҷиксодиротбонк" ба ин нукта таъкид шуд, ки яке аз аҳдофи иҷрои барномаи БОТ дар кишварҳои дар ҳоли тавсеъа кумак ба тиҷорат ба манзури барвардани бозорҳои ин кишварҳо аз вазъи буҳронӣ аст.

 

Ба гуфтаи масъулон, шарикони Бонки Осиёии Тавсеъа дар иҷрои ин барнома 180 бонк дар саросари ҷаҳон будаанд ва барномаи мазкур дар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Муғулистон, Ӯзбакистон ва Озарбойҷон, низ роҳандозӣ шудааст.

 

Дар маросими рӯзи чаҳоршанбе Ҷодҷӣ Токешӣ, намояндаи БОТ дар Тоҷикистон, гуфт, ки дар гузориши тозаи ин бонк ба унвони "Чашмандози тоза дар бораи тавсеъаи Осиё дар соли 2010" пешбинӣ шуда, ки дар соли ҷорӣ рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон 4,5 дарсад хоҳад буд.

 

Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Токешӣ, дар соли 2011 ин рақам ба 5,5 дарсад хоҳад расид. Бар асоси ин гузориш, касри тавлидоти нохолиси миллӣ дар Тоҷикистон дар соли оянда ба 8,5 дарсад хоҳад расид. Ҳоло он 7,8 дарсадро ташкил медиҳад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/3890-----qq.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854