15:37:10 06-уми Июни 2025 сол

ДАРХОСТИ ИМТИЁЗ ДАР ХАРИДИ НАФТ БАРОИ АЪЗОИ СҲИ

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои нафтхези узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (СҲИ - ECO) хостааст, ки дар харидории нафту гоз барои кишварҳои узв имтиёз қоил шаванд. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи панҷшанбеи 23 декабр зимни суханронӣ дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар шаҳри Истонбул гуфт: "Тиҷорати нафту гози моеъ бо нархҳои имтиёзнок бо кишварҳои узв иқдоми хубе мебуд."

 

Эмомали РахмонБа гуфтаи оқои Раҳмон, бархе аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дорои захоири бузурги нафту гоз буда, аммо кишварҳои дигар аз чунин захоире бебаҳраанд. Ин дар ҳолест, ки манобеъи вазоратҳои рушди иқтисоду тиҷорат ва энержию саноеъи Тоҷикистон саҳми кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодиро дар таъмини маҳсулоти нафтиву гози моеъ барои ин кишвар ночиз хондаанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи Аскар Нуралиев, масъули Идораи омӯзиши бозори молии Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар 10 моҳи соли ҷорӣ ба ин кишвар 277 ҳазор тун маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки 93 дар сади онро воридот аз Русия ташкил медиҳад.

 

Оқои Нуралиев таъкид кард, ки 99,5 дар сади бензину дизел ва 100 дар сади битум аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешавад. Гуфта мешавад, танҳо ҳафт дар сади маҳсулоти нафтии воридотӣ аз Туркманистону Қазоқистон будааст. Ёрмаҳмад Бекмаҳмадов, як корманди масъули Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон, гуфт, ки гози моеъро низ умдатан Тоҷикистон аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад.

 

Бад ин тартиб, Русия, ки узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ нест, аз содиркунандагони аслии маводди сӯхтӣ ба Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Зимнан, ба гуфтаи манобеъи расмӣ, дар соли ҷорӣ арзиши бензин дар корхонаи коркарди нафти шаҳри Омски Русия барои ҳар туни нафт 24 дулор афзоиш ёфта ва ин амр боъис шуда, ки баҳои бензин дар Тоҷикистон ба миқдори 50 дирам боло равад.

 

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи манобеъи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, роҳандозӣ шудани боҷи давлатӣ барои маводди сӯхтии содиротии Русия ба Тоҷикистон дар афзоиши баҳои бензин дар ин кишвар асар гузоштааст. Дар ҳамин ҳол, Сергей Шматко, вазири энержии Русия, дар ҷараёни дидораш аз Тоҷикистон дар моҳи гузашта гуфта буд, ки давлати Русия дар садад аст аз аввали соли оянда боҷи гумрукӣ дар қиболи Тоҷикистонро лағв кунад.

 

Дар ҳамин ҳол, ба эътиқоди коршиносон, Тоҷикистон барои раҳоӣ аз вобастагӣ ба маҳсулоти сӯхтии Русия ба ҷустуҷӯйи манобеъи олтернотив барои ворид кардани маҳсулоти нафтӣ талош мекунад ва пешниҳоди оқои Раҳмон барои пойин бурдани қимати нафту гози моеъ дар чорчӯби СҲИ аз ҳамин аҳдоф маншаъ мегирад.

 

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲИ дар шаҳри Истонбул аз пуштибонии ин созмон аз иҷрои тарҳҳои тиҷорати минтақаии энержӣ миёни Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Эрон ибрози сипос кардааст. Аз сӯйи дигар, оқои Раҳмон аз кишварҳои узви СҲИ даъват кардааст, ки дар чаҳор минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд, ки дар ин ҷо барои сармоягузорони хориҷию ватанӣ шароити мусоъиди ҳуқуқӣ ва сармоягузорӣ фароҳам шудааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/3967-2010-12-24-09-08-05.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854