ШАРОФИДДИНОВ: БО “ӮЗБЕКТРАНСГАЗ” МУШКИЛ НАДОРЕМ
Ширкати “Тоҷиктрансгаз” бо ҷониби Ӯзбакистон дар заминаи харидории гози табиъӣ дар соли ҷорӣ тавофуқ кардааст. Бар асоси ин тавофуқ “Ӯзбектрангаз” дар соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба миқдори 180 милюн метри мукаъъаб гози табиъиро бо қимати 227 дулору 85 сент барои ҳазор метри мукаъъаб содир хоҳад кард.
Саидмаҳмад Шарофиддинов, раиси ширкати “Тоҷиктрансгаз”, рӯзи ҷумъаи 7 январ ба хабарнигорон гуфт, ки дар ҷараёни музокироти тӯлонӣ ширкати “Ӯзбектрангаз” баҳои гозро барои Тоҷикистон дар муқоиса бо соли гузашта 27 дулор барои ҳар ҳазор метри мукаъъаб арзон кардааст. Гуфта мешавад, ин рақам 33 дарсад тахфифро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки қимати як ҳазор метри мукаъъаб гози табиъӣ дар Урупо 340 дулори омрикоиро ташкил медиҳад.
Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи оқои Шарофиддинов, арзиши гози воридотии Ӯзбакистон ба Тоҷикистон дар муқоиса бо Қирғизистон ва “Газпром”-и Русия гаронтар аст. Ҳамчунин, ин ширкат аз ҷарима кардани ширкати “Тоҷиктрансгаз” барои харидорӣ накардани 76 милюн метри мукаъъаб гози тавофуқшуда дар соли гузашта худдорӣ кардааст.
Раиси ширкати “Тоҷиктрансгаз” гуфт, ки тибқи қарордод бояд дар соли гузашта аз Ӯзбакистон ба миқдори 242 милюн метри мукаъъаб гоз ворид мешуд, аммо бархе аз корхонаҳои санъатӣ ва муассисоти гармдорӣ аз харидории гоз имтиноъ ҷустаанд. Аз ҷумла, тибқи қарордод Маркази гармдории шаҳри Душанбе бояд ба миқдори 130 милюн метри мукаъъаб гоз харидорӣ мекард, аммо дар авохири соли гузашта ин марказ хостори харидории танҳо 4 милюн метри мукаъъаб гоз шуд.
Саидмаҳмад Шарофиддинов гуфт: “Ширкати “Тоҷиктрансгаз” бо ҷониби Ӯзбакистон ҳеч мушкиле надорад ва дар бораи ҳамаи масоили мавриди баҳс, аз ҷумла дар заминаи пардохти ҷаримаи 900-ҳазордулории Тоҷикистон барои талафи гоз тарафҳо ба тавофуқ расидаанд.
Ин дар ҳолест, ки бо фарорасии мавсими сармо Ӯзбакистон бо баҳонаҳои мухталиф мизони интиқоли гозро ба Тоҷикистон коҳиш дода ва дар бархе маворид интиқоли онро қатъ мекард. Оқои Шарофиддинов гуфт, ки тибқи тавофуқи феълӣ Ӯзбакистон таъаҳҳуд кардааст, ки дар сурати пардохти пешакии ҳаққи гоз ин кишвар бидуни маҳдудият гози табиъиро ба Тоҷикистон содир хоҳад кард.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/4087-2011-01-07-12-38-02.html