15:55:30 07-уми Июни 2025 сол

АФЗОИШИ САРМОЯГУЗОРӢ БА БАХШИ ЗАМИНШИНОСӢ

Дар соли гузашта ба бахши заминшиносии Тоҷикистон ҳафтод милюн сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли 2009 ёздаҳ милюн сомонӣ бештар аст. Ширкатҳои “Газпром”-и Русия, “Теттис Петролиум”-и Конодо, “Марвис”-и Сангопур ва ширкати муштараки Тоҷикистону Суиси мавсум ба “Сомон Ойл” аз сармоягузорони аслӣ дар бахши иктишоф ва истихроҷи маъоди дар ин кишвар маҳсуб мешаванд.

 

silverАзим Иброҳим, раиси Идораи кулли заминшиносии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 11 январ ба хабарнигорон гуфт, сармоягузорони хориҷӣ умдатан корҳои ҷустуҷӯйию иктишофии маъодини гоз, нафт, тило ва нуқраро маблағгузорӣ мекунанд. Аз ҷумла, ширкати “Майкон”-и Бритониё бо сармояи Иттиҳодияи Байналмилалии Молӣ (IFC), як ниҳоди Бонки Ҷаҳонӣ мизони захоири нуқра дар маъдани “Кони Мансури Калон” дар шимоли Тоҷикистонро арзёбӣ кардааст. Бар асоси корҳои ҷустуҷӯйию иктишофӣ дар даврони шӯравии пешин захираи нуқра дар ин маъдан ба миқдори 57 ҳазор тун баровард шуда буд.

 

Бино ба пажуҳиши ҷадиди ширкати “Майкон”, ки бо таҷҳизоти мудерн анҷом шудааст, захираи нуқра дар “Кони Мансури Калон” ҳафтод ҳазор тун эълом шудааст. "Кони Мансури Калон" аз бузургтарини маъодини нуқра дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, ки дар ин кон, ба ҷуз аз нуқра захоири сурб ва рӯй (цинк) низ вуҷуд дорад.

 

Давлати Тоҷикистон барои анҷоми маъданкорӣ дар “Кони Мансури Калон”дар моҳи ноябри соли 2009 озмуни байналмилалӣ эълом карда буд ва ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ, назири BHP BILITON-и Ҳуланд, CNMG ва “Зинжинг Мининг”-и Чин, “Казсинг”-и Қазоқистон, “Clencore International”-и Суис, “Кони Мансур”-и Қазоқистон ва “Адрасмон”-и Тоҷикистон барои ба даст овардани муҷаввизи фаъолият дар ин кон то ҳол талош мекунанд.

 

Оқои Иброҳим гуфт, ба дунболи ба маротиб боло рафтани қимати нуқра дар бозори ҷаҳонӣ таваҷҷӯҳи ширкатҳои хориҷӣ ба маъдани нуқраи Тоҷикистон бештар шудааст. Ҳоло баҳои як громм нуқра дар бозори ҷаҳонӣ ба як дулор баробар аст. Бар асоси баровардҳои коршиносони Идораи кулли заминшиносии Тоҷикистон барои шурӯъи истихроҷи нуқра дар маъдани “Кони Мансури Калон” беш аз 2 милёрд дулор сармоя лозим аст.

 

Дуктур Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба ниёз ба чунин сармоягузории ҳангуфт танҳо ширкатҳои муқтадир ва сарватманди хориҷӣ метавонанд барои коркарди ин маъдан довталаб бошанд. Ба эътиқоди дуктур Умаров, мумкин аст дар ин озмуни байналмилалӣ ширкати “Казсинг”-и Қазоқистон, ки сармояи кофӣ барои сармоягузорӣ дорад, пирӯз шавад.

 

Тибқи иттилоъи Идораи кулли заминшиносии Тоҷикистон, дар соли гузашта дар ду маъдани тилои “Пакруд”-и ноҳияи Ваҳдат ва коне дигар дар Мастчоҳи Кӯҳӣ низ пажуҳиши добораи захоири тило анҷом шуд. Бар асоси ҳисобҳои ҷадид, захираи тило дар маъдани ноҳияи Ваҳдат 166,8 тун ва дар ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ 59 тунро ташкил медиҳад.

 

Азсаргирии истихроҷи ёқут дар Бадахшон

Аз замони касби истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991, барои аввалин бор дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон 300 қирот ёқут ба даст омадааст. Ба гуфтаи Азим Иброҳим, раиси Идораи кулли заминшиносии Тоҷикистон дар тобистони соли гузашта “Ҳайати эъзомии иктишофию заминшиносии сангҳои қиматӣ ва ороишӣ” дар маъдани “Барфӣ”, дар ноҳияи Мурғоби ин вилоят 2199 громм ашёи қиматӣ кашф кард, ки пас аз коркард аз он 210 громм ёқути кабошонӣ ва 300 қирот ёқути аслӣ тавлид шудааст.

 

Оқои Иброҳим гуфт, ин санги қиматӣ ба хазинаи Вазорати молияи ин кишвар таҳвил гардид. ин дар ҳолест, ки қимати як қирот (0,2 громм) ёқут бино ба ранг ва кайфияти коркарди санг аз даҳ то дувоздаҳ ҳазор дулори омрикоӣ аст.

 

Ба ин хотир ба гуфтаи масъулони идораи заминшиносӣ, мавзеъи ин кон ҳадафи таваҷҷӯҳи зиёди қочоқбарон қарор мегирад, ки мехоҳанд аз роҳҳои ғайриқонунӣ ёқутро истихроҷ кунанд ва дар хориҷи кишвар ба фурӯш расонанд. Дар соли гузашта дар Тоҷикистон ҳодисаи қочоқи ёқут ё лаъл сабт нашуда, аммо ниҳодҳои интизомӣ аз чаҳор мавриди талош барои истихроҷи ғайриқонунӣ дар маъдани “Барфӣ”-и ноҳияи Мурғоб ҷилавгирӣ карданд.

 

Зимнан, дар тобистони соли 2007 дар посгоҳи Тем, воқеъ дар ҳумаи шаҳри Хоруғи Бадахшон аз Айдар Шоқизил, шаҳрванди афғон 28,5 громм ёқут кашф ва мусодира шуда буд. Дар моҳи апрели соли 2008 дар шаҳри Душанбе аз Саъдӣ Ғуломшоев, зодаи ноҳияи Мурғоб ва донишҷӯйи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон 49 адад ёқути сурх, ки вазни умумиаш 31 громм будааст, мусоидар гардида буд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/4120-2011-01-11-18-18-22.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854