14:33:58 07-уми Июни 2025 сол

РОШТҚАЛЪА: БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ ИМКОНИЯТ ҲАСТ, АММО…

Агар ба харитаи ҷуғрофии ноҳияи Роштқалъа назар андозем, он аз худи Боғи набототи шаҳри Хоруғ сар шуда, то сарҳади ҷанубу шарқии ноҳияи Ишкошим ва ҷанубу ғарбии ноҳияи Мурғоб тӯл мекашад.

 

РошткалъаАзбаски ноҳия воқеъ дар миёнаи ду қаторкӯҳ, дар дараи Шоҳдара воқеъ аст, заминҳои кишташ он қадар фарох нестанд ва шароит барои кишоварзӣ дар ин минтақа на он қадар мусоид аст. Аз сабаби тангии дараҳо баъзе манзилҳои истиқоматӣ ҳатто дар болои харсангҳо, дар доманакӯҳҳо сохта шудаанд. Қисмати шарқу шимолии ин ноҳия ҷангалзорҳо ва чарогоҳҳои зиёд дорад, ки онҳо заминаи асосии рушди чорводорӣ ба ҳисоб мераванд. Роштқалъа бино ба таърихи ташкилшавии худ шояд ҷадидтарин ноҳияи Тоҷикистон бошад. Аз рӯи маълумоти шӯъбаи андози ноҳияи Роштқалъа дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 55 корхонаву нуқтаҳои савдо таъсис шудаанд.

 

Любов Шукрикова – сармутахассиси Раёсати адлияи ВМКБ мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ноҳияи Роштқалъа ҳашт Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд, 11 ташкилоти ҷамъиятӣ, 7 асоссиатсияи хоҷагии деҳқонӣ, 1 асоссиатсияи ташкилоти ҷамъиятӣ, 4 корхонаи давлатӣ ва филиалҳои ҶСК Агроинвестбонк, Амонатбонк ва Тоҷиксодиротбонк фаъолият доранд. Дар ҳамин ҳол бояд гуфт, ки на ҳамаи корхонаҳои тиҷоратӣ дар ноҳия фаъолият мекунанд.

 

Аксари ин ниҳодҳои хусусии тиҷоратӣ аз сабаби норасоии маблағ фаъолияташонро боздоштаанд. Дар ин бора сардори бозори марказии ноҳия Ғаёс Султонмамадов ба мо чунин арз намуд: -Дар худи бозори мо, ки аз 49 мағоза иборат аст, 11 мағоза аз бонкҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ қарз гирифтаанд. Аз сабаби тоб наовардан ба рақобати бозорӣ ва ташкил карда натавонистани системаи хуби фурӯш, паст будани қобилияти харидории сокинон соҳибони ин мағозаҳои хусусӣ қарзҳояшонро сари вақт супурдан натавониста, мағозаҳояшонро бастанд.

 

Барои пурратар намудани ин далел мо ба сардори филиали Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи (ҶСК) Агроинвестбонки ноҳияи Роштқалъа Носиралӣ Алибердиев рӯ овардем. Мувофиқи гуфтаи ӯ ҶСК Агроинвестбонки ноҳияи Роштқалъа дар соли 2009 ба мардум ба маблағи 1 078 500 сомонӣ қарз додаст, ки аз он 100 000 сомонӣ барои хоҷагии қишлоқ, 230 945 сомонӣ барои қарзҳои истеъмолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ ва 747555 сомонӣ барои рушди соҳибкорӣ ҷудо шудаанд. Алибердиев мегӯяд, фоизи бонки онҳо он қадар зиёд нест, вале худи тоҷирон соли 2010 нисбат ба соли 2009 ба бонк камтар рӯ овардаанд.

 

Аз тарафи дигар сардори шӯъбаи рушди иқтисоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Роштқалъа Шомирзо Шомирзоев сабаби рушд накардани иқтисоди ноҳияро дар он мебинад, ки ноҳия аз роҳҳои убуру мурури байналмиллалӣ хеле дур аст. Чунин роҳҳо аз қаламрави ноҳия намегузаранд. Ба фикри ӯ агар ноҳия ба роҳи Мурғоб- Кулма тавассути Ҷавшангоз бипайвандад, он гоҳ вазъи рушди соҳибкорӣ ва бизнес дар ҳудуди Роштқалъа хеле хуб хоҳад шуд.

 

Вай ҳамчунин яке аз самтҳои тараққиёти ноҳияро дар рушди чорводорӣ мебинад. Шомирзоев мегӯяд, ки ноҳия дорои чарогоҳи бузурге мисли Ҷавшангоз аст, ки метавонад дар рушди чорводории на танҳо ноҳия, балки тамоми вилоят нақши боризе дошта бошад. Аммо ба фикри ӯ барои пешбурди ин соҳа дар ноҳия бояд ба хоҷагиҳои шахсӣ грант ё кӯмакҳои маблағии бебозгашт дода шавад. Вале ба гуфтаи ӯ, мутаасифона, ба ин масъала то ба ҳол таваҷҷӯҳи ягон ташкилоти давлатӣ ё ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмилаллии имдодӣ ҷалб нашудааст.

 

Аз марказҳои тиҷоратӣ ё фурӯшгоҳҳо дар қаламрави ноҳия дар ҳоли ҳозир асосан мағозаҳои деҳаи Сежд, Анҷин, Барҷангал ва Риҷист, як ошхона ва як сехи дузандагӣ дар маркази ноҳия фаъоланд, ки онҳоро Ҷамъияти матлуботи ноҳия (райпо), ки ташкилоти ғайридавлатӣ ба шумор меравад, таъсис додааст. Аммо бояд гуфт, ки райпо, ки қаблан инфраструктураи хуб дошт ва барои вусъати корҳои тиҷоратӣ заминаи хуберо доро буд, имрӯз ба дараҷаи бояду шояд фаъол нест.

 

Ҳатто дар бисёр ноҳияҳои ВМКБ ҳам аксари мағозаҳои мавҷудаи деҳот ба тоҷирон ва соҳибкорони маҳаллӣ ба фурӯш рафтаанд. Барои ҳамин рӯзе садҳо одамон барои дарёфти маводи ниёзи аввалия даҳҳо сомониро сарф карда ба маркази вилоят меоянд. Дар ин ноҳияи чорводор то ба ҳол ҳатто бозори фурӯши чорво ташкил нашудааст. Шумораи аҳолии ноҳияи Роштқалъа тибқи омори соли гузашта наздик ба 25 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар баробари ин дар ноҳия ҳамагӣ беш аз даҳ корхонаи хурд кор ва фаъолият мекунанд, ки шумораи коргаронашон хеле маҳдуд аст.

 

Инҳо корхонаҳои хурди коркарди чӯб дар деҳаҳои Тавдем ва Шикуш, 2 корхонаи хурди таъмири мошинҳо дар деҳаи Паршед, корхонаҳои хурди оҳангарӣ дар деҳаи Тусиён ва Паршед, корхонаҳои хурди коркарди пашм-дар деҳаҳои Хабост ва Миденшарв, корхонаҳои хурди дӯзандагӣ дар деҳаи Хидорҷев ва маркази ноҳия, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар деҳаи Тусиён ва маркази ноҳия, корхонаи хурди шарбаттаёркунӣ - дар деҳаи Тусиён ва амсоли инҳо мебошанд.

 

Корхонаҳои дар боло номбурдашуда аллакай дар Шӯъбаи андози ноҳияи Роштқалъа ба қайд гирифта шуда, андоз месупоранд. Вале ин корхонаҳо ҳанӯз хеле кӯчаканд: ҳамагӣ аз 3 т о 10 нафар коргар доранду халос.

 

Ноҳияи Роштқалъа ё ин ки дараи Шоҳдара, дараи хушманзаратарини Бадахшон аст. Асосан тобистон ин дара хеле зебоманзар мешавад. Лаби дарёи Шоҳдара беҳтарин истироҳатгоҳ барои меҳмонони худӣ ва туристони хориҷӣ аст. Имконоти Роштқалъа бахусус барои ҷалби туристони хориҷӣ хеле бисёранд: табиати зебо, мардуми меҳмоннавоз, ҳунархои халқӣ, овозхонии суннатӣ, хонаҳои куҳанбунёд, ҷангалзорҳои серҳаво, обҳои шифобахш, мазорҳо, қалъаҳо ва ғайра...

 

Вале мутассифона, ноҳияи Роштқалъа то ба ҳол минтақаеро мемонад, ки дар он ҷо ҳеҷ гуна иншооти хизматрасонӣ, рестурону қаҳвахонаҳо, меҳмонхонаҳо, марокизи хизматрасонӣ тақрибан бунёд нашудаанд. Табиист, ки гурӯҳҳои хидматрасонии туристҳои байналмилалӣ низ дар чунин ҳолат нопайдоянд…

 

Алишер ҶУНАЙДӢ, барои «Рӯзгор», Хоруғ

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/4162-2011-01-15-06-36-34.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854