14:21:45 07-уми Июни 2025 сол

ХОРИҶИҲО ДАР ТОҶИКИСТОН ҒАЛЛА ПАРВАРИШ МЕКУНАНД

Дар соли ҷорӣ Чин ва Ҳинд дар майдони 3 ҳазор ҳектор дар вилояти Хатлони Тоҷикистон шолӣ кишт хоҳанд кард. Ба гуфтаи масъулони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, бо Туркия ва Эрон низ дар заминаи парвариши сабзиҷот ва боғдорӣ санадҳои ҳамкорӣ имзо шудааст.

 

гандумТиломурод Дониёров, раиси бахши равобити байналмилалии ин вазорат, рӯзи сешанбеи 18 январ ба хабарнигорон гуфт, ки ниҳодҳои давлатии вилоятҳои Сянзани Чин ва Панҷоби Ҳинд бо текнулужии мудерн ва мутахассисони варзида дар заминҳои истифоданашуда дар навоҳии Қумсангир, Ҷомӣ, Бохтар ва Ёвон, дар ҷануби Тоҷикистон ғалла парвариш хоҳанд кард. Оқои Дониёров таъкид кард, бад ин тартиб имкон дорад беш аз 200 тан аз сокинони маҳаллии Тоҷикистон, бахусус, ронандагони трактур ва кормандони фаннӣ бо кор таъмин шаванд.

 

Бар асоси мувофиқатномаҳои имзошуда дар солҳои оянда майдони кишти Ҳинд то 4 ҳазор ҳектор ва майдони кишти Чин то 3 ҳазор ҳектор афзоиш хоҳад ёфт. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон кишваре ғолибан кишоварзӣ маҳсуб шуда ва тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, беш аз 70 дар сади ҷамъияти он дар рустоҳо ба сар мебаранд. Мизони бекорӣ низ дар ин манотиқ дар муқоиса бо шаҳрҳо бештар аст.

 

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи коршиносон, майдони кишти Тоҷикистон ҳудуди 700 ҳазор ҳекторро ташкил дода ва мукарраран аз мухолифатҳо миёни сокинони кишвар дар заминаи камбуди арозии кишт гузоришҳо дарёфт шудаанд. Дар ҳамин ҳол, Сиҷоъуддин Исроилов, муъовини вазири кишоварзии Тоҷикистон, гуфт, ки ба ширкатҳои хориҷӣ арозии бекормонда дар вилояти Хатлон тавзеъ шудааст.

 

Ба гуфтаи оқои Исроилов, дар соли гузашта дар вилояти Хатлон бо далоили мухталиф беш аз 7 ҳазор ҳектор арозии кишоварзӣ мавриди истифода қарор нагирифта буд. Зимнан, чанд соле қабл Қазоқистон мехост бахше аз арозии кишоварзии худро ба Чин иҷора диҳад. Аммо ин амр боиси интиқоди шадиди атбоъи ин кишвар шуда ва дар ниҳоят, давлати Қазоқистон аз иттихози ҳамчунин тасмим худдорӣ карда буд.

 

"Ба кишти тирамоҳӣ осебе нарасидааст"

Масъулони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон сару садоҳо дар мавриди ҷиддан осеб дидани кишти тирамоҳиро рад карданд. Қаблан, бархе аз кишоварзон дар вилояти Хатлон ба Би-би-сӣ гуфта буданд, ки ба иллати камбуди борандагӣ мумкин аст кишти тирамоҳӣ комилан нобуд шавад. Дуктур Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик низ таъкид кард, ки ба далели пойин будани сатҳи намнокӣ дар майдони кишт тухмии ғалла сабз нашудааст.

 

Аз ин лиҳоз, дуктур Умаров гуфт, ки имкон дорад дар соли ҷорӣ тавлиди ғалла дар Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ коҳиш ёбад. Аммо Қутфулло Зайдуллоев, раиси бахши растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, гуфт, ки коршиносони вазорат якҷо бо донишмандони Фарҳангистони улуми кишоварзии Тоҷикистон аз майдонҳои кишти тирамоҳӣ дидан карда ва ҳеч нишонае аз осеб дидан ё нобуд шудани тухмиҳоро ошкор накардаанд. Оқои Зайдуллоев гуфт: “Бо таваҷҷӯҳ ба он ки тухмӣ сабз нашуда буд, ба майдони кишт аз сармои зимистон осебе нарасидааст”.

 

Ӯ афзуд дар соли ҷорӣ дар муқоиса бо соли гузашта 17 ҳазор ҳектор камтар кишт шуда ва ниҳодҳои кишоварзӣ дар сададанд то 17 феврали соли ҷорӣ киштро дар ин қитаъот анҷом диҳанд. Зимнан, дар соли гузашта дар Тоҷикистон ба миқдори 1 милюну 262 ҳазор тун ғалла тавлид шуд, ки дар муқоиса бо соли 2008 ду баробар бештар будааст. Барои таъмини ниёзҳои Тоҷикистон ба маҳсулоти ғалла бояд мизони тавлиди ғалла то 1 милюну 800 ҳазор тун афзоиш ёбад. Масъулони Вазорати кишоварзӣ гуфтанд, бар асоси барномаи давлати Тоҷикистон дар соли 2015 ғаллаи худӣ дар ин кишвар таъмин хоҳад шуд.

 

Густариши майдони кишти панба

Дар назар аст дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дар майдони 210 ҳазор ҳектор панба кишт шавад, ки ин рақам дар муқоиса бо нишондоди соли гузашта 50 ҳазор ҳектор зиёд будааст. Сиҷоъуддин Исроилов, муъовини вазири кишоварзии Тоҷикистон, гуфт, ки майдони кишти панба ба ҳисоби арозии бекормонда ва азхудкунии заминҳои бикр васеъ шуда ва ин амр ба коҳиши майдони кишти ғалла мунҷар нахоҳад шуд.

 

Оқои Исроилов далели ин амрро ба афзоиши баҳои панба дар бозори ҷаҳонӣ ва алоқамандии кишоварзон ба парвариши ин навъи рустанӣ муртабит хонд. Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, муъоф шудани бидеҳиҳои муҷтамаъҳои кишоварзӣ, ки ба парвариши панба машғул буданд, ба рушду нумӯъи ин бахши кишоварзӣ мусоъидат кардааст. Зимнан, дар соли гузашта барои бори нахуст аз замони касби истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 дар ин кишвар нақшаи ҷамъоварии панба иҷро шуда ва беш аз 310 ҳазор тун панба тавлид гардид.

 

Дар соли гузашта Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ ба маблағи 168 милюн дулор нахи панба содир кардааст, ки ин рақам 16 дар сади маҳсулоти содиротии кишварро ташкил медиҳад. Тибқи иттилоъи манобеъи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар назар аст дар соли ҷорӣ дар ин кишвар 350 ҳазор тун панба тавлид шуда ва дар соли 2015 ин рақам то ба 600 ҳазор тун афзоиш дода шавад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/4182-2011-01-18-10-50-35.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854