21:55:40 02-уми Июни 2025 сол

ТАҚОЗОИ БОЗНИГАРИИ КОДЕКСИ АНДОЗ

Cандуқи Байналмилалии Пул аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кардааст, то дар Кодекси андоз таҷдиди назар кунад. Зеро ба бовари коршиносони ин созмон, бархе аз тағйироти ахир дар Кодекси андоз ба Қонуни асоcии ҷумҳурӣ муғойират дошта, ин тағйирот на ба ғановати буҷаи давлат, балки ба коҳишу бекор мондани даҳҳо ҳазор нафар коргарон дар бахши хусусӣ мунҷар хоҳад шуд. Тағйирот дар Кодекси андоз дар моҳи декабри соли гузашта сурат гирифт ва парлумон онро ба тасвиб расонидааст. Валентина Коваленко, соҳибкор дар шаҳри Душанбе, мегӯяд, Кумитаи андоз дар моҳи гузашта ҳисоботи молии корхонаи ӯро қабул накардааст.

 

КОРГАРОНРО ИХТИСОР МЕКУНАНД

 

mardikoronБа ин далел, ки вай моҳонаи коргарони худро 562 сомонӣ нишон надодааст, ки тағйироти ҷадид дар Кодекси андоз ҳаминро талаб мекунад. Хонум Коваленко афзуд, “ба унвони соҳибкор, директори корхона тавони молии додани моҳонаи 562 сомонӣ ба коргаронамро надорам. Моҳонаи ҳадди миёна дар Тоҷикистон бар асоси қонун ҳудуди 300 сомонӣ аст. Пас, ба чӣ далел моҳонаи коргарамро танҳо ба хотири пардохти андоз дар санадҳо 562 сомонӣ инъикос карда, аз ҳамин ҳисоб андоз супорам, ки ба Қонуни асосии Тоҷикистон муғойират дорад?”

 

Ин соҳибкори тоҷик гуфт, дар ин авохир ба далели худсариҳои кормандони Кумитаи андоз дар иҷрои ин қонун, ки ҳоло ба ҳукми иҷро надаромада ва аз сӯи раисҷумҳур низ имзо нашудааст, дар ҳоли ҳозир садҳо тоҷиру соҳибкор ба ихтисори коргарони худ шурӯъ кардаанд. Ба гуфтаи коршиносон дар Тоҷикистон бар асоси қонун моҳонаи ҳадди ақалл 80 сомонӣ, моҳонаи ҳадди миёна ҳудуди 300 ва ҳадди аксар аз 500 то 1500 сомонӣ ва аз ин ҳам зиёд аст. Пас, ба чӣ далел нафақахӯр ва ё коргаре, ки аз 100 то 400 сомонӣ моҳона мегирад, бояд аз ҳисоби 562 сомонӣ андоз бисупорад?

 

"БА КАСОДӢ МЕБАРАД"

Нуралӣ Давлат, коршиноси умури сиёсӣ ва иҷтимоӣ мегӯяд, ин банди қонун асоси воқеӣ надорад ва он бояд лағв шавад, зеро бахши хусусиро ба касодӣ рӯбарӯ мекунад. Вай афзуд, “барои бахши хусусӣ мушкилоти зиёдеро ба бор хоҳад овард, ки ба коҳиш ва ё қатъ кардани фаъолияти корхонаҳо ва ширкатҳо мунҷар хоҳад шуд. Ин бахши қонуни андоз на ба пур шудани буҷа, балки ба коҳиши даромад ба буҷа сабаб хоҳад шуд ва мушкилоти шадиди иҷтимоӣ дар Тоҷикистонро дар пай хоҳад дошт.”

 

Дар ҳамин ҳол, Константин Бандаренко, раиси созмони ҷамъиятии "Маркази бозори озоди Тоҷикистон" дар ин бора чунин изҳори назар кард: “Ба назари ман, ин зарбаи сахте ба коргарони тахассуснадошта ва ё тахассуси миёнадошта хоҳад буд. Зеро корхонаҳое, ки тавони додани моҳонаи 562 сомонӣ ба ин қабил коргаронро надорад, аз баҳри онҳо хоҳанд гузашт. Ҳазорҳо нафар бекор хоҳад монд.”

 

Ба гуфтаи гурӯҳи корие, ки аз ҳисоби мутахассисони созмонҳои ғайридавлатӣ дар ин замина ташкил шудаасту ба бознигарии ҳуқуқӣ ва иҷтимоии иловаҳои ҷадид ба Кодекси андоз машғуланд, агар давлат дар Кодекси андоз таҷдиди назари ҷиддӣ накунад, касри буҷа дар соли ҷорӣ аз ҳисоби ба даст наомадани андоз ба маротиб зиёд хоҳад шуд.

 

СБП НОРИЗОСТ

Аммо давлат ҳадафи аслии ворид кардани тағйирот ба Кодекси андозро  ғановати буҷа талаққӣ кардааст.  ӯлод Юсуфов, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, гуфт, ин қонун бо тағйиру иловаҳои тоза аз якуми моҳи январи соли ҷорӣ ба ҳукми иҷро даромадааст. Вай дар робита ба андозсупорӣ аз 562 сомонӣ афзуд, “мо номаи тавзеҳотиро дар ин замина ба андозсупорандагон ироа кардем, ки тибқи он фаррошу котиба ва ғайра кормандони созмонҳои ғайриадвлатӣ аз ҳисоби моҳонаи воқеиашон бояд андоз супоранд, на балки аз рӯйи 562 сомонӣ.”

 

Ин дар ҳолест, ки мавзӯи меҳварии гуфтугӯҳои Тодд Шнайдер, маъмури Сандуқи Байналмилалии Пул дар умури Тоҷикистон, бо раисҷумҳури кишвар ҳамин масъала будааст. СБП аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кардааст, ки иҷрои ин қонунро ба таълиқ андозанд. Ин созмон қавл дода, ки дар бознигарии тағйироти Кодекси андоз кӯмаки фаннӣ хоҳад кард ва ин бознигарӣ бояд тобистони соли ҷорӣ сурат бигирад. Бино ба иттилои дарёфтӣ, Кумитаи андози Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аз иҷрои бандҳои мавриди баҳси Кодекси андоз, ки бархе аз онҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон муғойират доштаанд, даст кашидааст. Вале ин ниҳод расман дар бораи ин иқдоми худ ҳарфе нагуфтааст.

 

 

Зулфиқори Исмоилиён, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/4581-takozoi-boznigarii-kodeksi-andoz.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854