ҲУШДОРИ БОНКИ ҶАҲОНӢ ДАР БОРАИ ГУСТАРИШИ ФАҚР
Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд ба далели афзоиши қимати маводди ғизоӣ ва сӯхт кишварҳои Урупо ва Осиёи Марказӣ осебпазир боқӣ хоҳанд монд.
Теодор Алерс, раиси бахши истротежӣ ва фаъолиятҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар минтақаи Урупо ва Осиёи Марказӣ дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Вошингтун гуфтааст: “Дар пайи боло рафтани арзиши маводди ғизоӣ ва сӯхт 5,3 милюн тан аз сокинони кишварҳои дар ҳоли рушди Урупо ва Осиёи Марказӣ бо фақр рӯбарӯ хоҳанд шуд.”
Ба гуфтаи оқои Алерс, хатари афзоиши мизони фақр бахусус, ба кишварҳои узви Иттиҳоди Мамолики Мустақили Муштаракулманофеъ, ки даромади кам дошта ва бештари маводди мавриди ниёзро ворид мекунанд, таҳдид хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки пас аз бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар солҳои 2008 ва 2009 дар ин кишварҳо рушди иқтисодӣ ба мушоҳида расида ва дар бештари кишварҳои минтақа мизони рушд дар соли гузашта 4,5 дар садро ташкил додааст.
Масъулони Бонки Ҷаҳонӣ мегӯянд, болоравии қимати маводди ғизоӣ ва сӯхт ба нафъи Озарбойҷон, Қазоқистон ва Русия хоҳад буд, ки аз содиркунандагони нафт ҳастанд ва дар маҷмӯъ 15 дар сади нафти ҷаҳонро истихроҷ мекунанд. Аммо ин вазъият барои кишварҳои “воридкунанда”, назири Арманистон, Гурҷистон, Қирғизистон, Молдова ва Тоҷикистон созгор нахоҳад буд.
Ба гуфтаи Ивонна Тсиата, раиси Идораи Бонки Ҷаҳонӣ дар умури коҳиши фақр ва сиёсати иқтисодӣ дар Урупо ва Осиёи Марказӣ, дар соли гузашта дар кишварҳои осебпазир, ки ба хатари афзоиши башиддати фақр мувоҷеҳ ҳастанд, қимати маводди ғизоӣ 17 дар сад боло рафтааст.
Арзиши маводди ғизоӣ бештар дар Қирғизистон (27 дар сад) ва Гурҷистон (23 дар сад) ба мушоҳида расидааст. Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, мумкин аст мизони фақр дар Қирғизистон 11 дар сад, дар Арманистону Гурҷистон 9 дар сад, дар Тоҷикистон 8 дар сад ва дар Молдова 5 дар сад боло равад.
Оқои Тсиата гуфтааст: “Дар бештари кишварҳои Урупо ва Осиёи Марказӣ тарҳҳои кумакҳои иҷтимоъӣ ба ақшори фақир вуҷуд дошта ва афзоиши сармояи ин тарҳҳо метавонад ба теъдоди бештари ниёзмандон кумакҳо тавзеъ шуда ва бад ин тартиб, коҳиши мизони харидории ин афрод ҷуброн гардад.”
Гуфта мешавад, барои талофӣ кардани афзоиши қимати маводди ғизоӣ ба 20 дар сади сокинони фақир дар кишварҳои осебпазир тахсиси сармояи 1 дар сади Тавлидоти Нохолиси Миллӣ лозим аст. Ба эътиқоди коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ имкон дорад кишварҳои Урупо ва Осиёи Марказӣ аз тариқи афзоиши мизони тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ ба хатари фақру гуруснагӣ муқобала кунанд.
Дар ин кишварҳо 25 дар сади гандуми содиротӣ дар бозори ҷаҳонӣ тавлид мешавад ва дар сурати густариши майдонҳои кишт ва боло бурдани маҳсулнокӣ мизони тавлиди маводди ғизоӣ ба таври қобили мулоҳиза афзоиш хоҳад ёфт.
Би-Би-Си