06:23:02 22-уми Июни 2025 сол

АФЗОИШИ БОҶИ ГУМРУКИИ РУСИЯ БАРОИ СОДИРОТИ БЕНЗИН

Русия мизони таруфаҳои изофӣ барои содироти маводди сӯхт, аз ҷумла барои Тоҷикистонро 44 дарсад афзоиш дод. Агар то ҳол содиркунандагони рус барои як тунн бензин 283 дулор боҷи изофӣ пардохт мекарданд, акнун ин рақам то 408 дулор боло рафтааст.

etil_benzin4545455.jpgБа ин тартиб ба гуфтаи иқтисоддонҳо ҳамакнун воридоти бензин аз Русия ба Тоҷикистон судовар нахоҳад буд ва масири таъмини Тоҷикистон бо маводди сӯхт бояд тағйир ёбад. Ҳукумати Русия дар ҷаласаи рӯзи панҷшанбеи худ тасмим гирифт ба манзури таъмини бозори дохилии Русия бо маводди сӯхт, мизони таруфаҳои изофӣ барои содироти бензинро афзоиш диҳад.

Аз сӯйи дигар, бархе аз расонаҳои хориҷӣ рӯзи панҷшанбе гузориш доданд, ки Русия содироти бензинро аз якуми май муваққатан мамнуъ мекунад. Вале, ба гуфтаи Сергей Кудряшов, муъовини вазири энержии Русия, ширкатҳои тавлидкунандаи маводди сӯхт худ тасмим гирифтаанд, ки то замони ғанӣ шудани бозори дохилӣ аз маводди сӯхт, аз содироти бензин худдорӣ кунанд.

Ба ин тартиб, расман содироти бензин аз Русия мамнӯъ нашудааст ва ба гуфтаи коршиносон, давлати Русия бо дарназардошти тааҳҳудоти байналмиллии худ наметавонад ҳамчунин тасмиме бигирад. Ҳамакнун ин суол матраҳ аст, ки бо дарназардошти афзоиши боҷи изофӣ, оё воридоти маводди сӯхти Русия ба Тоҷикистон судовар хоҳад буд ё хайр. Зеро ба гуфтаи масъулин 92 дарсади маводди сӯхти Тоҷикистон аз ин кишвар ворид мешавад.

Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар ҳафтаи ҷорӣ дар як нишасти матбуъотӣ изҳор дошт, ки бо дарназардошти боҷи изофии феълӣ, воридоти як тунн бензини тавлиди Русия ба Тоҷикистон муъодилли 885 дулор аст. Ба гуфтаи вай, воридоти як тунн бензини тавлиди Туркманистон муъодили 915 дулор будааст, вале қиммати маводди сӯхтӣ дар бозорҳои ин кишвар ба арзиши нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ бастагӣ дорад ва метавонад ҳамарӯза тағйир ёбад.

Яъне то ҳоло воридоти бензин ба Тоҷикистон аз Туркманистон на, балки аз Русия судмандтар буд. Аммо акнун ба гуфтаи иқтисоддонҳо, ҳатто бо дарназардошти тағйири баҳои нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ воридоти бензин аз Туркманистон ба Тоҷикистон судовартар хоҳад шуд. Вале, як масъули ширкати воридкунандаи бензин ба Тоҷикистон гуфт, ки интиқоли бензини тавлиди Туркманистон мушкили дигареро дар пай дорад. Ин манбаъ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки Туркманистон бо камбуди вогунҳо барои интиқоли маводди сӯхтӣ мувоҷеҳ аст.

Бо ин вуҷуд вай хабар дод, ки ширкати онҳо машғули пайдо кардани роҳҳои интиқоли бензин аз Озарбойҷон ва Қазоқистон ба Тоҷикистон ҳастанд. Дар ҳамин ҳол, Фарҳод Мирзоев, раиси ширкати “Газпромнефт-Тоҷикистон”, ки ниҳоди вобаста ба ширкати “Газпром”-и Русия аст ва беш аз 30 дарсади бозори бензини Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад, хабар дод, ки то ҳол дар бораи манъи содироти бензин аз Русия, аз ҷумла ба Тоҷикистон, дастуре нагирифтааст.

Вай хабар дод, ки содироти бензин аз Русия ба Тоҷикистон ҳамчунон идома дорад ва то ҳол мушкиле дар ин замина вуҷуд надорад. Вале, оқои Мирзоев ҳушдор дод, ки қимати маводди сӯхтӣ дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза афзоиш хоҳад ёфт. Ба гуфтаи вай 10-12 май болоправии баҳои бензин дар Тоҷикистон оғоз хоҳад шуд.

Ба эътиқоди вай ин амр ногузир аст ва ба афзоиши қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ марбут аст. Ин дар ҳолест ки феълан арзиши як литр бензин дар Тоҷикистон ба панҷ сомонӣ ё ҳудуди як дулору даҳ сенти омрикоӣ баробар аст. Дар ҳамин ҳол бештаре аз иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, ки камбуд ва афзоиши қимати маводи сӯхт дар Тоҷикистон ба болоравии сареъи қимати куллияи колоҳо ва маводд мунҷар хоҳад шуд, ки вазъи иқтисодии бештаре аз хонаводаҳои тоҷикро сангинтар хоҳад кард.

Ба эътиқоди ин соҳибназарон Тоҷикистон бояд сареъан роҳи ҳалли ин мушкилро пайдо кунад ва барои дарёфти имтиёзе вориди музокирот бо мақомоти Русия шавад. Аз сӯйи дигар чунин пешниҳодҳо низ ироа мешаванд, ки давлати Тоҷикистон бояд зудтар мавзӯъи сохтмони корхонаи коркарди нафт дар ин кившарро матраҳ кунад. Зеро, дар ин сурат Тоҷикистон метавонад нафтро бо тахфифи қобили мулоҳиза аз Эрон харидорӣ карда ва маводди сӯхт тавлид кунад. Ин дар ҳолест ки Эрон худ воридкунандаи маводди сӯхт аст ва наметавонад дар ин замина ба Тоҷикистон кӯмак кунад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ