15:09:32 12-уми Июни 2025 сол

АФЗОИШИ ИНТИҚОЛИ МАВОД АЗ ТОҶИКИСТОН БА АФҒОНИСТОН

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз тариқи роҳи оҳани Тоҷикистон ба Афғонистон 191 ҳазор тун маводди мухталиф мунтақил шудааст, ки ҳудуди 80 дар сади ин колоҳоро маводди ғайринизомӣ ба нерӯҳои Омрикою НОТУ дар Афғонистон ташкил додааст.

/images/stories/2011/07/20_hukumatullo_5454454.jpgМизони тронзити бор аз тариқи Тоҷикистон ба Афғонистон дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса бо нишондодҳои давраи мушобеҳи соли гузашта тақрибан 20 баробар бештар будааст. Гуфта мешавад бахши аслии ин колоҳо иборат аз маводди сӯхтӣ барои ҳавопаймоҳои нерӯҳои Эътилофи байналмилалии алайҳи терурисм дар Афғонистон ба раҳбарии Омрико будааст.

Амонулло Ҳукуматулло, раиси ширкати “Роҳи Оҳани Тоҷикистон”, рӯзи чаҳоршанбеи 20 июл дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе далели тафовути ин арқомро ба мушкилоту мавонеъ дар роҳи ҳаракати қаторҳои борбари Тоҷикистон аз тариқи роҳи оҳани Ӯзбакистон дар нимаи аввали соли гузашта марбут хонд.

Зимнан, бино ба иттилоъи ин ширкат, дар пайи мутаваққиф шудани қаторҳои бории Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбакистон мизони тронзити коло тавассути роҳи оҳани Тоҷикистон дар соли гузашта дар муқоиса бо соли 2009 то 4 милюну 103 ҳазор тун ё 45,4 дар сад коҳиш ёфта буд.

Оқои Ҳукуматулло гуфт, ки дар соли ҷорӣ бо ширкати “Ӯзбекистон темир йӯлларӣ” дар заминаи ҳамкорӣ дар интиқоли маводду колоҳо ба нерӯҳои НОТУ дар Афғонистон тавофуқ шуда ва ҳамакнун қаторҳои ҳомили ин мавод бидуни таъвиқ дар истгоҳҳои роҳи оҳани ин кишвари ҳамсоя ба истгоҳи Колхозободи Тоҷикистон ворид мешаванд.

Сипас, ин маводду колоҳои ғайринизомӣ аз тариқи комюнҳо ё утумубилҳои борбар ба Шерхон-Бандари Афғонистон мунтақил мешавад. Дар ҳамин ҳол, бахши аслии маводду колоҳо барои нерӯҳои Эътилофи байналмилалии алайҳи терурисм дар Афғонистон аз тариқи Ӯзбакистон мунтақил мешавад.

Бино ба иттилоъи бархе манобеъ, мизони колоҳои тронзитӣ ба Афғонистон тавассути Ӯзбакистон беш аз 90 дар сади колоҳо барои нерӯҳои эътилофро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ аз шаҳри Тирмизи Ӯзбакистон то шаҳри Ҳайратони Афғонистон роҳи оҳане бунёд шуда ва дар соли ҷорӣ ширкати “Ӯзбекистон темир йӯлларӣ” ин хатти роҳи оҳанро то шаҳри Мазори Шариф кашидааст.

Ба ин тартиб, имконоти фаннӣ барои интиқоли маводду колои бештар ба Афғонистон аз тариқи роҳи оҳани Ӯзбакистон беҳтар арзёбӣ мешавад. Бахше аз маводду колоҳо ба Афғонистон аз тариқи Тоҷикистон ва Туркманистон низ ворид мегардад.

Ба дунболи афзоиши мавориди ҳамалоти шӯришиён ба комюнҳои ҳомили тадорукот барои нерӯҳои Эътилофи байналмилалӣ алайҳи терурисм дар марзи Покистону Афғонистон мақомоти омрикоӣ ва НОТУ дар авохири соли 2009 тасмим гирифтанд, ки бахше аз ин маводду колоҳои ғайринизомӣ ба Афғонистон аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ мунтақил шаванд.

Коҳиши мизони тронзит ва мусофирбарӣ

Тибқи гузориши ширкати “Роҳи Оҳани Тоҷикистон”, дар шаш моҳи соли ҷорӣ мизони тронзити коло аз тариқи роҳи оҳани Тоҷикистон дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта ҳудуди 24 дар сад ё ба миқдори 605 ҳазор тун коҳиш ёфтааст. Масъулони ширкат иллати ин амрро ба ҷиддан коҳиш ёфтани мизони тронзити колоҳои Ӯзбакистон тавассути роҳи оҳани вилояти Суғди Тоҷикистон марбут хонданд.

Амонулло Ҳукуматулло, раиси ширкати “Роҳи Оҳани Тоҷикистон”, гуфт, ки бар асоси мусаввабаи давлати Ӯзбакистон, дар назар аст дар соли ҷорӣ мизони тронзити қаторҳои бории ин кишвар аз тариқи роҳи оҳани Тоҷикистон дар муқоиса бо соли гузашта бояд ба миқдори 2 милюн тун камтар шавад.

Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Ҳукуматулло, дар пайи беҳтар шудани вазъи роҳи утумубилрави масири Душанбе-Хуҷанд ва фаъолияти доимии тунели “Истиқлол” теъдоди мусофирони қаторҳо ба таври қобили мулоҳизае коҳиш ёфтааст.

Ӯ гуфт, ки теъдоди мусофирон дар қаторҳои мусофирбар дар масири Душанбе-Конибодом ва Кӯлоб-Конибодом, ки манотиқи марказӣ ва ҷануби Тоҷикистонро бо вилояти Суғд муттасил мекунад, танҳо 5-6 дар сад аз меъёри муқаррарро ташкил медод. Аз ин лиҳоз, ҳаракати ин қаторҳо мутаваққиф гардидааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854