03:52:09 07-уми Июни 2025 сол

ВАЗИРИ РУШДИ ИҚТИСОД: “МАРДУМ БЕ ОРД НАМЕМОНАД”

Вазорати рушди иқтисод мегӯяд, нархи орд дар нимаи дуввуми соли ҷорӣ ва аввали соли оянда босубот хоҳад шуд. Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо, ҳамчунин гуфт, дар оянда истеҳсолоти гандумро зиёд хоҳанд кард, ки ин боис ба арзонӣ хоҳад шуд: "Дар муқоиса ба соли гузашта нархи орд рӯ ба коҳиш ниҳодааст, ҳол он ки мо бо истеҳсоли худӣ наметавонем талаби мардуми худро қонеъ гардонем. Вале орду ғалларо аз Қазоқистон ворид мекунем."

/images/stories/2011/07/29_mavodi-khuroka_29.07.2011.jpgТоҷикистон солона ба 1 миллиону 200 ҳазор тонна орд ниёз дорад ва боқии эҳтиёҷоти бозори ин кишвар ба орду гандум аз ҳисоби воридот ва асосан аз Қазоқистону Русия пур мешавад. Ба гуфтаи ҷаноби вазир имсол дар Қазоқистон ҳосили хуби гандум дар назар аст ва Русия низ ахиран гуфт, ки содироти гандумро манъ нахоҳад кард. Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон дар чанд соли ахир ҳудуди як миллион тонна ғалладона истеҳсол мекунад, аз он ҳудуди 650 ҳазор тоннааш гандум аст ва имсол ба далели камии боришот имкон дорад, ҳосили гандум ба ҳудуди 500 ҳазор тонна бирасад.

Акрам Файзов, сухангӯи Вазорати кишоварзӣ ба РО гуфт, дар ҳоли ҳозир 70 дарсади замини кишги гандум дарав шудааст. Вай афзуд, "майдони кишти гандум ҳудуди 224 ҳазор ҳектор аст ва аз 70 дарсади замини даравшуда ҳудуди 344 ҳазор тонна гандум ба даст омадааст."

Дар ҳамин ҳол иттиҳодияҳои деҳқонӣ дар ҷануби ҷумҳурӣ гуфтаанд, ки ҳосили имсолаи гандум хуб нест ва дар муқоиса ба соли гузашта ҳудуди 30 - 40 дарсад камтар аст. Сулаймон Кабутов.

Соҳибкори қубодиёнӣ дар ин бора мегӯяд, "имсол ба далели камчинии об ҳосил кам шуд. Заминҳои мо аслан обианд ва баҳори имсол оби кофӣ надоштем. Гузашта аз ин, бисёр иттиҳодияҳои деҳқонӣ ба ҷои ғалла пахта коридаанд. Аз сӯи дигар парвариши гандум судманд нест, зеро хароҷоти фаннӣ ба ҳосили гирифтаи гандум намерасад ва барои мо судманд он аст, ки орди аз хориҷ воридшударо бихарем."

Тағоймурод Шарифов, раиси Идораи давлатии "Ғалла" бар ин аст, ки поин омадан ва ё боло рафтани қимати ғалла ба ибтикори Тоҷикистон ва ё Қазоқистон бастагӣ надорад. Зеро нархро бозор муайян мекунад.

Вай афзуд, "агар кишварҳои содиркунандаи гандум ғалларо хуб ҷамъоварӣ кунанд, имкон дорад нархи он дар оянда 30 дарсад кам шавад. Ҳоло дар Қазоқистон ҳосили хуб аст. Аз сӯи дигар ҳамин рӯз ман тахминан ҳисоб кардам як халта орди қазоқистонӣ барои мо 129 сомонӣ тамом мешавад, лекин корхонаҳои мо захира доранд. Масалан корхонаи «Сомон-Турон»-и Турсунзода тасмим дорад, ки қимати ордро дар моҳи Рамазон аз ҳисоби захираи худ то 110 сомонӣ поён биорад."

Ҷаноби Тағоймуродов бар ин бовар аст, ки ин қиматгузориҳо муваққатӣ аст ва имкон дорад пешомаде боз боис ба болоравии қимати орд шавад. Ба таъкиди вай пешгӯии коҳиши қимати орд дар шароити феълӣ басо душвор аст ва Тоҷикистон наметавонад ба поин овардани қимати орду гандум дар бозор таъсири умда гузорад.

Зеро то ба ҳол Тоҷикистон кишвари воридкунандаи орду гандум боқӣ мондааст ва солона ба ҳудуди 600 ва ё 700 ҳазор тонна орди воридотӣ ниёз дорад. Бо вуҷуди ин Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо мӯътақид аст, ки зимистони соли ҷорӣ мардуми Тоҷикистон бе орд нахоҳад монд.

Зулфиқори Исмоилиён, «Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 28.08.2011 12:01
Агар Точирон ва Кордонони Мухтараму Азизи Моро бо кавли Руссхо - хотябы – ичозат медоданд барои ворид кардан ин махсулоти ниёзи асоси мардуми Точик ( Орд ) не даркор нест ба мо чи гуруснаанд ё фалону бехмадон ета их проблемы кобеду ёбед пулро ва харед ордро - ин тичорати манфиат бахши як афроди манфиат дор ва калобу чалоб Мо Ч.Т. безор кардаанд ва хамаи халкро ба кассод ва талбандаги мондаанд задаанд халкро .
Буданд ва хастанд точироне рок и мехостанд ба хотири Худо холисан лиллох Мел-комбинат заводи орд ташкил кардани буданд аз барои кумак барои халки Точик, не ичозат нест то пули калон насупори (взятка ) ё ними корхона аз они манн ( нахангхо)
 
 
0 #1 Guest 04.08.2011 14:57
О ВАЗИРИ ИҚТИСОД!!! намешавад, ки кишоварзонро кумаки молӣ кунед то дар дохили кишвар гандум бикоранд!!! Боз мегӯяд, ки дар """Қазоқистон ДАР НАЗАР АСТ""" аз мардуми қазоқ бохабар аст вале аз ҳоли мардуми худаш не.Ё ТАВБААААААААААА А
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854