НАҶМИДДИНОВ: ТОҶИКИСТОН ДАР БАРОБАРИ БӮҲРОНИ МОЛӢ ОСЕБПАЗИР АСТ
Бӯҳрони ҷаҳонии молӣ метавонад барои иқтисоди Тоҷикистон хатари ҷиддӣ эҷод кунад. Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, ки рӯзи сешанбеи 25 октябр дар баррасии раванди иҷрои Қонуни будҷаи ин кишвар барои соли 2011 дар порлумони Тоҷикистон сӯҳбат мекард, гуфт, афзоиши қимати маводди сӯхт ва ғизоӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба вазъи иқтисоди кишвар асар гузоштааст.
Гурез Зарифов, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ба далели афзоиши баҳои маҳсулоти нафтӣ дар Русия мизони воридоти бензин ва дизел ба Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли гузашта ба миқдори 124 ҳазор тун коҳиш ёфтааст. Ҳамчунин, бино ба иттилоъи манобеъи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар пайи боло рафтани мизони боҷи давлатӣ ба содироти маводди сӯхт дар Русия, қимати як литр бензин дар Тоҷикистон 30-40 дарсад боло рафта ва ин амр ба афзоиши 13,4 дар сади маводди ғизоӣ дар Тоҷикистон мунҷар шудааст.
Масалан, дар соли ҷорӣ дар бозори Шоҳмансури шаҳри Душанбе қимати орд ва сабзиҷоту мева мутаносибан аз 15 то 50 дар сад афзоиш пайдо кардааст. Оқои Наҷмиддинов афзоиши пасандозҳо (депозит) дар будҷети Тоҷикистон, пуштибонӣ аз тавлидкунандагони маҳсулоти ватанӣ, назорати ҳамарӯза ба биржаи байналмилалии асъор ва собит боқӣ мондани касри будҷетро аз роҳҳои аслии муқобала бо бӯҳрони ҷаҳонии молӣ унвон кард.
Ӯ гуфт, дар 9 моҳи соли ҷорӣ будҷети давлати Тоҷикистон ба андозаи 130 дар сад иҷро шуда ва рушди иқтисоди кишвар 7,7 дар садро нишон додааст. Ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон пасандозе, ки дар пайи иҷрои муфоди Қонуни будҷет ба даст меояд, барои пуштибонӣ аз бахшҳои иқтисоду кишоварзӣ истифода хоҳад шуд. Вай гуфт, давлати Тоҷикистон дар садад аст, дар зарфи се соли оянда ба ниҳодҳои хусусӣ дар бахши кишоварзӣ, ки ба тавлиди маводди ғизоӣ машғул ҳастанд, ба миқдори 450 милюн сомонӣ ё100 милюн дулори омрикоӣ вомҳои имтиёзнок тахсис бидиҳад.
Ҳадафи ин амр афзоиши мизони тавлиди колоҳои мавриди ниёз ва маҳсулоти кишоварзӣ дар дохили Тоҷикистон, таъмини бозор бо маводди ниёзи аввалия ва коҳиши мизони бекорӣ дар кишвар унвон мешавад. Дар ҳамин ҳол, Марҳабо Ҷабборова, намояндаи порлумон, аз афзоиши мизони бидеҳиҳои хориҷии Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда ва гуфт, ки мумкин аст ин амр ба рушди иқтисоди кишвар асари номатлуб гузорад.
Ба гуфтаи Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, бидеҳиҳои хориҷии ин кишвар 2,1 милёрд дулор ё 33,4 дар сади Маҳсулоти нохолиси миллиро ташкил дода ва дар соли ҷорӣ мизони ин бидеҳиҳо ба миқдори 165 милюн дулор афзоиш ёфтааст. Оқои Наҷмиддинов таъкид кард, ки бар асоси Истротежии давлати Тоҷикистон дар мавриди бидеҳиҳои хориҷӣ ин кишвар танҳо бидеҳиҳои имтиёзнок, ки 35 дар сади онро кумаки молии билоиваз ташкил медиҳад, дарёфт хоҳад кард.
“Мавориди дуздӣ аз будҷет зиёд аст”
Тибқи гузориши Сафаралӣ Раҷабов, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ дар 265 ниҳоди давлатӣ иҷрои Қонуни будҷети ин кишвар бозрасӣ шуда ва дар ҷараёни ин бозрасӣ истифодаи ғайримуассир аз 94,1 милюн сомонӣ ошкор гардидааст.
Дар фаъолияти вазоратҳои кишоварзӣ ва обу обёрӣ, корхонаи воҳиди давлатии “Обу корез” ва “Почтаи Тоҷик” мавориди бештари истифодаи ғайримуассир аз маболиғи будҷет ва ба сирқат бурдани он сабт шудааст. Шодӣ Шабдолов, намояндаи порлумон, гуфт: “Мавориди дуздии маболиғи будҷет зиёд аст, аммо дар бораи дастгир ва муҷозот шудани омилони ин аъмол гузорише нест.”
Ба гуфтаи оқои Шабдолов, тибқи гузориши расмии давлати Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ Маҳсулоти нохолиси миллӣ ба миқдори се милёрд сомонӣ афзоиш ёфта, вале ин падида дар бахши даромади будҷет асаре надоштааст. Ӯ ҳушдор дод, носозгории рушди иқтисод ва бахши даромади будҷет давлати Юнонро ба вартаи варшикастагӣ бурда ва дар сурати идомаи ин вазъият мумкин аст дар Тоҷикистон низ бӯҳрони шадиди молӣ рух диҳад.
Дар ҳамин ҳол, Амиршо Миралиев, муъовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, гуфт, бо вуҷуди ошкор шудани навоқис дар истифодаи маболиғи будҷет дар вазорату муассисаҳои давлатӣ ин ниҳодҳо барои ислоҳи вазъ ҷиддан талош намекунанд. Оқои Миралиев ба унвони мисол аз баррасии раванди иҷрои будҷети соли 2010 дар порлумон дар рӯзи 22 октябри соли гузашта ёдовар шуд ва гуфт, ки пешниҳодоти намояндагони порлумон аз ҷониби вазорату идораҳои давлатӣ ба эътибор гирифта нашуданд.
Ҳамчунин, ӯ аз Кумитаи молиёти Тоҷикистон интиқод кард, бо вуҷуди мавориди зиёди сарпечии масъулони ниҳодҳои давлатию ғайридавлатӣ аз пардохти молиёт, ки тибқи қавонини Тоҷикистон ҷурм маҳсуб мешавад, омилони ин ҷароим муҷозот нашудаанд. Гуфта мешавад, дар ҳоле ки ҳамасола даҳҳо мавориди сарпечӣ аз пардохти молиёт ошкор мешавад, дар зарфи се соли ахир дар ин замина танҳо як парванда дар додгоҳ баррасӣ шудааст.
Би-Би-Си