00:18:58 03-уми Июни 2025 сол

"ТОҶИКИСТОН БА БОЗОРИ ТИҶОРАТИ НЕРӮИ БАРҚ ВОРИД ШУД"

Хатти интиқоли нерӯи барқи “Сангтӯда-Пули Хумрӣ” шароитро барои ворид шудани Тоҷикистон ба бозори нерӯи барқи Афғонистон фароҳам кардааст. Ин матлабро Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 27 октябр дар маросими ифтитоҳи ин хатти ҷадиди интиқоли нерӯи барқ, ки бо сармояи Бонки Осиёии Тавсеъа сохта шудааст, изҳор дошт.

/images/stories/2011/10/27_lulaibarq_2011.jpgБа эътиқоди нахуствазири Тоҷикистон, мавриди истифода қарор гирифтани ин хатти интиқоли барқ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар фасли тобистон нерӯи барқи изофии худро ба хориҷ аз кишвар бифурӯшад ва аз ин роҳ суди қобили мулоҳизае ба даст оварад. Муҳаммад Қасим Фаҳим, муъовини раиси ҷумҳурии Афғонистон, ки низ дар ин маросим ширкат дошт, фаъол шудани хатти интиқоли барқи “Сангтӯда-Пули Хумрӣ”-ро як гоми ҷиддии Тоҷикистон барои бозсозии иқтисоди Афғонистон номид.

Ба гуфтаи ӯ, нерӯи барқе, ки тавассути ин масир ба шимоли Афғонистон интиқол дода мешавад, ба беҳбуди вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоъии сокинони вилоёти шимолии Афғонистон мусоъидат мекунад. Зимнан, сохтмони ин хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистон то вилоёти Кундузу Бағлони Афғонистон дар моҳи феврали соли 2009 шурӯъ шуда буд.

Тӯли ин масир дар ҳудуди Тоҷикистон 118 килуметр ва дар қаламрави Афғонистон 164 килуметрро ташкил медиҳад ва ҳазинаи бунёди он болиғ бар 27 милюн дулор будааст. Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Исмоъилхон, вазири обу энержии Афғонистон, ки дар мулоқоти рӯзи сешанбеи Муҳаммад Қасим Фаҳим бо Президент Раҳмон ширкат дошт, гуфт, ки тавассути ин хат ба Афғонистон дар шабонарӯз ба миқдори 300 меговот ё 60 милюн килувот-соъат нерӯи барқ мунтақил хоҳад шуд.

Оқои Исмоъилхон гуфт, ки тибқи мувофиқатномаи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон, ба далели мушкили камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар фаслҳои тирамоҳу зимистон содироти нерӯи барқ ба Афғонистон танҳо дар 5 моҳи баҳор ва тобистон сурат хоҳад гирифт.

Вале як манбаъ аз Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон гуфтанд, ки қарор аст то фасли баҳор аз тариқи ин хат ба Афғонистон дар шабонарӯз то се-чаҳор меговот барқ ба манзури озмоиши ин масир содир шавад. Ин манбаъ дар бораи арзиши нерӯи барқи содиротӣ ба Афғонистон изҳори беиттилоъӣ кард.

Ҳамзамон таъкид мешавад, ки дар сурати эҳсоси камбуди шадиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар ин муддат, интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон мутаваққиф хоҳад шуд. Интизор мерафт, ки ин хатти интиқоли нерӯи барқ дар тобистони осли ҷорӣ мавриди истифода қарор бигирад. Вале ба далоили мухталиф интиқоли нерӯи барқи изофии Тоҷикистон дар фасли тобистон оғоз нашуд.

Расонаҳои маҳаллӣ дар бораи вуҷуди ихтилофот миёни Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар ин замина изҳори назар мекарданд. Бархе аз коршиносон гуфта буданд, ки Афғонистон намехоҳад дар ивази воридоти нерӯи барқи Тоҷикистон дар фасли тобистон аз интиқоли солиёнаи барқ аз Ӯзбакистон маҳрум шавад.

Вале Муҳаммад Исмоъилхон, вазири энержии Афғонистон, гуфт, ки рақобат дар бозори барқи минтақа солим буда ва кишварҳои ҳамсояи Ӯзбакистон, Туркманистон ё Эрон нисбат ба воридоти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ҳеч аксулъамале аз худ нишон надодаанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854