03:44:30 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАРҲҲОИ РӮЙИ КОҒАЗ: ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2011

Бо вуҷуди ин ки дар соли 2011 баъзе аз шохисҳои иқтисодии Тоҷикистон афзоишро нишон медиҳанд, аммо мушкилоти иқтисодӣ зиёд аст ва тарҳҳои бузурги иқтисодии давлат низ дар рӯйи коғаз мондаанд. Иқтисоди Тоҷикистон ҳамчунон осебпазиру вобаста ба авомили берунӣ боқӣ мондааст.

/images/stories/2011/12/30_talko_301211.jpgИқтисоди Тоҷикистон бо ҳамон мушкилоте, ки дар оғози соли 2011 дошт, ба соли 2012 мегузарад. Фақр, бекорӣ, камбуди барқ, бефаъъолиятии корхонаҳо, мизони баланди таваррум, афзоиши қарзи хориҷӣ, мизони пасти содирот, вобастагӣ ба хориҷа, камбуди тавлидоти дохилӣ, тамоюл ба афзоиши нархҳо аз мушкилоте маҳсуб мешаванд, ки иқтисоди Тоҷикистонро осебпазир кардаанд.

Дар пайи ин мушкилоти доманадор Сандуқи Байналмилалии Пул ба эҳтимоли рў задани бўҳрони иқтисодии тоза дар Тоҷикистон дар ояндаи наздик ишора мекунад. Ин муассисаи молӣ ҳарчанд дар оғози сол аз дурнамои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2011 тавсиф карда буд, аммо ахиран роҳбарии кишварро аз хавфҳои имконпазир ҳушдор дод. Ба назари таҳлилгарони ин созмон, идомаи афзоиши нархи ғизо ва маводди сўхтӣ метавонад дар соли оянда ба ҷаҳиши мизони таваррум ва камбизоъатӣ мунҷар шавад.

Кормандони Сандуқи Байналмилалии Пул бар зарурати устувор намудани низоми молӣ дар Тоҷикистон таъкид намуда, ба давлати ин кишвар тавсия доданд, ки ба хароҷоти зерсохтор ва арсаи иҷтимоъӣ таваҷҷўҳи ҷиддӣ кунад. Ба ҷуз ин, Сандуқи Байналмилалии Пул ба давлати Тоҷикистон машварат додааст, ки тадобире андешад, ки хавфҳои афзояндаи таваррумро бе расондани зиён ба раванди эҳёи иқтисод дур кунад.

Ба ин тартиб, ба назари таҳлилгарони Сандуқи Байнулмилалии Пул эҳтимоли рў задани бўҳрони иқтисодии тоза дар Тоҷикистон хеле зиёд аст. Аммо ин танҳо назари Сандуқи Байналмилалии Пул нест, ки аз хавфи бўҳрон ва омилҳои бўҳронзо ҳушдор медиҳанд. Созмони мавсум ба Гурўҳи Байналмилалии Бўҳрон низ дар гузориши ахираш вазъи Тоҷикистонро нигаронкунанда арзёбӣ намуда, дар канори вазъи иҷтимоъию сиёсию низомӣ ин кишварро аз лиҳози иқтисодӣ низ осебпазир унвон кард.

Як миллиард сомонӣ барои ҷашн

Аммо бо вуҷуди ин ҳама мушкилот, Тоҷикистон дар соли 2011 аз 20-умин солгарди истиқлоли худ бо шукӯҳу шаҳомати вижа таҷлил кард, ки бино ба иттилоъи вазорати молия, барои ин ҷашн беш аз як миллиард сомонӣ аз буҷет сарф шудааст.

Ба қавли манобеъи Вазорати молияи Тоҷикистон, ин маблағ аз буҷети давлат барои баргузории маросим ва сохтмони таъсисоти ҷашнӣ харҷ шудааст. Сохтмони бинои нави Вазорати умури хориҷӣ, Китобхонаву Осорхонаи миллӣ, Муҷтамаъҳои тафреҳию варзишгоҳҳо, баландтарин тири парчаму нишони миллӣ дар Душанбе аз ҷумлаи 368 муассисаи ҷашнианд, ки сохтмони онҳо дар моҳи сентябр аз маблағи буҷет ба анҷом расидаанд.

Дар маҷмўъ, 1412 тарҳи ҷашнӣ дар Тоҷикистон бо сармояи тоҷирон ва маболиғи буҷети давлати Тоҷикистон иҷро шудаанд. Аммо дар байни ин таъсисот ҳеҷ корхонаи бузург ё мутавассит набуд, ки ба иқтисоди Тоҷикистон нерў физояд. Ба ин далел, баъзе аз сокинони Тоҷикистон гуфтанд, ки ба ҷойи ин ҳама харҷи маболиғи бузург ҳукумат бояд барои мардум шуғли бештаре фароҳам кунад, то шумори бекорон коҳиш ёбад.

Тарҳҳои иҷрошуда

Коршиносон сохтмони хатти интиқоли барқи 220-килувотии Сангтўда- Пулихумрӣ ва сохтмони роҳи мошингарди Душанбе- Ваҳдат-марзи Қирғизистонро аз тарҳҳои иҷрошудаи иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2011 медонанд. Роҳи мошингарди Душанбе- Ваҳдат- марзи Қирғизистон ба андозае вобастагии Тоҷикистон ба роҳҳои тронзитии Узбакистонро кам кардааст. Ин роҳ имкон медиҳад, Тоҷикистон молу колоҳояшро аз Русия ва Чин тавассути Қирғизистон ворид кунад. Хатти интиқоли барқи 220-килувотии Сангтўда - Пулихумрӣ низ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар фасли гармо нерўи барқи изофии худро ба Афғонистон фурўшад.

"Сохтмони «Роғун» як сол қафо монд"

Аммо бештари тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон, ки давлат мехост онҳоро иҷро кунад, иҷро нашуданд ва муҳиммтарини онҳо садбандии тарҳи азими нерўгоҳи "Роғун" аст. Мақомоти Тоҷикистон қасд доштанд, ки бастани садди обанбори «Роғун»-ро дар охири соли 2011 шурўъ кунанд. Давлат интизор дошт, ки аз Бонки Ҷаҳонӣ, ки бозрасии фаннию иқтисодию зистмуҳитии ин тарҳро анҷом медиҳад, барои сохтмони садди 125-метраи нерўгоҳи «Роғун» то анҷоми сол иҷоза ёбад.

Пўлод Муҳиддинов, муъовини вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон, дар баҳори соли равон эълом дошт, ки давлат ҳамагуна имконот барои сохтмон ва ба кор андохтани ду чархаи ин нерўгоҳи азимро дар ихтиёр дорад. Оқои Муҳиддинов он замон гуфт, ки Тоҷикистон ба сохтмони садди обанбори ин нерўгоҳ дар айёми камобӣ дар фасли сармо дар моҳи декабр оғоз хоҳад кард.

Аммо Теодор Алерс, раиси умури истротежӣ ва амалиёти Бонки Ҷаҳонӣ дар Урупо ва Осиёи Марказӣ, дар оғози моҳи декабр, пас аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, ки ин кишвар қасди оғози бастани маҷрои рўдхонаи Вахш ва бунёди садди обанбори «Роғун»-ро надорад. Коршиносони маҳаллӣ гуфтанд, ки бо ин изҳорот сохтмони ин нерўгоҳ барои як соли дигар ба таъхир андохта мешавад, ки ин маънои як сол дертар аз бўҳрони энержӣ раҳо ёфтани Тоҷикистонро дорад.

Идеи фаъъолсозии корхонаҳои бекор

Камбуди барқ на танҳо ба вазъи иҷтимоъӣ, балки ба вазъи иқтисодии кишвар низ латма зада, боъиси аз фаъъолият мондани корхонаҳои санъатӣ шуд. Ҳамасола дар фасли тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор беш аз 40 дарсади корхонаҳо ба далели набуди нерўи барқ аз кор бозмемонанд. Ба ин далел, мизони тавлидоти дохилӣ танҳо дар фасли тобистон боло мешавад.

Бо ин ҳама, дар оғози баҳор Эмомалӣ Рамон ба мақомот барои фаъъол кардани корхонаҳое, ки пештар моли давлат буданду замони истиқлол хусусӣ шуданд ва ҳоло кор намекунанд, суфориш дод. Бар тибқи гуфтаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бояд корхонаҳое, ки пас аз хусусӣ шудан фаъъолият накардаанд, дубора миллӣ шаванд. Аммо соли 2011 ба охир расиду дигар мақомот дар ин маврид чизе эълом накарданд.

Расми ғариби кушоиши «Сангтўда-2»

Расми кушоиши нерўгоҳи «Сангтўда-2» метавонад аз хотирмонтарин ҳаводиси иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2011 бошад. Ҳарчанд навори оғози фаъъолияти чархаи аввали ин нерўгоҳро руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Эрон дар моҳи сентябр буриданд, аммо дертар мақомот иқрор карданд, ки ин нерўгоҳ ҳанўз ба фаъъолият оғоз накарда, ҳатто ягон килувот барқ тавлид накардааст.

Ҳадафи давлати Тоҷикистон ин буд, ки бо ба кор андохтани чархаи аввали ин нерўгоҳ дар остонаи таҷлил аз 20-умин солгарди истиқлол шиддати камбуди барқро коҳиш диҳад. Мақомот танҳо ахиран хабар доданд, ки чархаи аввали ин нерўгоҳ озмуда шуда ва қарор аст дар оғози соли оянда ба тавлиди барқ шурӯъ кунад.

Анҷоми сохтмони тунели "Шаҳристон" низ метавонист аз дастовардҳои иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ бошад. Сохтмони он бояд дар остонаи ҷашни истиқлол ба поён мерасид. Аммо ширкати чинии муҷрии ин тарҳ ба далели пеш омадани мушкилот дар қабатҳои замин иҷрои комили ин барномаро ба соли оянда мавқуф гузошт. Истифода аз ин тунел, ҳамлу нақли колоро дар айёми сармо байни пойтахту шимоли Тоҷикистон таъмин хоҳад кард.

CASA-1000 дар интизори сармоя

Мавзўъи ҷалби сармоя ва наҳваи иҷрои тарҳи CASA-1000, ки интиқоли барқро аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон таъмин мекунад, аз мавзўъҳои доғи иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ буд. Аммо мушкили ҷалби сармоя ба ин тарҳ ҳалли худро наёфтааст. Бар асоси ин тарҳ, дар тўли ин хатти баландшиддат се маркази тақсиму табдили барқ (подстантсия) сохта мешавад ва ҳазинаи ин тарҳ 950 милюн дулор ҳисоб шудааст.

Тоҷикистон дар соли 2010 аз созмонҳои байналмилалии молӣ, назири Бонки Ҷаҳонӣ ва кишварҳои узви Хартияи энержӣ даъват намуд, ки ба сармоягузорӣ дар ин тарҳ бипардозанд. Селим Кунералп, раиси Хартияи энержӣ, гуфт, ки имкон дорад кишварҳои узви ин созмон дар иҷрои тарҳи минтақаии CASA-1000 саҳим бошанд. Бонки Ҷаҳонӣ масъалаи тахсиси 200 милюн дулор сармоя ба ин тарҳро баррасӣ намуда, ҳанўз дар ин маврид натиҷагирии ниҳоии худро эълом накардааст.

Русия эълом намуд, ки барои сармоягузорӣ дар ин тарҳ 500 милюн дулор ихтисос медиҳад. Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки Русия мехоҳад дар ин тарҳ мушорикат варзад ва барқи нерўгоҳи «Сангтўда -1»-ро, ки 75 дарсади саҳомаш моли Русия аст, ба Афғонистону Покистон фурўшад. Ба ин далел, коршиносон истифода аз сармояи Русияро дар ин тарҳ чандон ба манфиъати Тоҷикистон намедонанд.

Коҳиши нархи панбаву олуминиюм: асароти он

Интизориҳои кишоварзони тоҷик аз ҳосили панбаву даромади он дар соли 2011 бароварда нашуд. Ҳарчанд Тоҷикистон имсол барои дувумин бор дар 20 соли охир нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро карда, 412,1 ҳазор тон ҳосил гирифт, аммо пойин рафтани нархи панба дар бозори ҷаҳонӣ мунҷар ба даромади кофӣ нагирифтани кишоварзон шуд.

Нархи панба дар бозори ҷаҳонӣ дар қиёс бо моҳи марти соли 2011 60 дарсад коҳиш ёфтааст. Мақомот мехостанд содироти нахи панба ба бозори ҷаҳониро 60 дарсад афзоиш диҳанд. Аммо омори расмӣ ҳокӣ аз он аст, ки давлат аз ҳисоби нахи панбаи соле пеш дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 121 милюн дулор дар бозори ҷаҳонӣ пахта фурўхтааст.

Нархи олуминиюм, колои дигари содиротии Тоҷикистон, низ дар бозори ҷаҳонӣ то 15 дарсад коҳиш ёфтааст. Ширкати тавлиди олуминиюми Тоҷикистон мавсум ба «Талко» тавлиди олуминиюми хомро ба далели таҷдиди дастгоҳҳои гидролизӣ ҳудуди 17 дарсад коҳиш додааст. Ин корхона қасд дошт имсол 390 ҳазор тун олуминиюм тавлид кунад.

Бохт аз қарордодҳои нафтӣ

Дар ҳамин ҳол, ширкати конодоии «Тетис Петролиюм Лимитед», ки дар ҷануби кишвар ба иктишофи захоири нафту гоз машғул буд, дар тирамоҳи имсол аввалин бушкаҳои нафтро дар ин минтақа истихроҷ намуда, ба фурўш гузошт. Ин ширкат феълан дар шабонарўз 600 бушка нафт истихроҷ мекунад.

Тибқи таҳқиқот, дар ин кон 11,7 милюн бушка нафт ва 16, 1 миллиард метри мукаъаб гоз захира шудааст. Коршиносон гуфтаанд, ки 11,7 милюн бушка нафт ба ҳисоби ҳар бушка 100-дулорӣ ҳам, аз 1 миллиард дулор бештар мешавад. Захираи гози ёфтшуда ҳам бо нархи 250-дулории гози Ўзбекистони ҳамсоя барои ҳар ҳазор метри мукаъабаш аз 4 миллиард дулор бештар мешавад. Аммо тақсими нобаробари саҳом байни ин ширкат ва давлати Тоҷикистон боъиси манфиъати бештар надидани ин кишвар аз дарёфти захираи бузурги нафту гоз шудааст.

Бар асоси қарордоди ҷонибҳо, 100 дарсади маблағи сармоягузорӣ, ки ба 25 милюн дулор баробар аст, аз ин ширкат мебошад ва дар сурати тавлиди гозу нафт 70 дарсади он аз ширкат ва 30 дарсади он моли Тоҷикистон хоҳад шуд. Ба ин далел, истихроҷи нафт натавонист ба рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоъидат кунад.

Бўҳрони маводди сўхтӣ

Тоҷикистон дар соли 2011 бо мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ мувоҷеҳ буд. Мушкили камбуди маводди сўхтӣ тўли сол аз умдатарин мушкилоти иқтисодии Тоҷикистон буд, ки фишори онро ҳар сокини кишвар эҳсос мекард. Бино ба иттилоъи расмӣ, нархи бензин нисбат ба як соли пеш то 60 дарсад боло рафт. Мақомот далели аслии афзоиши нархи маводди сўхтиро дар кишвар афзудани боҷи содиротии Русия донистанд, ки танҳо дар моҳҳои апрел-июн 50 дарсад боло рафтааст.

Ба ин далел, ки 90 дарсади бозори сўзишвории Тоҷикистон ба воридоти маҳсулоти нафтии Русия вобаста аст, ин омил нархи маводди сўхтиро башиддат гарон кард. Дар ҳоле ки дар ибтидои сол нархи як литр бензин 4 сомонию 50 дирам буд, нархи он то 7 сомонию 30 дирам афзуд. Дар пайи афзоиши нархи маводди сўхтӣ нархи кулли маводди ғизоӣ ба далели афзоиши хароҷоти роҳ башиддат гарон шуд. Мизони таваррум афзуд ва пули миллӣ низ устувории қурбашро гум намуд.

Коршиносон пешниҳод карданд, ки ҳукумат бояд роҳҳои олтернотивии таъмини бозори маводди сўхтиро, аз ҷумла тавассути воридот аз Эрону Туркманистон, пайдо кунад. Аммо соли 2011 ба охир расид ва роҳи олтернотивии воридоти маҳсулоти нафтӣ дар кишвар пайдо нашуд. Мақомот интизор доштанд, ки замони сафари Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, ба Душанбе дар моҳи сентябр масъалаи лағви боҷи содиротии маҳсулоти нафтии ин кишвар ба Тоҷикистон ҳал мешавад, вале ин масъала низ ҳал нашуд.

Таваррум ва гаронии нархҳо

Коҳиши қурби пули миллӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ аз мушкилоти дигари иқтисоди Тоҷикистон буд, ки ба нигаронии сокинони кишвар мунҷар шуд. Тўли сол нархи як дулор аз 4,47 сомонӣ то 4,85 сомонӣ афзуд. Ҳатто дар ин муддат дар бархе аз саррофиҳо нархи як дулори омрикоӣ то 4 сомонию 90 дирам афзуд, ки чунин нархи баланди дулор дар таърихи пули миллии Тоҷикистон бесобиқа аст.

Ҷамшеди Юсуфиён, муъовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, гуфт, ки ин бонк чандин милюн дулори нақд аз захираҳояшро вориди бозори асъор кардааст, то устувори қурби сомониро ҳифз кунад. Аммо ин тадобири Бонки миллии Тоҷикистон натавонистанд, пеши тамоюли беқурбшавии сомониро гиранд. Раванди афзоиши қурби дулор дар Тоҷикистон ҳатто замоне, ки дар дунё аз хавфи вуқўъи дефолти фаннӣ дар Амрико қурби дулор коҳиш ёфт, идома кард.

Беқурбшавии сомонӣ дар баробари дулори амрикоӣ дар пай афзоиши нархи маводи ғизо ва дигар анвоъи молу колоро дар бозор ба вуҷуд овард. Нархҳо дар Тоҷикистон баробар бо тағйирёбии қурби дулор ба самти боло ҳаракат мекунанд ва ин мардуми камбизоатро асабӣ мекунад. Дар давоми сол, нархи маводи ғизоӣ аз ҷумла, нархи гўшт 35% гарон шудаву нархи шакару равған ҳудуди 25% боло рафтааст.

Ниҳодҳои иқтисодии Тоҷикистон натавонистанд, мизони таваррумро дар сатҳе, ки Эмомали Раҳмон, раисҷумҳури кишвар муқаррар намуда буд, нигоҳ доранд. Ин дар ҳолест, ки Бонки Осиёи Рушд гуфтааст, ки сатҳи таваррум дар соли 2011 ба 10,5% мерасад ва аммо Сандуқи байнулмилалии пул пешбинӣ кардааст, ки ин нишондиҳанда 13,5% -ро ташкил хоҳад дод.

Таҳдиди ҷиддии бўҳрони қарз ба Тоҷикистон

Бо ин вуҷуд, ки дар маҳофили иқтисодии Тоҷикистон аз паёмадҳои нохуби афзоиши мизони қарзи беруна ҳадс мезаданд, ин нишондиҳанда тамоюли афзоишашро идома дод. Мизони қарзи берунаи Тоҷикистон дар имсол, аз марзи 2 миллиарду 100 милюн дулор убур кард. Ин дар ҳолест ки ба қавли коршиносон, Тоҷикистон имкони бозпардохти қарзи берунаро анқариб ки надорад. Аммо бо ин ҳол, вазорати молияи Тоҷикистон санадеро таҳти унвони «Барномаи давлатии ўҳдадориҳои ҷумҳурӣ барои солҳои 2012-2014» таҳия кард, ки порлумон тасвиб намуд.

Бар пояи ин санад, ҳамакнун вазорати молияи Тоҷикистон ҳақ дорад дар давоми се соли оянда боз 1 миллиарду 241 милюн дулор қарз бигирад. Аммо коршиносон мегўянд, ки ин қарзҳо оқибат бар сари Тоҷикистон мушкилоти ҷиддие хоҳанд овард. Ба қавли иқтисоддон Ҳоҷимуҳаммад Умаров, мақомот вақте нигарон хоҳанд шуд, ки мўҳлати пардохти қарзҳои хориҷии Тоҷикистон фаро расад ва тавони бозгардони онро давлат надошта бошад.

Порлумон обу ҳаворо пулакӣ кард

Бо вуҷуди чунин мушкилот порлумони Тоҷикистон тарҳи қонунеро дар соли ҷорӣ қабул кард, ки ҳадаф дорад ҳатто обу ҳаворо пулакӣ кунад. Дар соли 2011 ин қонун заминаҳо барои ба иҷора гирифтану фурўши ҳаво, замин ва сарватҳои зери он, обу фазою ҳаво, олами набототу ҳайвонот, захоири табиъӣ ва дигар моликияти давлатиро фароҳам кард. Ин тағйирот бо вуҷуди мухолифати бархе аз вакилон ба “Қонун дар бораи консессияҳо” ворид карда шуд. Бар пояи ин қонун, ҳар шаҳрванд метавонад роҳ ва ҳатто обу чашмаро ба иҷора гирифта, ба мисли роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ пулакӣ кунад.

Муҳоҷирон - гардонандаи чархи иқтисод

Ин ҳама дар ҳолест, ки вазъи иқтисод ва зиндагии сокинони Тоҷикистон дар соли 2011 ба маблағҳои муҳоҷирони корӣ дар хориҷ аз кишвар вобаста боқӣ мондааст. Бино ба итилоъи Бонки марказии Русия, дар нимаи аввали соли 2011 муҳоҷирони кории тоҷик аз ин кишвар беш 1,2 миллиард дулор интиқол додаанд ва тибқи ҳисобҳои ин бонк, ин маболиғ дар тўли сол беш аз 2 миллиарду 600 милюн дулорро ташкил хоҳад дод.

Ин дар ҳолест, ки ҳаҷми тавлидоти нохолоси миллии Тоҷикистон дар тўли 6 моҳи аввали сол муъодили 2,3 миллиард дулорро ташкил додааст. Созмонҳои байналмилалии молӣ низ маблағҳои интиқолии муҳоҷиронро аз омилҳои асосии рушди иқтисоди Тоҷикистон ҳисоб мекунанд ва мегўянд ҳаҷми ин маблағҳо дар сол то 45 дарсади маҷмўъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Ба ин далел, маблағхои интиқолии муҳоҷирон гардонандаи аслии чархи зиндагӣ дар кишвар ба ҳисоб мераванд. Коршиносон мегўянд агар ин маблағҳо набошад, вазъи иқтисоди Тоҷикистон боз ҳам бўҳронитар хоҳад шуд.

Аслами Муъминзод, таҳлилгари иқтисодӣ, Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi