10:48:28 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ПРЕЗИДЕНТ: "АНДОЗРО НЕ, АНДОЗСУПОРАНДАҲОРО ЗИЁД КУНЕД"

Раисиҷумҳур гуфт, давлат омода аст, ба соҳибкорон имтиёз диҳад, ба шарте ки даромадҳояшонро пинҳон накунанд. Бино ба гузориши дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нӯҳуми Шӯрои машваратии беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудааст.

/images/stories/2012/04/10_janobi-prezident-1012.jpgБаррасии тарҳи Кодекси андози Тоҷикистон ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилояти ҷануби кишвар аз масъалаҳои мавриди баҳс дар ҷаласа унвон шудааст. Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки давлат омода аст, ба соҳибкорону сармоягузорон имтиёз диҳад, вале дар навбати худ онҳо бояд дар назди давлат масъулияти мутақобил дошта бошанд ва даромадҳои воқеии худро пинҳон накунанд.

Раисиҷумҳур гуфтааст, афзудани маблағи буҷа бояд аз ҳисоби баланд бардоштани меъёри андозҳо не, балки аз ҳисоби зиёд кардани шумораи андозсупорандагон ва  коҳиш додани иқтисоди пинҳонӣ бояд таъмин карда шавад. Бо таваҷҷуҳ ба масъалаҳои мавҷуд дар низоми андозбандӣ ва мушкилоти ҷойдошта, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, тарҳи пешниҳодшудаи Кодекси нави андозро дубора баррасӣ кунанд ва таҳрири нави лоиҳаро бо назардошти дархосту пешниҳодҳои соҳибкорону сармоягузорон ва дигар андозсупорандагон ва шарикони хориҷӣ такмил кунанд.

Соҳибкорон дар Тоҷикистон аз навъҳои зиёди андоз ва дарсади андоз шикоят доранд ва онҳоро “ҳалқадаваки дор” барои бизнес меноманд. Ин сабаб гаштааст, ки дар бархе аз ширкатҳо ҳисобукитоби дугона вуҷуд дорад - яке барои ҳақиқат ва дигаре барои Кумитаи андоз. Талоши тағйир ва ислоҳи Кодекси андоз ва ҳам ҷорӣ кардани сиёсати “Равзанаи ягона” дар Тоҷикистон бо тавсия ва сармоягузориҳои бузурги созмонҳои молиявии байнулмилалӣ ҷараён мегирад. Мақсад аз онҳо рушди бахши хусусӣ ва аз ин роҳ кӯмак ба пешрафти иқтисодии Тоҷикистон аст.

Гурӯҳи кории таҳияи қонуни нави андоз бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2010 таъсис ёфта буд.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 06.09.2012 15:20
salom hoziram ay andozhoi mo ser nashudaand ki boz mexohand andoz suporon ziod shavad. chashmi odamiro juz xok ser namekunad meguyand rost ast . alhag ki rost ast
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi