13:14:36 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИМКОНИ КОҲИШИ РУШДИ ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ ҶОРӢ

Дар соли ҷорӣ мизони рушди тавлидоти нохолиси дохилии Тоҷикистон дар муқоиса бо соли гузашта 2 дарсад коҳиш хоҳад ёфт. Ин нукта дар гузориши "Тавсеъаи Осиё дар соли 2012"-и Бонки Тавсеъаи Осиёӣ (БТО), ки рӯзи чаҳоршанбеи 11 апрел дар дафтари ин бонк дар шаҳри Душанбе муъаррифӣ гардид, таъкид шуд.

/images/stories/2012/04/11_adb-1112.jpgҲамзамон, дар ин гузориш мизони таваррум дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 8,5-9 дар сад пешбинӣ шудааст. Ин рақам дар соли гузашта 12,5 дар садро ташкил додааст. Қаҳҳор Аминов, иқтисоддони дафтари БТО дар Тоҷикистон, эҳтимоли афзоиши мизони таваррум дар ин кишварро ба болоравии қимати нерӯи барқ, афзоиши арзиши маводди сӯхт ва маводди ғизоӣ марбут хонд.

Ҳамчунин, ба эътиқоди оқои Аминов, баргузории ҷашнҳои бошукӯҳ, аз ҷумла, таҷлил аз 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, ба афзоиши мизони таваррум дар ин кишвар мусоъидат кардааст. Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносони масоили иқтисодӣ пешбиниҳои Бонки Тавсеъаи Осиёиро мабнӣ ба сатҳи рушди тавлидоти нохолиси дохилӣ ва мизони таваррум хушбинона арзёбӣ карданд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин коршиносон, дар канори афзоиши қимати нерӯи барқу маводди сӯхт, қатъи интиқоли гоз аз Узбакистон ва "муҳосираи иқтисодии" Тоҷикистон аз ҷониби ин кишвар метавонад дар чигунагии раванди рушди иқтисод ва таваррум асароти ҷиддӣ гузорад.

Гуфта мешавад, камбуди гози табиъӣ ба мутаваққиф шудани фаъъолияти корхонаи "Тоҷиксемент" анҷомида ва имкон дорад ба коҳиши ҷиддии тавлиди олуминиюм дар корхонаи "Талко" мунҷар шавад. Қатъи ҳаракати қаторҳо ба манотиқи ҷануби Тоҷикистон тавассути роҳи оҳани Узбакистон боъиси коҳиши мизони содироти меваю сабзиҷот аз вилояти Хатлон ба Русия ва кишварҳои дигари мустақилли муштаракулманофеъ хоҳад шуд.

Дар ниҳоят, ин авомил мумкин аст дар иҷрои бахши даромади будҷеи Тоҷикистон ва сатҳи зиндагии мардум асароти номатлуб дошта бошад. Ҷоҷӣ Токешӣ, раҳбари дафтари БТО дар Тоҷикистон, ба навбаи худ гуфт, ки рушди муназзами кишоварзӣ ва ироаи хадамот дар Тоҷикистон дар соли гузашта ин ниҳодро ба рушди иқтисоди ин кишвар дар соли ҷорӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маводди ғизоии дохилӣ хушбин кардааст.

Ба эътиқоди оқои Токешӣ, барои раҳоӣ аз вобастагии иқтисоди Тоҷикистон ба фаъъолияти корхонаҳои бузурги санъатӣ ин кишвар бояд корхонаҳои кӯчаку мутавасситро тавсеъа диҳад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, ҳоло саҳми бахши хусусӣ камтар аз 50 дар сади тавлидоти нохолиси дохилиро ташкил дода ва мизони сармоягузории хусусӣ дар иқтисод ҳудуди 5 дар сад аз ин тавлидот аст.

Дар ҳамин ҳол, масъулони дафтари БТО дар Тоҷикистон гуфтанд, ки имкон дорад дар тӯли соли ҷорӣ бо таваҷҷӯҳ ба таҳаввулоти сиёсию иқтисодӣ дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон дар арқоми пешбинишудаи Тавлидоти нохолиси миллӣ ва мизони таваррум дар Тоҷикистон таҷдиди назар шавад.

Ҳамкории Бонки Тавсеъаи Осиёӣ бо Тоҷикистон дар соли 1998 шурӯъ шуда ва дар ин муддат ин ниҳоди молӣ ба Тоҷикистон ба миқдори 860 милюн дулори омрикоӣ бидеҳиҳои ботахфиф, кумакҳои билоъивази молӣ ва фаннӣ ироа кардааст. Ҳамакнун БТО барои тармиму бозсозии роҳи утумубилрави Душанбе-Турсунзода, дар ғарби Тоҷикистон, ба миқдори 120 милюн дулор кумаки билоъивази молӣ ихтисос додааст.

Ҷоҷӣ Токешӣ, раҳбари дафтари БТО дар Тоҷикистон, гуфт, ки ин ниҳод дар садад аст тарҳҳои бузурги минтақаӣ, аз ҷумла роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва эҳдоси лӯлаҳои гозро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор диҳад. Оқои Токешӣ гуфт, тарҳҳое, ки иҷрои онҳо аз лиҳози фаннӣ ва молӣ имконпазир буда ва ба тавсеъа дар минтақа мусоъидат хоҳад кард, мавриди таваҷҷӯҳи БТО қарор хоҳанд гирифт.

Би-Би-Си



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 06.09.2012 17:16
salom. man az shumo barin korshinoson taajub mekunam bo in gapjo va korshinosiaton. oxir tjk kay rushdi iktisodi doshtaast ki holo ru ba kohish boshad?
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi